ҒИЗОИ БЕМОРОНИ СИЛ

Август 17
15:31 2015

Хайров Х.С.

(Маркази ҷумҳуриявӣ оид ба масъалаҳои ғизо)

Барои бемории сил ғизои вобаста ба пайдоиши беморӣ (патогенетикии), энергия дар раванди табобат ва ҳам дар давраи барқароршавӣ аҳамияти муҳим дорад. Дар ҷисми бемор раванди музмини баргарданда мавҷуд буда, хавфи аз нав инкишофи беморӣ ҳамавақт вуҷуд дорад. Хусусияти табобатии ғизои беморони гирифтори сил пеш аз ҳама аз рўи дараҷаи сил, давраи беморӣ ва оризаҳои он муайян карда мешавад.

Вазифаи асосии ташкили ғизои муолиҷавии (парҳезии) барои шахсони гирифтори бемории сил инҳо мебошанд:

– таъмин намудани организм бо ғизои мукаммал (сафедаю карбогидритҳо, витамину моддаҳои минералӣ);

– баланд бардоштани масунияти организм бар зидди сироятҳо ва заҳролудшавӣ;

– меъёрдарории мубодилаи моддаҳо;

– барқароршавии бофтаҳое, ки ҳангоми бемории сил осеб ёфтаанд.

Барои иҷрои ин вазифаҳо ба хўрок бояд миқдори зиёди сафеда (на камтар аз 120-140 г) ворид намудан зарур аст, чунки зиёд сарфшавии он дар беморони сил дида мешавад. Маҳсулоти сафедадори хубҳалшаванда (шир, моҳӣ, тухм, гўшт) тавсия дода мешавад. Ҳамчунин чарбҳои тезҳалшавандаи аз витамини А бой (равғани маска, қаймоқ, саршир) ва аз 3/1 ҳиссааш дар намуди чарби растанигӣ тавсия мешавад. Миқдори карбогидратҳо 450-500 г. Дар ҳолати вазни зиёди бадан истеъмоли карбогидратҳоро то 300-400 г асосан аз ҳисоби тезҳалшавандагон (қанд, асал, мураббо) кам карда мешавад. Ҳангоми авҷгирии раванди бемории сил метавонад ихроҷи барзиёди намакҳои минералӣ (калий, калсий, фосфор, хлорид, натрий) ба вуҷуд меояд, аз ин лиҳоз ба ратсионӣ онҳо маҳсулоти аз ин моддаҳо бойро (шир, панир, ширтуппа, тухм, анҷир, ғулинг, мавиз, маҳсулотҳои гўштӣ ва моҳигӣ, донагиҳо) илова карда мешавад. Дар ҳолати зардобагирии шушпарда намуди (плеврит) эксудативӣ, транссудатӣ, менингити силӣ ва ғ. иловаи намаки ошӣ таъин карда мешавад. Ин гунна парҳез ба зиёдшавии пешобронӣ (диурез), ҷаббидашавии моеъҳое, ки дар ковокиҳо ҷамъ шудаанд, ба пастшавии марҳилаи илтиҳобӣ мусоидат мекунад. Дар ин ҳолат миқдори моеъро то 900-1000 мл кам мекунанд.

Ҳангоми талафоти зиёди хун, қайкунии барзиёд, дарунравӣ, аз ҳад зиёд арақкунӣ бошад миқдори намаки оширо то 15 г/шабонарўз таъин менамоянд.

Нерўи тўшаи хўрок (ратсионӣ) аз хусусияти раванди беморӣ, вазни бадан ва бемориҳои ҳамрадиф вобастагӣ дорад:

– дар ҳолати авҷгирии бемории сил ва бистарӣ 2500-2600* ккал/шабонарўз кифоя аст;

– дар ҳолати ним бистарӣ 2700* ккал;

– ҳангоми сустшави, авҷгирии бемории сил 3000-3400* ккал;

– дар ҳолати сили шушӣ бо раванди музмин (хусусан ҷавонон) калориянокии ратсион 3600 ккал тавсия дода мешавад. Вазни иловагии барзиёди бадан ҳолати беморро беҳтар накарда, балки вазнин менамояд.

