ҒИЗОИ СОЛИМ ҲАНГОМИ ҲОМИЛАДОРӢ ВА СИНАМАКОНӢ

Апрел 05
15:28 2015

Эҳтимол шумо нав хабардор шудед, ки ҳомиладор ҳастед? Кўдаки шумо барои шумо ҳоло реалӣ наменамояд, аммо қаррорҳо ва ғизое, ки шумо ҳаррўз ва рўзҳои ояндаи давраҳои ҳомиладорӣ ва синамаконӣ қабул менамоед, метавонанд ба саломатии худи шумо ва саломатии кўдаки шумо таъсир расонанд.Ин чизҳо то давраи ҳомиладорӣ низ хеле муҳиманд, зеро  барои ноил шудан ба муҳити солими ғизоӣ бо мақсади рушди кўдак бо тамоми шароитҳо, мусоидат менамоянд.

Шумо метавонед саломатии кўдакатонро беҳтар намоед, чунки худи шумо интихоб менамоед:

  • Ғизои худ ва беҳтар намудани вояи хўроки худ;
  • Истеъмоли машрубот ва/ё кашидани тамоку;
  • Ба чи андоза вазни шумо метавонад дигаргун шавад;
  • Тез-тез рафтан ба назди духтур барои муоина ва назорати инкишофи кўдаки шумо.

Ҳомиладорӣ ва синамаконӣ давраҳои хело муҳим мебошанд. Ин давраи хубе мебошад, ки шумо бояд оид ба тарзи ҳаёт, одатҳо, ғизо андеша намуда, таъсири онҳоро ба шумо ва кўдаки ояндаи шумо баҳо диҳед. Ин давраест, ки шумо бояд интихоб кунед, ки оё шумо тарафдори принсипҳои тарзи ҳаёти солим ҳастед, ки онҳо барои шумо ва барои кўдаки шумо ҳоло ва дар оянда фоида меоранд.

 

Интихоби дуруст кардан

ҳеҷ вақт дер нест

 

Ҳангоме, ки шумо ҳомиладоред ё кўдакатонро сина мемаконед, ғизои серғизо барои ҳардуи шумо хеле муҳим аст ва омилҳои хатарнок инҳо мебошанд:

 

Барои шумо:ҳомиладорӣ ва синамаконӣ ба организми шумо бори зиёд меоварад. Барои он, ки ин талаботҳои зиёдшударо таъмин намоед, бояд фикр кунед, ки ба кадом ғизо афзалият додан ва чи қадар онро зиёд кардан лозим аст. Ғизои хуб ҳангоми ҳомиладорӣ ба шумо барои худро солим ва серҳаракат ҳис намудан, ба худ, кўдаки ояндаи худ ва аъзоёни оилаатон беҳтар ғамхорӣ кардан кўмак мерасонад.

Барои кўдаки шумо: шири модар ғизои мувофиқ ва баланскардашуда барои навзод мебошад. Шири модар ҳамарўза кўдакатонро бо таркиби гуногуни муносиб ва зарурии моддаҳои ғизонок барои муҳофизат аз бемориҳо, таъмин менамояд ва муҳаббати худро ҳадя менамояд.    Ҳамеша дар хотир доред, китавассути шири шумо, кўдаки шумо низ аз ҳамаи он моддаҳои ғизоноке, ки шумо истеъмол менамоед, ғизо мегирад. Бинобари ин, барои таъмин намудани кўдаки худ бо ғизои солим – ин худ истифодабарии ғизои солим мебошад.

.

Ҳамроҳак ба тифли шумо ҳаёт мебахшад

 

Тавассути ҳамроҳак кўдаки шумо оксиген ва моддаҳои ғизонокро мегирад, ки барои инкишофи он зарур аст; инчунин тавассути ҳамроҳак «партовҳои» заҳрнок бароварда мешаванд, ки ҳангоми инкишофи дохили батнӣ ҳосил мешаванд.

Аммо ҳамроҳак қобилияти боздоштани гузариши аз модар ба кўдак баъзе моддаҳои хело зарарнок, ба монанди машрубот ё никотин (аз тамокукашӣ)-ро надорад.

Ғизои солим ҳангоми ҳомиладорӣ– чист?

 

Бисёр хуб мешуд, ки ҳанўз 6 моҳ пеш аз ҳомиладорӣ зане, ки вазни мўътадил дорад дар як рўз се маротиба хўрок хўрда, як маротиба хўрокиҳои саридастӣ истеъмол намояд.

 

Занони ҳомиладоре, ки вазни мўътадил доранд, дар семоҳаи аввал ба энергияи зиёдатӣ мўҳтоҷ нестанд.

 

Ҳангоми ҳомиладорӣ «барои ду нафар» хўрок хўрдан лозим нест, яъне миқдори хўроки истеъмолшавандаро ду баробар зиёд кардан даркор нест.

Аз мўҳлати ҳомиладории 4 моҳа оғоз намуда, барои занони ҳомиладоре, ки вазни мўътадил доранд,  ҳамагӣ 300 ккал дар як рўз, иловатан бар оне, ки шумо то ҳомиладорӣ истеъмол менамудед, лозим аст. Ин миқдори ками иловаро ба нерў аз ҳисоби 2-3 буридаи нон (ё 1 пиёла шир ва 1-2 буридаи нон) дар 1 рўз шумо метавонед қонеъ гардонед.

