ЧОРАБИНӢ БАХШИДА БА РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ БЕМОРИИ СИЛ

Март 29
10:52 2013

Дирӯз дар толори «Кохи Ҷомӣ»-и пойтахт чорабинии бузурги маърифатию фароғатӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ муовини вазири тандурустии кишвар Аъзамҷон Мирзоев, сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиот, сарвари намояндагии Дафтари минтақавии аврупоии ТУТ дар Тоҷикистон Павел Урсу, сарвари Намояндагии Хазинаи Глобалӣ Тедла Мизимер, роҳбари  Намояндагии Агентии ИМА оид ба Рушди байналмилалӣ (ЮСАИД) Катлин Мак-Доналд ширкат доштанд.

Ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳӣ муовини вазири тандурустӣ Аъзамҷон Мирзоев оғоз намуда, аз ҷумла қайд кард, ки «Хушбахтона, солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ бо дастгирии шарикон чораҳои зиёде амалӣ гардонида шуданд ва имконият фароҳам омад вазъи эпидемиологӣ нисбати бемории сил зери назорат гирифта шавад»

Аз ҷониби Вазорати тандурустӣ,  Кумитаи Иттифоқҳои касабаи кормандони тибби Тоҷикистон, лоиҳаи ЮСАИД «Тандурустии босифат»,  лоиҳаи «Муошират дар бораи ВИЧ/СПИД», лоиҳаи «Каритас Люксембург» табибону ҳамшираҳои оилавӣ, мутахассисони беҳтарин бо мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд.

Вазорати тандурустӣ ва Маркази мубориза бар зидди бемориҳои сил як қатор мутахассисони беҳтарини соҳаи сил, озмоишгоҳ ва КАТС-ро бо мукофотҳои махсус – пайкарачаҳои рамзӣ қадрдонӣ кард. Кумитаи Иттифоқҳои касабаи кормандони тибби Тоҷикистон   низ якчанд табибони силшиносро бо Ифтихорномаи якҷояи Вазорати тандурустӣ ва Кумитаи Иттифоқҳои касабаи кормандони тибби Тоҷикистон сазовор гардонид.

Аз ҷониби лоихаи ЮСАИД «Тандурустии босифат» 16 нафар табибони силшинос, озмоишгоҳ ва КАТС, табибону ҳамшираҳои оилавӣ мукофтонида шуданд.

Моҳи январи соли равон аз тариқи ҳафтаномаҳои «СССР», «Азия Плюс» ва сомонаи интернетии Вазорати тандурустӣwww.moh.tj  барои беҳтарин маводи телевизионӣ, радиоӣ, матбуоти даврӣ ва интернетӣ дар мавзӯи бемории сил озмуни рӯзноманигорон эълон гардида буд. Комиссияи босалоҳият ҳамаи маводҳои пешниҳодшударо баррасӣ карда, ба хулосае омад, ки  озмун то  18 август – рӯзи табибон  давом ёфта, рӯзноманигорон барои  ишғол кардани ҷои аввал қувваозмоӣ намоянд.

Якчанд нафар рӯзноманигорон барои маводҳои хуб бо мукофотҳои молӣ қадрдонӣ шуданд. Барои маводи хуби телевизионӣ – корманди Муассисаи давлатии «Телевизиони Ҷаҳоннамо» Зебуннисо Рустамова, маводи радио – корманди радиои«Тоҷикистон»  Идигул Раҷабова, маводҳои матбуотӣ – корманди ҳафтаномаи «Минбари халқ» Алиҷон Ҷӯраев, корманди ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон»  –  Сайфиддин Суннатӣ, маводҳои интернетӣ – корманди АМИТ Ховар Кристина Эрлих ва омӯзгор Парвина Маҳмудзода мукофот гирифтанд.

Дар чорабинӣ ҳамчунин викторинаву бозиҳо баргузор гардида, наворҳои иттилоотӣ намоиш дода шуданд, ки барои боло бурдани сатҳи маърифатнокии мардум дар бобати пешгирӣ ва табобати бемории сил аҳамияти бузург доштанд.

Дар назди ҳозирин сарояндагони шинохта ва  ҳунармандони маъруф ҳунарнамоӣ карда, бо сурудҳои хубу марғуб ва саҳнаҳои ҷолиб хотири ҳамагонро шод гардониданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 1
  • 80
  • 291
  • 75,544