ЧӢ ТАВР КЎДАКРО ДУРУСТ ҒИЗО ДОДАН ЛОЗИМ АСТ?

Май 26
15:31 2015

Таваллуди кўдак – воқеаи муҳим дар оила буда, хурсандиву хушнудии зиёд барои волидон мебошад. Аз пайдо шудани кўдак дар олам саволҳои алоқаманд ба ғизогирӣ, рушду инкишофи ҷисмонӣба таври дуруст, ҳолати саломатӣва таълиму тарбия пайдо мешаванд.

 

 

Афзалятнокии синамаконӣ

         Шири модар аз ҳама ғизои беҳтарин барои кўдак дар моҳҳои аввали ҳаёт мебошад. Дар таркиби шири модар тамоми моддаҳои  зарурӣ барои рушду инкишофи дуруст, дастгирии солимӣ, ки ба осонӣ навзод ҳазм мекунад, мавҷуд аст. Танҳо дар таркиби шири модар омилҳои муҳофизатӣ мавҷуданд, ки кўдакро аз ҳар гуна бемориҳо, ба монанди сирояти шадиди роҳҳои нафас ва сирояти шадиди меъдаю рўда  муҳофизат мекунанд.

Нақши муҳимро худи ҷараёни синамаконӣ мебозад, ки дар байни модару кўдак алоқамандии хоси бемислро пайдо мекунад.

 

Таъсироти синамаконӣ дар рушду инкишофи кўдак

         Синамаконӣ ба ҳолати саломатии кўдак дар синни хурдсолӣ ва дар синни наврасӣ таъсироти мусбӣ мерасонад, ки ин ба таври илмӣ тасдиқ шудааст:

  • Кўдаконе, ки шири синаи модарро истеъмол кардаанд на танҳо бо инкишофи хуби ҷисмонӣ фарқ мекунанд, балки бо чусту чолокӣ, оромӣ ва осудагӣ, ғамхорӣ, меҳрубонӣ нисбати модарон ва дигар шахсон фарқ мекунанд ва дар оянда худашон волидони ғамхору меҳрубон мешаванд.
  • Ҳангоми ғизогирии сунъӣ бисёртар кўдакон ба бемориҳои музмини меъдаю рўда, бемории қанд, фишорбаландӣ, бемории ишемикии дил гирифтор мешаванд.
  • Кўдаконе, ки дар моҳҳои аввали ҳаёт ғизои сунъӣ гирифтаанд бисёр вақт ба ҳасоссият (алергия) ва фарбеҳшавӣ гирифтор мешаванд.

Синамаконӣ ва модари солим

  • Ба ҳолати саломатии модар синамаконӣ таъсироти мусбӣ мерасонад.
  • Ҳангоми макидани сина ҳормони окситатсин пайдо мешавад, ки кашишхўрии бачадонро зиёд менамояд ва модарро аз хунравии баъди таваллуд эмин медорад.
  • Синамаконӣ омили муҳими пешгирии ҳомиладоршавии бемаҳали зан дар ҳамин давра ба ҳисоб меравад.
  • Занҳое, ки тифлашонро сина медиҳанд камтар ба бемориҳои саратони ғадуди сина, тухумдон ва бачадон гирифтор мешаванд.
  • Рафти синамаконӣ ҳамчунон таъасироти мусбат ба ҳолати эмотсионалии модару кўдак расонда, байни онҳо робитаи зичи дурударозро барпо менамояд.

 

 

 

0-6 МОҲА

        Танҳо шири модар: чи хел ва барои чӣ?

 

 

Навзоди солиме, ки шири модарро истеъмол мекунад набояд дигар намуди ғизоҳои иловагиро аз ҷумла нўшидани об, чой, маҳлули глюкозаро то 6 моҳагӣ истифода барад. Шири модар ба пуррагӣ талаботи кўдакро бо об ҳатто дар рўзҳои гарм таъмин менамояд.

Бо назардошти он, ки шири модар манбаи асосии маводи ғизоӣ барои рушду инкишофи дурусти кўдак ва муҳофизати он аз бисёри бемориҳо мебошад, синамакониро то 2 солагӣ ё зиёдтар давом додан лозим аст. Бисёр муҳим аст, ки синамакониро дар рўзҳои гармии тобистон, дар ҳолати бемории кўдак, бахусус ҳангоми бемориҳои шадиди меъдаю рўда ва инчунин эмгузаронии профилактикӣ давом додан лозим аст.