 

Барои занҳое, ки вазни кам ё зиёдатӣ доранд то ва ҳангоми ҳомиладорӣ тавсияҳои фардӣ дода мешаванд.

 

Хўрокҳои растанигӣ асоси ғизои солим мебошанд. Бинобар ин, истеъмоли миқдори зиёди сабзавот, мевагӣ, нон, картошка, маҳсулоти макаронӣ, гандумӣ, ғалладонагӣ (лўбиё, наск, нахўд, мош ва ғайра), бо як миқдори ками шири беравған, панир, кефир ва йогурт, инчунин гўшти беравған, моҳӣ ва мурғ хеле муҳим аст. Чӣ қадаре метавонед кўшиш намоед, ки сабзавот ва мевагии таҳҷоиро, махсусан дар давраи «мавсими меваю сабзавот» истифода намоед. Маҳсулотҳои таҳҷоӣ, ҳамеша арзонтар, тару тоза, хушсифат ва бехатар мебошанд.

 

Ҳамзамон, моҳияти маҳсулотҳои гуногуни ғизоро нисбатан ба 5 гурўҳи ғизоӣ тақсим намудан мумкин аст.

 

Гурўҳҳои ғизоӣ

 

Гурўҳи 1. Нон, ғалладонагӣ, маҳсулоти макаронӣ, биринҷ, картошка, – кўшиш намоед, ки ҳамарўза маҳсулоти ин гурўҳро дар миқдори муайян истеъмол намоед. Масъалан, ҳангоми наҳорӣ, хўроки нисфирўзӣ, хўроки пешинӣ, хўроки шом.

 

1 миқдор аз чӣ иборат аст?

 

  • 1 буридаи калони нон (тақрибан 30-40 гр);
  • 3 дона кулчаи қоқи ҳалқашакл;
  • ½ пиёла шўлаи биринҷӣ (ё шўлаи марҷумак – гречка);
  • ½ пиёла макарони пухташуда;
  • ¾ (тақрибан 30 гр) наҳории хушк карда шудаи хўроки пешинӣ;
  • 1 дона картошкаи ҳаҷмаш миёна.

 

Маҳсулоти ин гурўҳ манъбаи асосии нерў дар вояи хўроки шабонарўзии шумо мебошад. Ҳамчунин, таркиби ин маҳсулотҳо аз микронутриентҳо бой мебошанд, ба монанди витаминҳои гурўҳи В, оҳан, руҳ, калсий. Картошкаи пухташуда манбаи витамини С мебошад.

 

Ярмаи пўстдор ва нони гандумии осиёбӣ манбаи клетчатка буда, барои пешгирӣ намудани қабз (запор) дар давраи ҳомиладорӣ хеле зарур аст, инчунин, модаронро дар синну соли калонсолтар аз бемориҳои системаи рагу дил ва саратон муҳофизат менамоянд.

 

Баъзе наҳориҳои хушккардашуда метавонанд иловагиҳои витаминдор дошта бошанд (масалан асиди фолат) – иттилоотро дар тамғақоғаз хонед.

 

Кўшиш намоед, ки маҳсулотҳои гуногуни ин гурўҳро, аз ҷумла нони ҷав, гандумӣ, макарон, спагеттӣ, биринҷ, шўлаи марҷумак, картошка ва хўроки пешинии одатии худро истеъмол намоед.

 

Гурўҳи 2. Сабзавот ва меваҳо – кўшиш намоед, ки дар 1 рўз на камтар аз 5 миқдор истеъмол намоед (зиёда аз 400 гр).

 

1 миқдор аз чӣ иборат аст?

 

  • ½ пиёла (тақрибан 100 гр) сабзавот (масалан: сабзӣ, пиёзи бехӣ, лаблабу, шалғам, пиёзи сабз ва ғайра – аз он ҷумла буғ карда шуда ё дар шўрбо пухташуда);
  • 1 пиёла барги сабзавотҳои сабзи тару тоза (карам, салат, гулкарам ва ғайра);
  • 1 помидори ҳаҷмаш миёна;
  • ½ пиёла ғилофаки лўбиёи сабз;
  • 1 меваи ҳаҷмаш миёна (1 себ, 1 нок ё 2 олуи ҳаҷмашон миёна);
  • ½ пиёла (тақрибан 100 гр) меваҳои буттагӣ (ягоды) тару тоза, консервакардашуда ё пухтагӣ;
  • 160 мл шарбати мевагӣ ё сабзавотӣ (санҷида бинед – фишурдаи шарбати сабзӣ ва афлесун);

 

Сабзавот ва меваҳо манбаъҳои асосии витаминҳо ва минералҳо мебошанд, аз ҷумла оҳан ва асиди фолат, ки пайдоиши камхуниро ҳангоми ҳомиладорӣ ва синамаконӣ пешгирӣ менамоянд. Дар хотир доред, ки аксари витаминҳо (ба монанди витамини С), ки ба шумо ва кўдаки шумо зарур мебошанд, наметавонанд дар организми шумо ба мўҳлати дуру дароз захира шаванд. Бинобар ин, хеле муҳим аст, ки ҳар рўз миқдори зарурии сабзавоту меваҳоро, хусусан истеҳсоли таҳҷоиро, истеъмол намоед.

