Шарҳи якҷояи соли ҳафтуми татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020»

Шарҳи якҷояи соли ҳафтуми  татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020»
Ноябр 24
17:20 2017

 

Бо мақсади ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар доираи амалисозии “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2010  тасдиқ гардидааст, имрӯз дар Маҷмааи давлатии “Душанбе Плаза” Шарҳи якҷояи соли ҳафтуми  татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» сурат гирифт.

Дар кори САММИТ намояндагони сохторҳои мухталифи кишвар,   роҳбарияти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони сохторҳои тандурустии шаҳру вилоятҳо ва муассисаҳои ҷумҳуриявии кишвар, профессорону устодони соҳаи тиб, намояндагони Ташкилоти Умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон,  намояндагон оид ба рушд ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ иштирок намуданд.

Дар кори чорабинӣ  дастовардҳои умумӣ ва вазъи  татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода зимни баромади хеш зикр кард, ки таи   соли 2017 дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдодҳои зиёд ба амал омаданд.

Ҳамзамон Насим Олимзода иброз дошт, ки “Таи соли равон миллати тоҷик 25 солагии Иҷлосияи тақдирсози миллатро таҷлил намуд, бо шарофати ин  ҷашни тақдирсоз кормандони соҳаи тандурустии кишвар низ талош намуданд, то ба ҳадафҳои дар пеш истодаи худ бирасанд. Бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтани озмоишгоҳи референсӣ ва корхонаи истеҳсоли дорувории “Суғд Фарм”, ҳамзамон роҳандозӣ гаштани усулҳои нави ташхису табобат, ба фаъолият оғоз намудани шӯъбаи нави пайвандсозии мағзи устухон ва бароҳ мондани ин навъи ҷарроҳии нодир аз ҷумлаи дастовардҳое мебошанд, ки мо тавонистем дар ин соли амалишавии Стратегияи мазкур ба даст оварем. Итминони комил дорем, ки ҷаласаи имрӯза барои ноил гардидан ба дастовардҳои нав ва ҳамкории судманд мусоидат мекунад”.

Игор Поканевич,  роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии  тандурустӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханони ифтитоҳӣ миннатдории хешро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии хоссаи соҳаи тандурустӣ  ва дар заминаи он бароҳ мондани ҳамкории судманд бо шарикони рушд иброз намуд.

Инчунин дар рафти кори Шарҳи якҷояи соли ҳафтуми  татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» бо ҳузури рӯзноманигорон нишасти матбуотӣ низ сурат гирифта, дар рафти он дастовардҳои умумӣ ва вазъи  татбиқи Стратегияи мазкур   мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Инчунин дар рафти кори ҷаласа   намоиши дастовардҳои соҳаи фарматсияи тоҷик ва гиёҳҳои шифобахш, ки айни ҳол коркард мешаванд ба намоиш гузошта шуд.

Ҳамзамон дар кори  ҷаласа масоили гуногуни соҳаи тандурустӣ дар доираи татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» аз ҷумла  дастовардҳо ва мушкилоти татбиқи қисмати «Идоракунӣ», «Хизматрасониҳои тиббӣ» ва «Захираҳо» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар охири кори САММИТ  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, ба шарикони рушд ҷиҳати ҳамкорӣ ва дастгирии доимӣ ба соҳа миннатдории худро байён намуд.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Архив











 border=


 border=


 border=


 border=