 

Нақшаи ғизодиҳии мувофиқ:

Танҳо шири модар!

         Тавсияҳо:

  • Ғизогирӣ танҳо бо шири модар!
  • Вақти якҷоя будан бо кўдакро зиёд намоед, мисол кўдакро зуд-зуд дар даст гиред ва ба оғўш кашед!
  • Кўдакро бо хоҳиши худаш, на кам аз 8-12 маротиба дар як шабонарўз ва ҳатман шабона 1-2 маротиба сина додан лозим аст!

 

6-12 МОҲА

 

               Усулҳои воридкунии ғизои иловагӣ.

 

Дар 6 моҳи ҳаёт кўдаки Шумо серҳаракат мешавад ва ба ў зиёдтар витаминҳо, маводҳои минералӣ ба хусус оҳан лозим аст. Аз ин сабаб ба кўдак ғизои иловагӣ додан лозим ва муҳим аст, ки ин ҳолат барои кўдак бояд бе ягон мушкилӣ амалӣ гардад. Одатан ғизои иловагиро аз пюреи сабзавотӣ шурўъ мекунанд.

Ҳангоми ғизои иловагӣ додан қоидаҳои зеринро риоя намоед:

  • Эҳтиёткорона (аз ним қошуқчаи майда шурўъ кунед, ба ҳолати кўдак нигариста ҳаҷмашро зиёд намоед); Ҳангоми додани пюре ба якчанд аломатҳое, ки дар кўдак дар давоми 4-5 рўз пайдо шуданашон мумкин аст, аҳамият диҳед – дар пўсти бадан пайдо шудани сурхчаҳо, дигаргун шудани фазла, яъне пайдо шудани дарунравӣ ё сахт шудани шикам – қабзият).
  • Ғизои иловагӣпеш аз синамаконӣ дода мешавад.
  • Ғафсии хўрок бояд чунон бошад, ки дар он қошуқча оҳиста – оҳиста ғарқ шавад;
  • Ҳаҷми кофии ғизои иловагӣ  бояд 35 – 40 қошуқчаи майда ё 180-200гр бошад;
  • Ҳар як ғизои иловагии навро алоҳида додан лозим аст.
  • Ғизои иловагӣ бояд пеш аз истеъмол намудан тайёр карда шавад.

 

 

Нақшаи ғизодиҳии мувофиқ:

                                      Шири сина доданро идома диҳед!

Ба кўдак дар як рўз  3 ғизои иловагӣ диҳед агар шири модар истеъмол кунад ва 5 маротиба дар як рўз ба кўдаконе, ки шири модар истеъмол намекунанд.

 

    Тавсияҳо:

  • Саривақт воридкунии ғизои иловагӣ – аз синни 6 моҳагӣ!
  • Оҳиста-оҳиста ғизодиҳиро зиёд намоед! Дар ҳар маротибаи ғизодиҳӣ ба кўдак як қошуқча ғизо зиёдтар диҳед то он вақте, ки кўдак ҳаҷми муқаррар гардидаро истеъмол накунад.
  • Чой надиҳед! Аз шири модар, оби ҷўшонидашуда ё афшурдаи мева истифода баред.

 

Менюи тахминии кўдаки 6 моҳа

 

Меню тахминии кўдаки 7 моҳа

 

Шири модар мутобиқи талаботи

кўдак

Шири модар мутобиқи талаботи

кўдак

Пюреи картошкагӣ аз 1-2  қошуқчаи майда сар карда ҳар рўз  1-2 қошуқчагӣ зиёд намоед, бо 0,5- 1 қошуқчаи майда равғани растанӣ, дар муддати 2 ҳафта миқдори пюреро то 200гр расонида, баъдан ба кўдак пюреи омехта (картошка, сабзӣ, карам, каду, шалғам, лаблабу) додан лозим аст.Пюреи сабзавотӣ 200 гр. (40 қошуқчаи майда)бо 1 қошуқчаи майда равғани растанӣ (3-5гр), зардии тухмро[1] аз 1/8 оғоз намуда, дар 1 ҳафта 2 маротиба дода мешавад. Шарбати мева (себи кабуд) аз 1-2 чакра оғоз намуда то 10 мл (2 қошуқчаи майда) расонида мешавад.