 

Ҳар як маҳсулоти зерин шуморо бо миқдори зарурии шабонарўзии витамини С таъмин менамояд: 1 қаламфури калони булғорӣ, 3 дона помидори ҳаҷмаш миёна ё 160 гр карам.

 

Инчунин, дар таркиби сабзавот компонентҳои зиёди «муҳофизатӣ» мавҷуданд, ки саломатии шуморо нигоҳ медоранд: клетчаткаи ғизоӣ,  антиоксидантҳо, ҳамчунин баъзе аз флавоноидҳо ва дигар моддаҳои зиёди ғизоие, ки оқибатҳояшон ҳанўз ҳам муайян карда нашудаанд! Ин яке аз он сабабҳое мебошад, ки таркибҳои поливитаминӣ (ҳабҳои витаминӣ) сабзавотҳо ва меваҳои табииро дар ратсиони шумо иваз карда наметавонанд, чунки таъсири моддаҳои ғизоноки дохили хўрок ҳамеша мураккаб ва беҳтар мебошанд.

 

Дар баъзе мавридҳо дарёфт намудани сабзавот ва меваҳои тару тоза хеле мушкил мебошад. Ҳангоми набудани мавсими сабзавоту меваҳо, ки онҳоро дарёфт карда намешавад, маҳсулоти яхкардашуда, консервашуда, сиркошуда ва қоқ карда шударо истифода баред – онҳо инчунин дорои моддаҳои зарурии ғизонок мебошанд. Агар дигар манбаъҳои витамини С дастнорас бошанд, сабзонидани лўбиёро санҷида бинед.

 

Миқдори зерини лўбиёи сабзонидашуда 10 гр витамини С дорад:

Лўбиёи сиёҳчашмдошта                                                    50 мг

Лўбиёи манг, ғилофаки лўбиёи сабз                               70 гр

Дигар намудҳои Лўбиё                                                      90 гр

 

Хоҳишмандем, дар хотир дошта бошед, ки витамини С аз сабаби дуру дароз нигоҳ доштан ё пухтан вайрон мешавад. Бинобар ин, сабзавотро дар миқдори ками об дар давоми 5-10 дақиқа ҷўшондан лозим аст. Ба ҷои ҷўшондан, хубтараш пухтан дар буғ ё дар печи барқиро истифода баред. Кўшиш намоед, ки ҳар рўз сабзавотҳои тару тоза ё каме ҷўшонида шударо, истеъмол намоед ва ҳангоми тайёр намудан – равғанҳо ва намаки зиёдатӣ илова накунед.

 

Гурўҳи 3. Шир ва маҳсулоти ширӣ – кўшиш намоед, ки дар як рўз 3 миқдор истеъмол намоед.

 

1 миқдор аз чӣ иборат аст?

 

  • 1 пиёла (тақрибан 200 мл) йогурт ё кефир;
  • 45 гр панири сахт (дар ҳаҷми қуттии гўгирд);
  • 1,5 пиёла (тақрибан 250 гр) панири хонагӣ;
  • 1 пиёла (200 мл) шир.

 

Маҳсулоти ширӣ яке аз манбаъҳои асосии калтсий дар минтақаи мо мебошад. Калтсий барои инкишофи мўътадили устухонҳо ва дандонҳои кўдаки шумо лозим аст; ҳангоми ширдиҳӣ вай барои истеҳсоли шири сина лозим аст. Агар шумо маҳсулоти зарурии калтсий доштаро истеъмол нанамоед, миқдори зарурии калтсий ба организми кўдакатон аз захираҳои организми шумо (устухонҳо ва дандонҳо) ворид мешавад. Бинобарин, барои солим нигоҳ доштани организми шумо ва организми кўдакатон, хеле муҳим аст, ки захираҳои калтсий ҳамеша пур шуда истанд.

 

Маҳсулоти ширӣ инчунин, манбаи хуби сафеда ва дигар витамину минералҳо мебошад, ба монанди баъзе намудҳои витамини гурўҳи В, витамини А ва дар баъзе мавридҳо йод, ки ин вобаста ба он аст, ки хўроки чорво барои говҳо дар минтақаи шумо йоднок карда мешавад, ё не?

Бар хилофи ақидаи паҳншуда, қаймоқ, шири равғанин ва маҳсулоти ширӣ аз шири беравғанкардашуда, кефир ва аз маҳсулотҳои ширӣ бо миқдори ками равған, дида, фоиданоктар мебошанд. Кўшиш намоед, ки шир ва маҳсулоти ширии беравғанро зиёдтар истеъмол намоед – дар таркиби онҳо миқдори якхелаи калтсий ва сафеда мавҷуд буда,  равғанҳо камтаранд, ва аз ин сабаб барои ҳамаи аъзоёни оилаатон фоиданок мебошанд.

 

Дар хотир доред, ки ҳам маска (ки аз қаймоқи шир тайёр карда шудааст) ва ҳам қаймоқи шир дар таркибашон калтсий ва сафеда надоранд, танҳо равғанҳо доранд (дар баъзе мавридҳо тақрибан 80% равған ва хело зиёд намакҳо).

 

Гурўҳи 4. Моҳӣ, мурғ, гўшт ва донагӣ – кўшиш намоед, ки дар як рўз 2 миқдор истеъмол намоед.

 

1 миқдор аз чӣ иборат аст?