Ғизогирии муносиби беморон ба баланд бардоштани иқтидори муҳофизати организм равона карда мешавад. Беморон ба истеъмоли витаминҳо (витамини С, А ва гурўҳи витаминҳо В) ниёз доранд. Бояд ғизоро ҳар 3 соат бо миқдори муайяни ғизо (ҳиссаи хурд) истеъмол намоянд. Миқдори чарбҳои манбааш аз ҳайвонот маҳдуд карда мешавад. Маҳсулоти хамирӣ, гўшт, асал, мавиз ва аз маъдан бойро тавсия карда мешавад. Зарфҳое, ки бемор аз он истифода мекунад, бояд ҷудо карда шуда бошад.

Сили рўдаҳо ба вайроншавии ҷаббиши сафедаҳо, витаминҳо, калсий, оҳан оварда мерасонад. Аз ин лиҳоз вазифаи ташкили ғизо баҳри таъмин ҷисм ба моддаҳои зикргардида равона карда мешавад. Ғайр аз ин ҳангоми заҳролудшавии музмини силӣ чун қоида вазифаи узвҳои ҳозима вайрон мешавад, барои ҳамин ба ратсион маҳсулотҳои тезҳалшавандаро ворид намудан муҳим аст. Ба ин беморон истеъмоли таъомҳои бирён, тез ва душворҳалшаванда манъ аст. Реҷаи ғизогири дар як рўз 5-6 маротиба таин карда мешавад.

Дар мавриди табобати (таъини дорўҳои гурўҳи фторхинолҳо, рифампицин, аминогликозидҳо ва ғ) беморони гирифтори шакли мутобиқгаштаи сил хавфи вазнини ба узви ҷигар мушоҳида карда мешавад. Аз ин лиҳоз, ба шахсони мутассадии алоқаманд ба ташкили ғизогирии беморони сил тавсия дода мешавад, ки истеъмоли чарби ратсионӣ онҳоро таҳти назорат гиранд. Ин тавсия ба беморони ВИЧ/СИЛ низ дода мешавад.

Ҳамин тариқ ба раванди асосии хўроки парҳезӣ дар табобати беморони сил инҳоро қайд намудан мумкин аст:

– ғизои шахсони гирифтори бемории сил бояд баҳри бартараф намудани сохтори бофтаҳои вайроншуда ва баланд бардоштани иқтидори муҳофизати ҷисм равона карда шавад. Номгўи маҳсулотҳои озуқаворӣ ва таомҳо гуногун буда таркиби кимиёвӣ ва нерўи тўшаи хўрок (ратсионӣ) тибқи намуд ва дараҷаи бемории сил мувофиқ бошад;

– реҷаи қатъӣ ва парҳези маҳдудро танҳо ба мўҳлати кўтоҳ таъин намудан мумкин аст (ҳангоми оризаҳо ва авҷгирии беморӣ);

– дар ҳамаи давраҳои табобат (доимӣ (ё) муқимӣ, осоишгоҳӣ, санаторӣ ва дармонгоҳӣ (ё) амбулаторӣ) вобаста ба хусусият ва давраи раванди сил, ҳолати узвҳои ҳозима, мавҷудияти оризаҳо, намуди мутобиқгашта ва бемориҳои ҳамрадиф ғизо бояд тафриқӣ бошад.

