Чароҳии бемузд ба маризони камбизоати гирифтори бемориҳои дил

Июл 25
11:55 2017

Бо мақсади дасти ёрӣ дароз намудан ба оилаҳои эҳтиёҷманд ва таъмин намудани зиндагии солим ба маризони камбизоат, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдор, иқдоми табобат ва ҷароҳии бемуздро рӯи даст гирифтааст.

Бо ин мақсад чанде қабл дар вилояти Суғд ҷиҳати гузаронидани ҷароҳии ройгон ба 25 нафар шахсони имтиёздошта, (20 нафар беморони гирифтори нуқсони модарзодии дил ва 5 нафар бемори гирифторшудаи нуқсони дил)- маҷмӯи маводи ҷароҳии гаронарзиши дил харидорӣ ва дастраси табибон гардонида шудааст.

Ҷиҳати дастраси беморони эҳтиёҷманд намудани дорувориҳо гурӯҳи корӣ иборат аз 11 нафар ташкил карда шуд.

Дар доираи ин иқдом таи санаҳои 13-21 июли соли равон, ду нафар бемори гирифтори маризии дил, бо ҷароҳии «Пластикаи нуқсони тавораи байнидаҳлезӣ» ба ҳаёти солим баргардонида шуданд. Айни ҳол чунин иқдом идома дошта, бобати дарёфт ва бақайдгирии беморони эҳтиёҷманд гурӯҳи корӣ  фаъолият мебарад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 101
  • 288
  • 100,265