Чорабинии тантанавӣ бахшида ба рӯзи «Иди касбии кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба рӯзи «Иди касбии кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Август 19
21:21 2017

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино бахшида ба иди касбии кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашни 1037 – солагии олим, файласуф ва ҳакими тоҷик Абӯалӣ ибни Сино ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Насим Олимзода – вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода – сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қодири Қосим – раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Гулназар Келдӣ -шоири халқии Тоҷикистон, Игорь Поканевич – роҳбари намояндагии доимии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон, Саида Умарзода -муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Холзода Абдулҳаким – директори Агентии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Алиҷон Ғоибов – Президенти Академияи илмҳои тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ғиёсуддин Мироҷов – академики Академияи илмҳои тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Набиҷон Ҳомидов – узви вобастаи Академияи илмҳои тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон, инчунин роҳбарон ва намояндагони марказҳои ташхисиву табобатии зерсохтори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинии мазкур ба аҳли ҷамъомад тарики навори видеоӣ аз ҳаёт ва рӯзгори олимон, собиқадорон ва чеҳраҳои намоёну барчастаи илми тибби тоҷик маълумот пешниҳод гардида дар рафти он суханони табрикотии роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.

Инчунин зимни баргузории чорабинии тантанавӣ бахшида ба рӯзи кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба олимон, собиқадорон ва чеҳраҳои намоёну барчастаи илми тибби тоҷик туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 21
  • 400
  • 190,065