Шарҳи якҷояи соли ҳаштуми татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолиии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» баргузор мегардад.

Октябр 29
15:07 2018

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи  иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарҳи якҷояи татбиқи « Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020»-ро бо баррасии мушкилот ва банақшагирии масъалаҳои тандурустӣ барои соли минбаъд ҳамасола баргузор менамояд.

2 ноябри соли равон бо мақсади ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти соҳа дар доираи амалисозии «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2010 тасдиқ гардидааст, дар Муассисаи давлатии «Маҷмааи Душанбе Плаза» Шарҳи якҷояи соли ҳаштуми татбиқи  « Стратегияи миллии солими аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» сурат мегирад.

Бояд гуфт, ки дар кори Саммит намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони сохторҳои тандурустии шаҳру вилоятҳо ва муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, профессорону устодони соҳаи тиб, намояндагони Ташкилоти Умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон, шарикони ҳамкор оид ба рушд, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва доираи васеи рузноманигорон иштирок менамоянд.

Дар чорабинии мазкур дастовардҳои умумӣ ва вазъи татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор мегирад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 7
  • 47
  • 288
  • 100,211