 

 Шавла (биринҷӣ, марҷумакӣ, ҷавӣ) бо об ҷўшонидашуда ё ки бо шири модар омехта карда шуда медиҳанд. Шавларо низ, аз 1 қошуқчаи майда сар карда, ҳар рўз зиёд менамоед – дар 1 моҳ 150 – 200гр (35-40 қошуқча) + 3-5 гр равғани маска

 

Менюи тахминии кўдаки 8 моҳа

 

Меню тахминии кўдаки 9 моҳа
Шири модар мутобиқи талаботи

кўдак

Шири модар мутобиқи талаботи

кўдак

Пюреи сабзавотӣ  150 – 200 гр. (15 – 20  қошуқи калон), равғани растанӣ 3-5гр, зардии тухм ¼ дона.Шарбати мева (себи кабуд) аз 20-40 мл (4-8  қошуқчаи майда).Шўрбои сабзавотии гўштӣ аз 50 гр + Пюреи сабзавотӣ 140 гр. (14 қошуқи калон), равғани растанӣ 3-5гр, зардии тухм ¼ дона.Шарбати мева (себи кабуд) аз 50 мл (10  қошуқчаи майда), гўшти қимма (аз гўшти гови бе равған ва бе устухон) аз 0,5 – 1 қошуқи майда .
Шавла (биринҷӣ, марҷумакӣ, ҷавӣ) бо об ҷўшонидашуда 180 – 200 гр – 4 гр равғани маска, афшурдаи мевагӣ (себи кабуд) аз 0,5 қошуқчаи майда оғоз намуда то 10-20 гр (1-2 қошуқи калон) расонида мешавад.Шавла (биринҷӣ, марҷумакӣ, ҷавӣ) бо об ҷўшонидашуда ё ки бо шири модар омехта карда шуда – 200 гр + 3-5 гр равғани маска, афшурдаи мевагӣ (себи кабуд) 50 гр (10 қошуқчаи майда).
Ҷурғот 180гр (ҷурғотро гарм кунед) Творог аз 5гр (1 қошуқчаи майда) оғоз намуда то 20гр (4 қошуқчаи майда) расонедҶурғот 160гр (ҷурғотро гарм кунед)

Творог 40гр.

  

 

Менюи тахминии кўдаки 10 моҳа

 

Меню тахминии кўдаки 11 – 12 моҳа

 

Шири модар мутобиқи талаботи

кўдак

Шири модар мутобиқи талаботи

кўдак

Шўрбои сабзавотии гўштӣ 50 гр, картошка ва сабзавоти фишурдашуда ё майда кардашуда 120гр, гўшти қиммашуда (мурғ ё гов) 30 гр

+  зардии тухм ¼ дона.Шарбати мева (себи кабуд) 70 мл (13  қошуқчаи майда).

Шўрбои сабзавотии гўштӣ 50 гр, картошка ва сабзавоти фишурдашуда ё майда кардашуда 100гр, ғелаки гўштӣ (фрикаделки, гўшти майдаи кулўлакардашуда)(мурғ ё гов) 50 гр

+  зардии тухм 1/2 дона.Шарбати мева (себи кабуд) 100 мл (10  қошуқи калон).

Шавла (биринҷӣ, марҷумакӣ, ҷавӣ) бо об ё шири модар омехташуда 1 : 1  – 150гр + 5 гр равғани маска. Афшурдаи мевагӣ – 70 гр (13 қошуқчаи майда)Шавла (биринҷӣ, марҷумакӣ, ҷавӣ) бо шири гов 1 : 1  – 150гр + 5 гр равғани маска. Афшурдаи мевагӣ – 100 гр (10 қошуқи калон)
Ҷурғот 160гр, 10-15 гр печени

Творог  40 гр., нони қоқ карда шуда

5 гр.

Ҷурғот 150гр, 10-15 гр печени

Творог аз 50гр., нони қоқ карда шуда 10 гр,

  

 

 

 

 

12-23

МОҲА

 

Чи гуна ва чи намуд ғизо ба кўдак лозим аст дар ин синну сол.

Нақшаи ғизогирии мувофиқ:

Шири сина доданро идома диҳед!

Кўдак бояд дар як рўз 5 маротиба аз дастархони оила хўрок хўрад-3 маротиба ғизои асосӣ ва 2 маротиба ғизои иловагӣ.