 

  • 1 – 1,5 пиёла (тақрибан 150 – 200 гр) ғалладонагии ҷўшонидашуда;
  • 2/3 – 1 пиёла (тақрибан 100 – 150 гр) чормағз;
  • 2 тухми миёна;
  • 80 гр моҳии беравғани тайёр кардашуда, мурғ ё гўшт.

 

Ба ин гурўҳ ғалладонагиҳо, наск, моҳӣ, мурғ, гўшт ва тухм – маҳсулоти аз сафеда бой, дохил мешаванд. Кўшиш намоед, ки аз ин гурўҳ маҳсулоти гуногун истеъмол намоед, алалхусус ғаладонагиҳо, наск, чормағз ва моҳӣ, чунки онҳо барои саломатии шумо ва саломатии аъзоёни оилаи шумо хеле фоиданок мебошанд. Гўшт ва хусусан узвҳои дарунӣ (ҷигар ва гурдаҳо), яке аз манбаъҳои хуби оҳан ва руҳ мебошанд. Оҳане, ки дар таркиби гўшт мавҷуд аст, назар ба оҳане, ки дар маҳсулоти растанигӣ мавҷуд аст, хубтар аз худ карда мешавад. Лекин, аз ҳад зиёд истеъмоли ҷигар – ба аз ҳад зиёд истеъмоли витамини А оварда мерасонад.

 

Гўшти навъи беравғанро интихоб намоед ё ки, аз рўи имконият, кўшиш намоед – ҷойҳои серравғанашро бурида партоед. Кўшиш кунед, ки ҳасибҳои намакин ва буғкардашударо аз ҳад зиёд истеъмол нанамоед, агар шумо пештар ин тавр ғизо мегирифтед, пас ҳоло миқдори намак ва равғанро дар ратсиони худ маҳдуд намоед.

 

Гурўҳи 5. Чарбуи об кардашуда, равған, маргарин, равғани растанӣ, ширинӣ ва намак – ин маҳсулотҳоро ба миқдори кам истеъмол намоед.

 

Ба ин гурўҳ равған, маргарин, равғани растанӣ, чарбуи об кардашуда, қанди сафед, конфет, шириниҳо, тортҳо, нўшокиҳои ширини газнок дохил мешаванд: дигар хел карда гуем, маҳсулоте, ки дар таркибаш миқдори зиёди равған, намак ва/ё қанд дошта.

 

Ин маҳсулотҳо дар таркибашон инчунин миқдори зиёди калорияҳо, вале миқдори ками дигар моддаҳои муҳими ғизоиро доранд. Бинобар, кўшиш намоед, ки ба ивази маҳсулоти ғизоноки дигар гурўҳҳои хўрокӣ аз ҳад зиёд маҳсулоти ин гурўҳро истеъмол нанамоед.

 

Инчунин, кўшиш намоед, ки ба ҷои равғани ҳайвонот, тез – тез равғани растанӣ истеъмол намоед (масалан, равғани зайтун ё маъсар), аммо агар ин ғайри имкон бошад, пас кўшиш намоед, ки миқдори равғанҳои истеъмолкунандаро камтар намоед.

 

Хоҳишмандем, дар хотир доред, ки паст намудани миқдори равғани истеъмолкунанда, алалхусус равғани ҳайвонот, ба шумо ва ба аъзоёни оилаи шумо хатари гирифтор шудан ба бемориҳои дилу рагҳо ва баъзе намудҳои саратонро, ки «қотилони» асосии аҳолии Аврупо мебошанд, паст менамояд.

 

Миқдори мўътадили намакро истеъмол намоед (аз 6 гр дар як рўз зиёд набошад): кўшиш намоед, ки дар болои миз ва ҳангоми тайёр намудани хўрок миқдори ками намакро истифода баред, миқдори ками маҳсулоти намакин ва сирконокро камтар истифода баред. Бо ҳамин шумо хатари пайдоиши фишори баланди хун ва вобаста ба он, оризаҳоро пешгирӣ менамоед.

 

Кўшиш намоед, аз рўи имкониятҳои мавҷуд буда, намаки йоднокдорро истифода баред, ки шумо ва хусусан кўдаки шумо миқдори зарурии йодро дар давраи ҳомиладорӣ ва синамаконӣ  қабул намоед.

 

Оиди ин моддаҳои ғизоноки муҳим дар хотир доред:

 

1. Асиди фолат:

Ин витамин ҳангоми ҳомиладорӣ хусусан дар мўҳлатҳои барвақт ва то ҳатто ҳангоми бордоршавӣ, хеле муҳим мебошад.

 

Агар шумо миқдори зарурии асиди фолатро истеъмол намоед, пас эҳтимоли бе ягон нуқсон таваллуд шудани кўдак, хеле зиёд аст. Бинобар ин, ҳамаи занҳое, ки ҳомиладор шудан мехоҳанд, ё ҳомиладор ҳастанд, дар 3 моҳи аввали ҳомиладорӣ бояд миқдори зиёд маҳсулоти аз асиди фолат бойро истеъмол намоянд. Ин гуна маҳсулот – салат, карам, ғилофаки лўбиёи сабз, гулкарам ва наҳориҳои одатии шумо, ки аз асиди фолат бой мебошанд.

