Донишҷӯёни тоҷик аз шаҳри Ухани Чин ба Ватан баргаштанд

Донишҷӯёни тоҷик аз шаҳри Ухани Чин ба Ватан баргаштанд
Феврал 11
07:31 2020

Бо дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон субҳи 11 феврали соли равон соати 6-и субҳ 46 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки дар шаҳри Ухани Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор доштанд,  тариқи ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр”  ба ватан баргардонида шуданд.

Донишҷӯёни мазкур дар “Осоишгоҳи собиқадорони ҷангу меҳнати  “Харангон”-и ноҳияи Варзоб давоми ду ҳафта дар ҳолати карантинӣ фаро гирифта хоҳанд шуд. Бояд гуфт, ки ду гурӯҳ табибон иборат аз 34 нафар  бо навбат ба муоинаи бистаришудагон машғул хоҳанд шуд. Бистаришудагон бо се вақт хӯроки гарм таъмин шуда, ҳамарӯза ҳолати саломатии онҳо 3-4 маротиба муоина карда мешавад.

Ҳамзамон, дар баробари шаҳрвандони аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ватан овардашуда 17 нафар шахсони масъуле, ки онҳоро ҳамроҳӣ намуданд, низ ба ҳолати карантинӣ  фаро гирифта мешаванд.

Маврид ба зикр аст, ки 6 феврали соли равон Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода зимни нишасти матбуотии вазорат ба хабарнигорон гуфта буд, ки рӯзҳои наздик шаҳрвандони Тоҷикистон аз шаҳри Ухани Чин ба Ватан баргардонида хоҳанд шуд.

Бояд гуфт, ки айни замон беш аз 900 нафар шаҳрванди аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон воридгардида дар беморхонаҳои сироятии мамлакат таҳти назорати табибон қарор доранд. Хушбахтона, то кунун дар миёни онҳо сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 115
  • 392
  • 244,933