 

Тавсияҳо:

  • Ба кўдак хўроки дўстдоштаашро диҳед!
  • Ба кўдак конфет, маводҳои кондитерие, ки аз хамир таёр шудаанд ва нўшобаҳои ширин ва газнок (кола, фанта) надиҳед!
  • Аз намак ҳамроҳ намудан ба хўроки кўдак худдорӣ намоед! Агар дар хўрок намакро истифода баред, пас танҳо аз намаки йоднок истифода бурдан зарур аст!
  • Бо кўдак ҳангоми хўрокхўри бозӣ кунед, бо меҳру муҳаббат, суханони ширин, ё бо дигар роҳҳо кўдакро ҳавасманд гардонед, то ки ў хўрок хўрад!
  • Дар назди кўдак шинед ва бо саброна ба ў дар хўрокхўри кўмак намоед!
  • Ба кўдак танҳо аз зарфҳои шахсии ў хўрок диҳед, қоидаҳои хўрокхўриро аз хурдсолӣ омўзонед.

 

Меню барои мисол
Шири модар – аз рўи талаботи кўдак

 

Шавлаи (биринҷӣ, марҷумакӣ, ҷуворимакка, ҷавӣ) бо шири гов 250гр.+ равғани растанӣ- 6гр., нон-10 гр., тухм – 1/2 дона (2-3 маротиба дар 1 ҳафта) ё атола (ордбирён).

 

Шири гов – 200гр + печени 20гр (4 дона)
  • Шўрбои сабзавотӣ ва гўшт (50-70гр.) – 200гр. нон -10гр., мевагӣ ё афшурдаи мева 100гр., компот аз меваҳои тару хушк – 70гр.

 

  • Ҷурғот-200 гр., печени 20гр (4 дона) ё нони қоқ карда шуда.
  • Шавлаи лубиёгӣ ё биринҷӣ – 250гр., ё пюреи сабзавотӣ + равғани маска 6 гр, нон-10гр., шарбати мева 100гр. Ё творог-60гр.+ҷурғот -200гр, печени-15гр.
 

 

 

 

 

 

24-59

МОҲА

Нақшаи ғизодиҳии мувофиқ:

Ғизогирӣ аз дастархони оилавӣ!

Тавсияҳо:

Ратсиони ғизои кўдакони ин синну сол бояд миқдори кофии ғизоро дошта бошанд. Ба сифати меъёри пуррагии порсия далел он аст, ки кўдакони аз ҳама хурди ин синну сол аломатҳои гушнагиро зоҳир намекунанд, ҳатто вақте, ки ўро розӣ мекунонад, ки боз ягон чиз хўрад. Дар ин синну сол на камтар аз 4 маротиба бояд кўдак хўрок хўрад.

 

Ба кўдак чунин миқдори маҳсулотҳои хўрока лозим аст.

Гурўҳи маҳсулотҳои ғизоӣПорсия (миқдор, ҳисса)
Нон, нони-кулчагӣ6-11
Сабзавот3-5
Меваҳои тару тоза2-4
Шир ва маҳсулоти ширӣ2-3
Ғизоҳое, ки аз сафедаҳо бой ҳастанд (гўшт, моҳӣ, тухм, лубиёгӣ)1-3
Шириниҳо, чарбҳо, равғанҳоБа миқдори кам
 

Ҳаҷми як ҳисса

Нонӣ ва биринҷӣ

Сабзавоту мевагӣ

Шир ва маҳсулоти  ширӣ

Ғизоҳое, ки аз сафедаҳо бой ҳастанд

Шириниҳо,

чарбҳо, равғанҳо

Нон1бурида

(40гр)

Сабзавоти

ҷўшони

дашуда

100грШир250млГўшт, моҳӣ,

ҷигар,

80грШириниҳо60гр
Биринҷи ҷўшони

дашуда

½ косача

(125гр)

 

Сабзавоти тару тоза2-3донаҶурғот200млТухм1донаРавған15-25гр
Кулча2-3 буридаМеваҷот100 грТворог150грЛубиёгӣ1косача  
    Панир15гр    

Дар ин синну сол кўдак бояд 2 маротиба дар як сол витамини А қабул намояд

Хўрокҳоеро бояд истифода бурдан лозим аст, ки дар таркибашон оҳан дошта бошанд

Менюи тахминӣ
Шавлаи (биринҷӣ, ҷавӣ, ҷуворимакка, марҷумак) дар шири гов-255гр+10гр.маска, нон 20гр, 1 тухм, панир 15гр, як пиёла шири гов
Шўрбо бо гўшт 200гр, пюреи сабзавотӣ 70гр + гўшт (котлет, тефтели, буридаи гўшт) 50гр. Салат аз сабзавот ва кабудиҳо-50гр, буридаи нон 40гр, компоти мевагӣ 100мл
Ҷурғот- 200гр+кулча-50гр ё шири гов (ё шарбати мева) бо печени, ё хамирӣ (кулчақанд)
Шавла аз ярма (гандум, ҷав) ё атола (ордбирён) ё творог бо қаймоқ (сметана) ё пюреи сабзавотӣ бо сосиска- 200мг, буридаи нон- 40гр, чойи камранг – 100гр

 

 

Баҳодиҳии инкишофи кўдак.