 

Ба баъзе занҳое, ки хатари зиёди пайдо шудани норасогии асиди фолат дар онҳо дида мешавад, қабули ҳаррўзаи доруи асиди фолат дар вояи 400 мкг (0,4 мг) тавсия мешавад, вале оиди ин масъала шумо бояд бо духтури худ маслиҳат намоед. Ин иловагиҳо ба занҳое, ки ҳанўз ҳомиладориро ба нақша мегиранд, низ хеле муҳим аст.

 

2. Оҳан:

Оҳан барои пайдо шудани ҳуҷайраҳои нави сурхи хун ба шумо ва кўдаки шумо зарур аст. Он барои ҳаракати оксиген дар хун ва расонидани он аз шуш ба моддаҳои организм мусоидат менамояд. Майна ва бадани кўдаки шумо барои инкишофи мўътадил ба оҳан ва оксиген эҳтиёҷ дорад.

 

Норасоии оҳан ба камхунӣ оварда мерасонад, ки дар натиҷа кўдаки шумо миқдори оксигени заруриро барои инкишофи дуруст гирифта наметавонад. Хушбахтона, қудрати организми шумо нисбати азхудкунии оҳан, ҳангоми ҳомиладорӣ ва синамаконӣ зиёд мешавад.

 

Манъбаҳои беҳтари оҳан – ин навъҳои беравғани гўшт, хусусан ҷигар ва гурдаҳо мебошанд. Баъзе сабзавотҳо низ манбаъҳои хуби оҳан мебошанд (сабзавотҳои сабзранги баргшакл, лўбиё ва нахўди пухтагӣ). Барои он, ки оҳан аз сабзавотҳо хубтар дар организми шумо азхуд шавад, баробар бо онҳо маҳсулоти аз витамини С – бойро ё маҳсулоти турушро истеъмол намоед (масалан мева, шарбати мева ва сабзавот, қаламфури булғорӣ, помидор, кефир ва дигар маҳсулотҳо). Чой ва кофе қобилияти азхудшавии оҳанро паст менамоянд, бинобар ин, кўшиш намоед, ки чой ва коферо дар байни қабули хўрок, дертар то, ва ё ин ки баъди истеъмоли маҳсулоти растанигии аз оҳан бой истеъмол намоед.

 

Агар шумо хасташавии беҳадро ҳис намоед, пас эҳтимол аст, ки шумо камхунӣ доред. Дар ин маврид бо духтур маслиҳат намоед, ва духтурметавонад ба шумо қабули ҳабҳои оҳанро тавсия намояд. Худсарона, бе тавсияи духтур, ҳабҳои оҳанро қабул нанамоед: онҳо метавонанд қабзият ба вуҷуд оранд ва азхудкунии дигар моддаҳои ғизоиро зери хатар гузоранд.

 

3. Калтсий:  

 

Калтсий барои мўътадил инкишоф ёфтани устухонҳо ва дандонҳои шумо ва кўдакатон муҳим мебошад. Манбаъҳои беҳтарини калтсий – ин шир, маҳсулоти ширӣ ва баъзе ярамаҳо мебошанд. Кўшиш намоед, ки асосан навъҳои беравғани шир, панир ва йогуртро, ки нисбат ба навъҳои равғанин бештар миқдори калтсий доранд, истеъмол намоед.

 

Витамини Д:  

 

Витамини Д барои пешгирии рахит дар кўдаки шумо ва инчунин, барои солим нигоҳ доштани дандонҳо ва устухонҳои худи шумо, хеле муҳим мебошад.

 

Кўшиш намоед, ки вақти бисёри худро дар ҳавои тоза гузаронед, хусусан дар ҳавои офтобӣ: витамини Д дар пўсти шумо аз таъсири нури офтобӣ ба вуҷуд меояд.

Витамини Д, инчунин дар таркиби маҳсулотҳои зерин мавҷуд мебошад – моҳии равғанин, тухм, равған ва маргарини бо витамини Д ғани гардонидашуда.

 

Оиди маводҳои поливитаминӣ

 

Бе тавсияҳои духтур маводҳои поливитаминӣ ва иловаҳои минералиро қабул нанамоед. Аз ҳад зиёд истеъмоли ин маводҳо ба сарфи нодаркори маблағ, ҳолатҳои заҳролудшавӣ оварда, азхудкунии дигар моддаҳои ғизонокро мушкил менамояд.

 

Оид ба маҳлулҳо

 

Миқдори зиёди маҳлулҳоро – 6-8 истакон дар як рўз, нўшед.Зане, ки шири сина мемаконад, бояд бе маҳдудият нўшад, то ташнагиашро қаноат намояд. Беҳтараш об, маҳсулоти ширӣ ва шарбатҳои ширин карда нашударо  нўшидан лозим. Барои он, ки қобилияти азхудшавии оҳан вайрон нашавад, беҳтараш чой ва коферо дар байни қабули хўрок истеъмол намудан лозим аст. Кўшиш намоед, ки аз ҳад зиёд лимонад ва дигар маҳлулҳоро, ки дар таркибашон қанди зиёд доранд, истеъмол нанамоед.

 

Баъзе моддаҳо метавонанд ба кўдаки шумо зарар расонанд

 

1. Машруботи спиртдор

 

Ҳангоми ҳомиладорӣ ва синамаконӣ шумо набояд машруботи спиртдор истеъмол нанамоед.