Дар муассисаҳои табобатӣ барои беморони сил асосан ғизои стандартӣ бо миқдори зиёди сафеда барои сили шушҳо, устухонҳо, гиреҳҳои лимфатикӣ, буғумҳо мебошад ташкил карда мешавад. Намаки ошӣ (6 г/шабонарўз), ихтилолдиҳандаҳои кимиёвӣ ва механикии меъдаву роҳҳои талхагузарро маҳдуд карда мешавад. Дар ҳолати таъин намудани парҳез ба беморони диабети қанддошта ворид намудани карбогидратҳои озод (қанд) ба тўшаи хўроки (ратсионӣ) онҳо тавсия дода намешавад. Таъомро дар намуди ҷўшонидашуда, дампаз, сингапўхт, майдакардашуда ё нашуда, дар буғ тайёр мекунанд. Ҳарорати ғизо 15-650С. Моеи озод 1,5-2 л. Реҷаи хўрок дар 1 рўз 4-6 маротиба.

Таркиби кимиёвӣ: сафедаҳо 110-120 г (аз онҳо ҳайвонӣ 45-50 г), чарбҳо 80-90 г, карбогидратҳо 250-300 (моносахаридҳо 30-40 г).

а) Гизогирии беморони сил бо қобилияти пастшудаи ангезишии (пазируии) бадан (ё) ботин, камҳаракатии умўмӣ, ҳарорати субфебрилӣ ва ҷараёни сусти беморӣ.

Миқдорисафедаҳо – 100-110 г, чарбҳо – 90 г, карбонгидратҳо – 350 г, нерўи тўшаи хўрок (ратсионӣ)- 2700-2800 ккал, моеъ – 1,5-2,0 л, намаки ошӣ 6 г/шабонарўз, реҷаи хўрок 4-6 маротиба дар як рўз.

Маҷмўи маҳсулот ва воситаҳои коркарди тўхтупазӣ (кулинарӣ):

– таом дар намуди ҷўшонидашуда, дампаз, майдакардашуда ё дар буғ тайёршуда;

–  сабзавоту меваҳои тару тоза ё коркарди гуногуни пўхтупазӣ;

– нон ва маҳсулоти нонӣ аз нави гандуми навъи аъло тайёркардашуда;

– таомҳои якўм ва дуюм аз ярма, лубиё, гўшт ва моҳии беравған, тухм бо коркарди гуногуни таомпазӣ;

– шир ва маҳсулоти ширӣ (ҷурғот, қаймоқ, панир ва ғ.);

– сабзавоту мева ва кабудӣ дар шакли тару тоза ва коркарди гуногуни тўхтупазӣ (кулинарӣ);

– нўшокиҳо – шарбатҳои мевагӣ, буттамевагӣ, сабзавот, ҷўшобаи сабўсӣ, қаҳва, чой, какао.

б) Гизогирии беморони сил дар давраи хурўҷи беморӣ бо таҷзияи зоҳиршавандаи бофтаҳо, падидаҳои зиёди илтиҳобӣ, ки бо ҳарорати баланд ва лоғаршавӣ ҷараён меёбанд.

Парҳез бо мақсадикам намудани равандҳои илтиҳобӣ ва барқарор намудани сохтори бофтаҳои вайронгардида ва баланд бардоштани масунияти (иммунитети) бадан (ё) ботин, ташкил карда мешавад.

Парҳез аз ҷиҳати физиологӣ комилан хушсифат буда, бо миқдори муътадили сафедаҳо, равғанҳо, карбонгидратҳо, баъзе маҳдудкуниҳои намаки ошӣ ва ихроҷи калтси, кислотаи аскорбин ва дигар витаминҳо баназар гирифта мешавад. Коркарди муқаррарии таомпазӣ маҳсулот риоя карда мешавад.

Таркиби кимиёвӣ ва нерў:сафедаҳо – 120 г, чарбҳо – 100 г, карбонгидратҳо – 400 г, калориянокии ратсион – 3000 ккал, намаки ошӣ – 8 г. Моеи озод – 1,5-2,0 л, реҷаи истеъмоли ғизо 5-6 бор дар як рўз.