Дар муддати як соли аввали ҳаёт кўдак хеле тез инкишоф меёбад. Дар 12 моҳи ҳаёт қади кўдак 25 см дароз шуда, вазни бадани ў се маротиба меафзояд. Инкишофи кўдакон гуногун аст. Кўдак метавонад бо як нишондод аз мўҳлат пеш гузарад ва бо дигар нишондод қафо монад. Ин қобили ташвиш намебошад, агар дар модар нобоварӣ ҳосил шавад ба духтури минтақавии кўдакона муроҷиат намояд.

 

Нишондодҳои зеринро санҷед!

  • Вазни бадан ва вазнгирӣ
  • Қад ва қадкашӣ
  • Инкишофи ақлӣ ва асабӣ

 

Мўҳлати санҷиш

Санҷиши аввалДар давоми се рўзи аввали аз таваллудхона ҷавоб шудан; агар дар хона таваллуд шуда бошад, дар 3 рўзи аввали ҳаётДар хона
Санҷиши дуюмДар 14 -рўзагии ҳаётДар хона
Санҷиши сеюмДар 20 – рўзагии ҳаётДар хона
Аз синни 1 моҳа оғоз карда – ҲармоҳаТо 1 солагӣДар Бунгоҳҳои саломатӣ, Марказҳои саломатии деҳотӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрӣ
Дар 3 моҳ як маротибаАз 2 то 3 солагӣДар Бунгоҳҳои саломатӣ, Марказҳои саломатии деҳотӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрӣ
Дар 6 моҳ як маротибаАз 3 то 7 солагӣДар боғчаҳои кўдакона, ё дар Бунгоҳҳои саломатӣ, Марказҳои саломатии деҳотӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрӣ
Дар 1 сол 1 маротибаСолҳои ояндаДар мактаб

 

Давраҳои инкишофи моторика (фаъолияти ҳаракатӣ)

6- 7 моҳа – бо кўмак мешинад

8 моҳа – бе кўмак мешинад

8-9 моҳа – бо кўмак мехезад

7 моҳа – мехазад

9 моҳа – бо кўмак роҳ меравад

11 моҳа – бе кўмак рост меистад

12 моҳа – бе кўмак роҳ мегардад

 

Инкишофи кўдак

 

Дар як моҳагӣ

Кўдак бояд тавонад:

  • Сари худро ба тарафи дасте, ки ба рўяш мерасад, гардонад;
  • Ҳарду дасти худро ба даҳонаш наздик кунад;
  • Бо садо ва овоз таасур зоҳир намояд;
  • Шири синаи модарро макад.

 

Дар синни ШАШМОҲАГӣ

Кўдак бояд тавонад:

  • Сару синаашро бардорад, ба шикам хоб равад;
  • То асбобу анҷоми овезон қад кашад;
  • Асбобу анҷомро ба даст гирад ва онҳоро таккон диҳад;
  • Аз шикам ба пушт хоб равад;
  • Бо ёрии дигарон шинад;
  • Тавассути даст ва даҳон асбобу анҷомро санҷад ва ламс намояд;
  • Садо ва қиёфаи чеҳраро тақлид кунад;
  • Ба номи худ ва чеҳраҳои шинос таасур кунад.
  • Модарашро мешиносад, ҳиҷоҳоро талаффуз менамояд.

 

Дар синни 12 МОҲАГӣ

Кўдак бояд тавонад:

  • Бе дастгирӣ нишинад;
  • Чорғов хазад, мехезад ва роҳ мегардад;
  • Кўшиш намояд ба калимаҳо ва садо тақлид намояд, ба саволҳои оддӣ ҷавоб диҳад, то 8- 10 калимаи оддиро медонад;
  • Садо ва ҳаракатро такрор намояд

(санҷиши дақиқӣ ва таваҷҷўҳ);

  • Бо ду ангушт асбобро бардорад;

(бо ангушти калон ва ангушти дигар);

  • Чунин асбобҳоро ба монанди қошуқу пиёла ба даст гирад ва мустақилона хўрок хўрад ва менўшад.