 

Машруботи спиртдор метавонад аз ҳамроҳак гузашта, дар баъзе навзодон ақибмонии инкишофи ҷисмонӣ ва ақлонӣ пайдо кунад. Алалхусус, дар давраи то ҳомиладорӣ ва 3 моҳи аввали ҳомиладорӣ ҳангоми ҳассосии баланд доштани ҷанин ба таъсири заҳрноки  машруботи спиртдор, истеъмоли машруботи спиртдор хеле хатарнок аст.

 

2. Тамокукашӣ

 

Кўшиш намоед, ки аз тамокукашӣ то ҳомиладор шудан ё ҳангоми ҳомиладорӣ даст кашед ва новобаста аз вақти қабул кардани қарори зерин, ин ҳамеша қарори дуруст ҳисобида мешавад. Занҳое, ки бисёр сигор мекашанд, хатари калони таваллуди кўдаки камвазн доранд.

 

Инчунин, тамокукашӣ сабаби таваллуди пеш аз мўҳлат, исқоти ҳамли худ аз худ ба вуҷуд омада, мурдатаваллуд, ақибмонии инкишофи ҷисмонӣ ва ақлонии кўдаки шумо  шуда метавонад.

 

Хоҳишмандем, дар хотир доред: ҳеҷ гоҳ даст кашидан аз тамокукашӣ ва истеъмоли машруботи спиртӣ ё аққалан кам кардани миқдори истеъмоли онҳо, дер нест. Ҳар як сигори накашида ва нўшокиҳои спиртии нанўшида барои кўдаки шумо фоида меоварад.

 

3. Кофеин

 

Таъсири кофеин ба ҷанин то ҳол то охир маълум нест. Чой, какао ва нўшокиҳои ба монанди кола миқдори тақрибан якхелаи кофеин дар таркибашон доранд, аммо кофе бошад, дар таркибаш 2 баробар зиёд кофеин дорад. Кўшиш кунед, ки истеъмоли коферо то 3-4 пиёла дар 1 рўз  маҳдуд намоед. Инчунин, дар хотир дошта бошед, ки чой ва кофе азхудкунии оҳанро, ки дар таркиби лўбиёгӣ, растаниҳои хўшадор ва маводҳои дорувории оҳан мавҷуданд, дар организм паст менамоянд.

 

4. Доруворӣ

 

Баъзе аз доруҳо метавонанд ба организми кўдак таъсири манфӣ расонанд ва бинобар қабул намудани онҳо ҳангоми ҳомиладорӣ ва синамаконӣ манъ аст. Пеш аз қабули ин ё он доруворӣ, аз ҷумла аспирин ва витаминҳо, бо духтур маслиҳат кунед.

 

Ҳангоми ҳомиладорӣ вазни шумо чи қадар зиёд мешавад?

 

Дар охири мўҳлати ҳомиладорӣ вазни шумо метавонад 10-12 кг зиёд шавад. Аз мўҳлати 4 моҳагии ҳомиладорӣ сар карда, ҳар моҳ шумо 1,5-2 кг вазн мегиред. Вазни худро мунтазам санҷед ва агар аз 1 кг камтар ё 3 кг зиёдтар дар 1 моҳ вазн гиред, ба духтур муроҷиат намоед.

 

Ҳам вазни кам ва ҳам вазни зиёд метавонад ҳам ба саломатии шумо ва ҳам саломатии кўдаки шумо таъсир расонад. Бо ин сабаб, миқдори кифояи ғизои калориянок истеъмол намоед, то худ ва кўдакатонро таъмин намоед, вале аз ҳад зиёд истеъмол нанамоед (хусусан ширинӣ ва ғизои равғанӣ). Дар хотир доред «барои ду нафар хўрок хўрдан» маънои «ду баробар зиёд хўрок хўрдан»-ро надорад. Танҳо мувофиқи иштиҳои худ хўрок хўред ва маслиҳатҳои ин дастурро оиди ғизои солим риоя намоед. Ҳам аз меъёр зиёд хўрокхўрӣ ва ҳам аз ҳад кам хўрдан таъсири манфӣ мерасонад. Агар то ҳомиладорӣ вазни шумо аз мўътадил хеле зиёд ё хеле кам буд, пас ба духтури худ оиди хўрокхўрӣ ва зиёд шудани вазнатон барои маслиҳат муроҷиат намоед.

 

Дар хотир доред, ки ҳомиладорӣ ин вақти доштани парҳез бо мақсади харобшавӣ нест!

 

Кадом намуди проблемаҳои вобаста бо қабули ғизо дар давраи ҳомиладорӣ мавҷуданд?

 

  1. Дилбеҳузурии саҳарӣ

 

Тақрибан 70%-и ҳомиладорон аз дилбеҳузурии саҳарӣ азият мекашанд, ки ин дар мўҳлатҳои барвақти ҳомиладории 9-10 ҳафтаина пайдо мешавад. Каме дертар, дар охири мўҳлати ҳомиладории 4 моҳа дилбеҳузурии саҳарӣ нест мешавад, ё камтар зоҳир мешавад. Барои сабук намудани нишонаҳои дилбеҳузурӣ аз ин маслиҳатҳо истифода баред:

  • Тез – тез ва кам –кам қабул намудани хўрок (тақрибан ҳар 2 соат);
  • Аз бўйҳо ва маҳсулоти хўрокае, ки дилбеҳузуриро зиёд мекунанд, дурӣ ҷустан;
  • Хўроки карбогидратдори серғизоро зиёдтар истеъмол намоед, масалан, нони тунуки сингаву бирён, печение (крекерҳо), хўроки пешинӣ, хўришҳои (салатҳои) мевагӣ ва сабзавотӣ дар давоми рўз;
  • Истеъмоли хўроки равғанӣ ва ширинро камтар намоед.