Маҳсулоту таомҳои тавсияшаванда:нони сафед, сабўсӣ, нони қоқ, кулчақанд, шўрбоҳо дар пиёбаҳои гўштӣ, мурғӣ, моҳигӣ ва замбуруғӣ. Гушти (ҳамчунин моҳӣ, паранда ва ғ.) навъҳои беравған бо коркарди гуногуни кулинарӣ. Шир, нушокиҳои турши ширӣ, панир ва таомҳои гуногуни ширӣ. Тухм дар шакли гуногун ва коркарди гуногуни пўхтупазӣ (кулинарӣ). Сабзавотҳои гуногун дар шакли тару тоза ва коркарди гуногуни кулинарӣ. Ярмаҳои гуногун ва маҳсулоти макаронии ба тарзи гуногун тайёркардашуда. Равғани маска ва наботот. Нўшокиҳо – шарбатҳои мевагӣ, буттамевагӣ, сабзавот, ҷўшобаи сабўсӣ, қаҳва, чой, какао.

в) Гизогирии беморони сил ҳангоми мавҷуд будани падидаҳои рашҳавӣ иртишоҳӣ (экссудативӣ).  Мақсади парҳезкам намудани падидаҳои илтиҳобӣ ва рашҳавӣ иртишоҳӣ (экссудативӣ) ва барқарор намудани равандҳои зарадида (ё) халалёфтаи мубодилавӣ ва умуман ҳолати ҷисм.

Парҳез аз ҷиҳати физиологӣ комилан хушсифат буда бо миқдори муътадили сафедаҳо, равғанҳо ва базе маҳдудкуниҳои карбонгидратҳои оддӣ ташкил карда мешавад. Хўрокро бе намак тайёр намудан лозим аст.

Миқдори сафедаҳо – 100-110 г, чарбҳо – 100 г, карбонгидратҳо – 300-350 г, нерўи тўшаи хўрок (ратсионӣ)-  2700 ккал, моеъ – 1000 мл.  Дар парҳез миқдори калий, магний, моддаҳои чарбхор (липотропӣ) (ширӣ, меваю сабзавот) зиёд карда мешаванд. Таомҳои сўст (ё) бадҳазмшаванда истисно карда мешаванд.

 

 

Намунаи ратсиони 7 рўзаи беморони сил дар ҳолати бистаршуда ё нимбистарӣ

 

ДУШАНБЕ

Наҳори 1 Миқдор (гр., мл) Сафеда Чарб Карбогидрат Энергия
Шавла аз ҷав

150

4,0

6,5

19,3

152,8

Нони гандумӣ (нави 2)

100

7,6

0,9

46,7

234

Моҳии дампаз

180

34,6

4,2

176,4

Тухми обпаз

47

6,1

5,5

0,3

75,2

Чой

200

Шакар

21

21,0

79,6

Наҳори 2 (чошгоҳ)

Шираи  себ

200

1,0

18,2

76,0

Таоми нисфирузӣ

Нахуд шўрбо

350

7,9

4,3

26,3

179

Оши палав (бо гўшт)

250

20,2

10,1

51,2

381,5

Хўриш аз сабзавотҳо

150

1,7

9,4

119,2

Нони гандумӣ (нави якум)

80

6,5

1,0

34,2

176,8

Чой

200

Хўроки пешин

Себ (тару тоза)

120

0,5

0,5

11,8

54,0

Хўроки шом

Кадушўрбои бегушт

200

2,6

2,5

11,6

85,2

Макарони  обпаз

180

6,4

38,3

189,0

Ҳасибчаи обпаз

90

9,4

18,1

203,4

Нони гандумӣ (нави аъло)

100

7,6

0,9

46,7

234

Равғани маска

15

0,1

10,9

0,2

99,2

Чой

200

Пеш аз хоб

Ҷурғот

200

5,6

6,4

8,2

112,0

 

Ҷамъ:

121,8

71,8

343,4

2627,3

СЕШАНБЕ

Наҳори 1 Миқдор (гр., мл) Сафеда Чарб Карбогидрат Энергия
Ширбиринҷ

200

5,8

3,9

36,0

204,5

Нони гандумӣ (нави 1)

120

9,7

1,6

51,4

265,2

Гўшти гови овпаз

80

20

13,6

204,9

Панири қандин

15

1,3

4,2

4,8

61,1

Чой

 = 200

Шакар

21

21,0

79,6

Наҳори 2 (чошгоҳ)

Нўшоба аз ғулинг

200

0,3

0,1

4,4

20,0

Таоми нисфирузӣ

Карамшўрбо  бо гўшт

350

5,6

7,8

14,0

148,3

Оши палав (бо гўшт)

250

20,2

10,1

51,2

381,5

Қимаи дампаз аз гўшти мурғ

60

13,9

15,7

0,1

208

Нони гандумӣ (нави аъло)

130

9,8

3,8

65,9

343,2

Нушоба аз меваи хушккардашуда

200

0,3

0,1

4,4

20,0

Хўриш аз сабзавотҳои тару тоза

150

1,8

0,2

8,1

42,6

Хўроки пешин

Нок

150

0,6

0,4

14,2

63

Хўроки шом

Моҳии дампаз

100

19,2

2,8

98

Картошкаи обпаз

150

4,7

1,2

24,5

103

Нони гандумӣ (нави якум)

100

8,1

1,3

42,8

221

Кулчаи ширмол

20

1,6

1,1

10,7

59,8

Чой

200

Пеш аз хоб

Ҷурғот

200

5,6

6,4

8,2

112,0

 

Ҷамъ:

128,5

74,3

361,7

2635,7

ЧОРШАНБЕ

Наҳори 1 Миқдор (гр., мл) Сафеда Чарб Карбогидрат Энергия
Ширкаду

200

5,8

3,9

36

204,5

Каду

50

0,5

2,1

12,5

Нони гандумӣ  (нави аъло)

130

9,8

3,7

65,9

343,2

Гўшти харгуши обпаз

100

25,9

10,5

198,5

Хўриш аз сабзавотҳои тару тоза

150

1,8

0,2

8,1

42,6

Чой

200

Наҳори 2 (чошгоҳ)

Ҷой

200

Панир

20

2,7

3,6

0,6

46,4

Таоми нисфирузӣ

Хомшўрбо аз гўшти гўсфанд

250

2,3

2,4

10

75,9

Макаронпалов (бе гушт)

250

23,2

16,3

50,9

443,6

Нони ҷавин

100

6,6

1,2

34,2

181

Нўшоба аз меваи хушк

200

1,6

28,5

118,7

Хўриш аз помидор ва бодиринги тару тоза

150

 1,8

0,2

8,1

42,6

Чой

150

Хўроки пешин

Ангур

200

1,2

0,4

30,0

130

Хўроки шом

Кадушўрбо бо гўшти гов

200

2,6

2,5

11,6

85,2

Гўшти гови овпаз

80

20

13,6

204,9

Нони гандумӣ (нави олӣ)

100

7,5

2,9

50,7

264

Кулчақанд

20

1,9

2,0

13,7

83

Чой

200

Пеш аз хоб

Ҷурғот

200

5,6

6,4

8,2

112,0

 

Ҷамъ:

120,8

69,8

358,6

2588,6

ПАНҶШАНБЕ

Наҳори 1 Миқдор (гр., мл) Сафеда Чарб Карбогидрат Энергия
Ордоб

200

5,4

6,3

17,6

151,5

Нони гандумӣ (нави якум)

80

6,5

1,0

34,2

176,8

Гушти гусфанди обпаз

140

27,2

22,2

309,2

Панир

20

2,7

3,6

0,6

46,4

Чой

200

Асал

30

0,2

24,1

94,2

Наҳори 2 (чошгоҳ)