 

Дар синни дусолагӣ

Кўдак бояд тавонад:

  • Роҳ равад, хезад ва давад;
  • Ба чизҳои номбаршуда ё суратҳо нишон диҳад (мисол: бинӣ, чашм);
  • Ибораҳои на он қадар душворро гўяд (тақрибан аз 15 моҳагӣ);
  • Супоришҳои оддиро иҷро кунад;
  • Бо қалам ё бўр хатҳои каҷукилеб кашад;
  • Ҳодисаҳои оддиро нақл кунад ё суруд хонад;
  • Ба рафтори дигарон тақлид намояд;
  • Ба мустақилона хўрок хўрдан оғоз намояд.
  • 3 намуди гуногуни маводҳоро фарқ менамояд.
  • Қисман либосҳояшро мекашад.
  • Ҳикояи кўтоҳро мефаҳмад.

 

Дар синни се солагӣ

Кўдак бояд тавонад:

  • Роҳ равад, давад, хезад, лағат занад ва ҷаҳад;
  • Чизҳо ва суратҳои умумии маъмулро шиносад ва ба онҳо ишора кунад;
  • Аз калимаҳо ҷумлаҳои мураккаб месозад;
  • Ном ва синну соли худро гўяд;
  • 4 намуд рангҳои асосиро номбар кунад;
  • Санаҳоро фаҳмад;
  • Дар бозӣ чизҳои тасаввур менамудаашро истифода барад;
  • Мустақилона хўрок хўрад;
  • Ҳисси муҳаббат ва рағбаташро изҳор намояд.

 

Дар синни панҷсолагӣ

Кўдак бояд тавонад:

  • Ҳаракати худро ҳамоҳанг созад;
  • Ба ҷумлаҳои пурра ва истифодаи калимаҳои зиёд (10-22) сухан гўяд;
  • Антонимҳоро фаҳмад (ба таври мисол: ғафс-борик, дароз-кўтоҳ);
  • Бо дигар кўдакон бозӣ кунад;
  • Бе кўмаки дигарон либос пўшад;
  • Ба саволҳои оддӣ ҷавоб диҳад;
  • Шуморида тавонад;
  • Мустақилона даст шўяд;
  • Ҳамаи рангҳоро мешиносад;
  • Вазни 2 маводро фарқ менамояд;
  • Озодона бо забони модариаш гуфтугў менамояд;
  • Бо қайчӣ суратҳоро мебурад.

 

 

Тақвими эмгузаронӣ

Номгўи ваксинаҳо

Синну сол

 Эмгузаронии аввалинЭмгузаронии такрорӣ
 ОПВ (зидди бемории фалаҷ)Дар давоми 24 соати аввали ҳаёт,

баъдан дар 2, 3, ва 4 моҳагӣ

Дар синни 12 моҳагӣ

Гепатити ВДар давоми 24 соати аввали ҳаёт 
БСЖ (зидди бемории сил)Дар 3-5 рўзагии баъди  таваллуд.

Пентавалентӣ (АКДС, Hib, гепатити В)Дар синни 2, 3 ва 4 моҳагӣ 
Сурхча ва гулафшон (MR)12 моҳагӣ6 сола
Гулўзиндонак, кабудсулфа ва кузоз (АКДС) 16-22 моҳагӣ
Гулўзиндонак ва кузоз (АДС) 6 сола

 

Эзоҳ:

Пентавалент: ваксинаи зидди бемориҳои кабудсулфа, гулўзиндонак, кузоз, гемофилли типи b, зардпарвини В.

 

ОПВ:    ваксинаи зидди бемории фалаҷ.

БСЖ:    ваксинаи зидди бемории сил.

АКДС:    ваксинаи зидди бемориҳои кабудсулфа, гулўзиндонак,

кузоз.

Нib:    ваксинаи зидди бемории гемофилли типи b.

ГВ:     ваксинаи зидди бемории зардпарвини В.

АДС:    ваксинаи зидди бемориҳои гулўзиндонак, кузоз.

АДС-М:    ваксинаи зидди бемориҳои гулўзиндонак, кузоз (маҳдуд).

MR:    ваксинаи зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон.

 

 



[1] Агар кўдакгирифторињасоссият (алергия) бошад, зардии тухмро намедињанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 105
  • 256
  • 76,375