 

  1. Қабзият

 

Тақрибан 30-40%-и занҳои ҳомиладор аз қабзият азият мекашанд.

 

Бо қабзият бояд чи гуна мубориза бурд?

  • Маҳлулҳоро, хусусан обро бисёртар истеъмол намоед (6-8 пиёла дар як рўз).
  • Маҳсулоти бо клетчатка (моддаи пардаи ҳуҷайраи растаниҳо) бойро бисёртар истеъмол намоед (нон, биринҷи ҷигарранг, растаниҳои хўшадор, меваҳо ва сабзавотҳои тару тоза ва қоқ карда шудагӣ).

 

Дар хотир доред, ки доруҳои оҳан баъзан метавонанд қабзият ба вуҷуд оранд ё қабзиятро шиддат диҳанд.

 

  1. Зардаҷўш

 

Зардаҷўш дар мўҳлатҳои гуногуни ҳомиладорӣ пайдо мешавад, аммо бештар ин нишонаҳо дар охири ҳомиладорӣ зиёд мешаванд. Зардаҷўш дар байни ҳомиладорон васеъ паҳн шудааст – тақрибан 30-50%- и ҳомиладорон аз зардаҷўш азият мекашанд.

 

Якчанд маслиҳатҳои муфид оиди мубориза бо зардаҷўш:

  • Аз истеъмоли шоколад, ғизои равғанин ва ҳабҳои пудинагӣ, хусусан пеш аз хоб худдорӣ намоед, чунки онҳо ба суст шудани мушакҳои сурхрўда мусоидат намуда, таркиби туруши меъда ба осонӣ гашта ба сурхрўда медарояд.
  • Аз истеъмоли хўрокҳои туруш ва тез худдорӣ намоед, чунки онҳо ба варам кардани пардаи луобии сурхрўда мусоидат менамояд (помидор, мева ва шарбати меваҳои ситрусӣ, сирко, қаламфури тез ва дигарҳо).
  • Шир ва маҳсулоти ширӣ метавонанд нишонаҳои зардаҷўшро каме сабук намоянд.
  • Хўрокро оҳиста – оҳиста истеъмол намоед, маҳлулҳоро дар байни қабули хўрок нўшед, лекин ҳангоми хўрокхўрӣ маҳлулҳоро нанўшед.
  • Хўрокро тез – тез ва кам-кам истеъмол намуда, пеш аз хуфтан бисёр хўрок нахўред.
  • Дар болишти баланд, бо қисми бардошташудаи сар, хобед.
  • Пеш аз қабули доруҳои антатсидӣ бо духтури худ маслиҳат кунед. Баъзе доруҳои антатсидӣ аз хўрок оҳанро баста барои азхудкунии он халал мерасонанд.

 

Маслиҳатҳо оид ба синамаконии бомуваффақият

 

Синамаконӣ ба Шумо ва кўдаки Шумо метавонад ҳаловати зиёд расонад.

 

Дар хотир доред, ки:

 

  • Шири сина – ғизои беҳтарин барои кўдаки Шумо мебошад; ягон ғизои сунъӣ ё формулаҳо ва умуман ягон ғизо ва нўшокии дигар ба ба шири сина баробар шуда наметавонанд;
  • Синамаконӣ (дар муқоиса бо ғизои сунъӣ ё омехта) аз бемориҳои сироятӣ, хусусан аз диарея ва бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, инчунин аз сироятҳои гўш ва роҳҳои пешоббарор, муҳофизат менамояд;
  • Ба кўдак мувофиқи талабаш шири сина диҳед;
  • Пеш аз мўҳлат кўдакро аз сина дур накунед, интизор шавед, ки кўдак сер шавад ва худаш пистонро сар диҳад;
  • Кўшиш намоед, ки то синни 6 моҳагӣ ба кўдакатон танҳо шири сина диҳед, баъд аз он синамакониро ҳамон қадаре, ки имконият вуҷуд дорад, давом диҳед;
  • Танҳо шири модар – ин ғизодиҳие мебошад, ки дар давоми 6 моҳи аввали ҳаёт кўдаки Шумо бояд танҳо шири модар ва на ягон ғизо ё нўшокии дигар, ягон хел чой ё оби ширинкарадашуда, истеъмол намояд!
  • Камхунии модар ба синамаконӣ зид шуда наметавонад; ҳатто агар дар Шумо камхуниро дарёфт намудаанд, синамакониро давом додан лозим аст;
  • Агар шумо тамоку намекашед ё машруботи спиртдор истеъмол наменамоед, пас шири шумо беҳтарин ғизо барои кўдаки шумо ба ҳисоб меравад.
  • Камшавии вазни бадан ҳам ба синамаконӣ монеа шуда наметавонад; ҳатто агар Шумо вазни зиёд гум карда бошед, синамакониро давом диҳед;
  • Агар Шумо тамоку накашед ва машруботи спиртдор истеъмол нанамоед, шири Шумо ғизои беҳтарин барои кўдаки Шумо ба шумор меравад.