Шираи мева

200

1,0

18,2

76,0

Таоми нисфирузӣ

Тушбера

200

21,3

34,7

22,2

396,4

Моҳии обпаз

80

15,3

1,9

78,4

Сабзавотӣ дампаз

150

2,6

6,6

13,5

127,1

Нони гандумӣ (нави якум)

80

6,5

1,0

34,2

176,8

Чой

200

Хўроки пешин

Ҷурғот

200

5,6

6,4

8,2

112,0

Хўроки шом

Моҳии дампаз

90

17,3

2,1

88,2

Биринҷи обпаз

100

7

1

71,4

330

Нони гандумӣ (нави олӣ)

100

7,5

2,9

50,7

264

Кулчақанд

20

1,9

2,0

13,7

83

Чой

200

Пеш аз хоб

Шир

200

5,6

6,4

8,2

112,0

 

Ҷамъ:

135,2

98,1

316,8

2622,0

ҶУМЪА

Наҳори 1

Миқдор (гр., мл)

Сафеда

Чарб

Карбогидрат

Энергия

Ширчой

200

4,5

9,9

7,3

134,6

Нони гандумӣ (нави якум)

80

6,5

1,0

34,2

176,8

Равғани маска

15

0,1

10,9

0,2

99,2

Панир

40

5,4

7,2

1,2

52,8

Ҷигари дампаз

80

10

9,0

3,7

138,8

Чой

200

Шакар

21

21,0

79,6

Наҳори 2 (чошгоҳ)

Нўшоба аз  мева

200

0,3

0,1

4,4

20,0

Таоми нисфирузӣ

Шурбои мошӣ

250

5,7

3,1

18,8

127,8

Гушти гусфанди обпаз

70

13,6

11,1

154,6

Оши туппа

150

5,4

0,6

31,9

157,5

Гўшти харгуши обпаз

100

25,9

10,5

198,5

Нони гандумӣ (нави дуюм)

80

6,1

0,7

37,4

187,2

Нўшоба аз меваи хушк

200

0,3

0,1

4,4

20,0

Хўроки пешин

Ангур

150

0,9

0,3

22,5

97,5

Хўроки шом

Мантуи гўштин

200

19,7

17,4

32,0

361,2

Нони гандумӣ (нави якум)

80

6,5

1,0

34,2

176,8

Кулчақанд

20

1,9

2,0

13,7

83

Чой

200

Пеш аз хоб

Шир

200

5,6

6,4

8,2

112,0

Нони гандуми нави аъло

50

3,8

1,4

25,3

132,0

 

Ҷамъ:

121,9

92,2

260,6

2509,9

ШАНБЕ

Наҳори 1 Миқдор (гр., мл) Сафеда Чарб Карбогидрат Энергия
Ширшула

200

5,8

3,9

36,0

204,5

Панир

20

2,7

3,6

0,6

46,4

Нони гандумӣ (нави якум)

80

6,5

1,0

34,2

176,8

Забони ғови обпаз

80

19,2

12,0

185,6

Моҳии дампаз

60

11,5

1,4

58,8

Чой

200

Наҳори 2 (чошгоҳ)

Шарбати мева

200

1,0

18,2

76,0

Таоми нисфирузӣ

Мастоба

250

1,8

4,9

11,6

98,8

Гўшти гови овпаз

80

20

13,6

204,9

Макарони обпаз

150

5,4

0,6

31,9

157,5

Равгани растанӣ

20

20

179,8

Нони гандумӣ (нави дуюм)

80

6,1

0,7

37,4

187,2

Шарбати мева

200

1,0

18,2

76,0

Хўроки пешин

Олуболу

150

1,2

0,2

14,4

64,5

Хўроки шом

Лубиёшурбо бе гўшт

250

5,7

3,1

127,8

Нони гандумӣ (нави олӣ)

80

6,0

2,3

40,6

211,2

Хўриш аз сабзавот бо равғани растанӣ

100

1,5

6,1

8,3

93,8

Гўшти гови обпаз

80

20

13,6

204,9

Кулчақанд

20

1,9

2,0

13,7

83

Чой

200

Асал

30

0,2

24,1

94,2

Пеш аз хоб

Ҷурғот

200

5,6

6,4

8,2

112,0

 

Ҷамъ:

123,1

95,4

297,4

2643,7

ЯКШАНБЕ

Наҳори 1

Миқдор (гр., мл)

Сафеда

Чарб

Карбогидрат

Энергия

Отала

200

5,5

7,3

33,7

225,3

Нони гандумӣ  (нави аъло)

100

7,5

2,9

50,7

264

Панир

20

2,7

3,6

0,6

46,4

Моҳии дампаз

120

23

2,8

117,6

Чой

200

Шакар

21

21,0

79,6

Наҳори 2 (чошгоҳ)

Нўшобаи себ ва хуч

200

1,6

28,5

118,7

Таоми нисфирузӣ

Хомшўрбо  бе гўшт

250

2,3

2,4

10

75,9

Гўшти гови обпаз

80

20,6

13,6

204,9

Марҷумакпалав бе гўшт

150

8,8

2,8

43,5

234,4

Нони ҷавин

100

6,6

1,2

34,2

181,0

Шарбати мева

200

1,0

18,2

76,0

Хўриш аз помидор ва бодиринги тару тоза

150

 1,8

0,2

8,1

42,6

Хўроки пешин

Меваҳои хушккардашуда

60

3,1

33,0

140,4

Хўроки шом

Кадушўрбо (бе гўшт)

200

1,8

1,9

8,0

60,7

Гўшти гов

80

20,6

13,6

204,9

Каду

50

0,5

2,1

12,5

Моҳии дампаз

80

15,3

1,9

78,4

Нони гандумӣ (нави олӣ)

80

6,0

2,3

40,6

211,2

Равғани маска

15

0,1

10,9

0,2

99,2

Чой

200

Пеш аз хоб

Ҷурғот

200

5,6

6,4

8,2

112,0

 

Ҷамъ:

134,4

73,8

340,6

2585,8

 

 

Эзоҳ: маълумотҳо оиди энергияи ратсиони беморони сил тибқи малумотҳои илман асоснок кардашудаи Самсонов М.А., Покровский А.А. (Дастур оиди диетология. Москва, Медицина, 1992с.) ва Барановский А.Ю. (Диетология. Санкт-Петербург, 2006, саҳ.790-793) оварда шудаанд.

 

Номгўи адабиётҳои истифодашуда:

1. Аминов С. Таъомҳои миллии тоҷикӣ //Душанбе, Ирфон, 1988с., 208саҳ.

2. Айлен Робертсон. Ғизо ва саломатӣ дар Аврупо//Москва, Вес мир, 2003с., 505саҳ.

3. Гурвич М.М. Парҳез барои саломатӣ//Москва, Легпромбытиздат, Москва, 1995с., 333саҳ.

4. Самсонов М.А. Дастур оиди диетологя//Москва, Медицина, 1981с., 686саҳ.

5. Самсонов М.А., Покровский А.А. Дастур оиди диетология//Москва, Медицина, 1992с., 460саҳ.

6. Холжиев В. Ошхонаи муосири миллии тоҷик//Душанбе, Ирфон, 224саҳ.

7. Эвенштейн З.М. Диетологияи маъмул//Москва, 1990с., 318саҳ.

8. Кородецский А.В, Крылов А.В. Диабет, пешгирӣ, ташхис ва муолиҷа// Москва, саҳ. 11-23.

9. Румянсева Т.Ёрии кулинарӣ барои диабетикҳо// Москва- Санкт-петербург, саҳ. 20-34.

10. Барановский А.Ю. Диетология//Санкт-Петербург, 2006, саҳ.790-793.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 237
  • 491
  • 63,016