 

Шумо метавонед иттилооти бештар дар бораи ғизои табиӣ аз буклет барои модарон оид ба ғизогирии кўдакон, ки аз тарафи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ нашр мешавад, дастрас намоед (ин иттилоотро аз саҳифаи дар Интернет буда гирифтан мумкин: http://www.who.dk/Nutrition/main/htm).

 

 Ғизогирии солими модар ҳангоми синамаконӣ

 

Баъди таваллуд вазни Шумо метавонад ба 3-4 кг зиёд шавад. Кўшиш намоед, ки тез хароб нашавед – захираҳои дар давраи ҳомиладорӣ ҷамъ намудаатон барои ҳосил намудани шир ба Шумо лозим меоянд. Истеҳсоли шир сарфи нерўи зиёдро талаб мекунад, бинобар синамаконӣ барои ба эътидол омадани вазни одатии Шумо мусоидат менамояд.

 

Асосҳои ғизогирии солим ҳангоми синамаконӣ ва ҳомиладорӣ якхелаанд:

 

Дар хотир доред, ки:

 

  • Машруботи спиртдор бо шири сина ба организми кўдак мегузарад, бинобар ин, онро тамоман истеъмол нанамоед;
  • Ягон иттилооти собитшудаи илмӣ оид ба мусоидати ягон намуди машруботи спиртдор ба истеҳсоли шири сина, вуҷуд надорад;
  • Тамокукашӣ метавонад истеҳсоли шири синаро камтар намуда, ба инкишофи кўдакатон таъсири манфӣ расонад, инчунин тамокукашӣ миқдори витамини С-ро дар шир камтар мекунад;
  • Ҳеҷ гоҳ дар ҳуҷраи кўдакона тамоку накашед – ин ба кори шушҳои кўдакатон зарар меоварад;
  • Кофеин ба воситаи шири сина ба организми кўдак гузашта, кўдаки Шуморо инҷиқ карда, хобби ўро ноором менамояд, бо ин сабаб кўшиш намоед, ки миқдори зиёди кофе, чой ё нўшокиҳои ба монанди коларо камтар истеъмол намоед (тавсияҳои истеъмоли кофеин асосан ба тавсияҳои истеъмоли кофеин ҳангоми ҳомиладорӣ – монанданд);
  • Азбаски бисёре аз доруҳо ба шири модар мегузаранд, пеш аз қабули онҳо албатта бо духтур маслиҳат намоед (аммо қабули бисёр доруҳо барои синамаконӣ монеа шуда наметавонанд).

 

 Маслиҳатҳо оид ба тайёр намудани ғизо ва беҳдошти ғизо

 

Ҳангоми ҳомиладорӣ ва синамаконӣ Шумо бояд ниҳоят эҳтиёткор бошед, то аз ғизои чиркин сироят наёбед.

 

Баъзе намудҳои бактерияҳо ва паразитҳо метавонанд барои саломатии Шумо ва саломатии кўдаки ҳоло таваллуд нашудаи Шумо, хатарнок бошанд.

 

  • Тухми напухтагӣ ё нағз пухта нашудагиро истеъмол нанамоед: ҳам сафедӣ ва ҳам зардии тухм бояд сахт бошанд;
  • Паштетҳои (гўшт ё ҷигари кўфташудаи) хонагӣ  ё консерванашударо истеъмол нанамоед;
  • Яхмоси пастеризатсия карда нашуда ва инчунин, шири пастеризатсия нашударо (ё ҷўшониданашударо) истеъмол нанамоед;
  • Гўшт ва мурғро нағз пазед; боварӣ ҳосил намоед, ки гўшти яхкардашуда пеш аз пухтан, пурра аз ях об гардидааст;
  • Пеш аз ба мизи хўрокхўрӣ гузоштани ғизои пештар тайёр карда шуда, нағзакак онро гарм кунед;
  • Гўштро дар рафҳои поёнии яхдон нигоҳ доред, то ки оби он начакад ва дигар маҳсулотро чиркин нанамояд; баъди коркарди гўшт дастон ва болои мизҳоро тоза шўёд;
  • Тамоми меваҳо ва сабзавотҳоро бодиққат шўед;
  • Барои он, ки витаминҳо нигоҳ дошта шаванд, сабзавотҳоро дар миқдори ками об пазед ва онҳоро аз ҳад зиёд напазед; асосан дар буғ ё дар печи барқӣ (микромавҷӣ) пазед (агар печи микромавҷӣ дошта бошед);
  • Агар Шумо печи микромавҷиро истифода баред, тавсияҳои истеҳсолкунандаро риоя намоед ва фақат санҷед, ки ғизо нағз гарм шудааст ё не;
  • Мўҳлати истифодабарии ғизоро дар тамғақоғаз тафтиш намоед;
  • Дастпўшакҳоро ҳангоми кор дар боғ истифода баред, дастонатонро баъди кор кардан шўед;
  • Ба гурбаҳо ва сагҳо наздик нашавед, чунки онҳо манбаи асосии паҳншавии бемориҳои гиҷҷа (кирми рўда) мебошанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


 border=
 border=

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 203
  • 382
  • 47,536