ҚАТРАИ ХУНИ ТУ НАҶОТБАХШИ ҲАЁТЕСТ

Июн 14
09:14 2012

4 июн дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии донори хун қайд карда мешавад. Имсол Рӯзи байналмилалии донори хун таҳти шиори  «Қатраи хуни ту наҷотбахши ҳаётест» гузашта истодааст.

Дар  Маркази ҷумҳуриявии илмии хун аз субҳ одамони зиёде ҷамъ шуда навбат мепоиданд, то хун супоранд.  Чӣ тавре, ки ба мо муовини директори Маркази ҷумҳуриявии илмии хун Нуралӣ Ашӯралиев иброз дошт, – то соати 11-и рӯз дар марказ аллакай 250 хунсупорӣ ба амал омада, то бегоҳ 500-700 хунсупорӣ дар назар аст. Дар ҳудуди ҷумҳурӣ дар Рӯзи донори хун то 1,500 хунсупорӣ ба амал меояд, – мегӯяд Н.Ашӯралиев.

Ҳамчунин хунсупорӣ  тавассути мошинҳои сайёри хун дар нуқтаҳои гуногуни шаҳри Душанбе низ амалӣ гашта истодааст. Ду мошин ва ду гурӯҳи   сайёр бо ҳайати табиб, ду ҳамшираи тиб (эксфузионист), озмоишгар, корманди хурди тиб ва ронанда дар маҳаллаҳои гуногуни шаҳр ва дар назди ташкилоту муассисаҳои бузург истода, хун қабул карда истодаанд.

Директори Маркази ҷумҳуриявии илмии хун Азиз Одинаев ба мо гуфт, «соли равон ба маблағи 520 ҳазор доллари амрикоӣ чор  мошини сайёри пурра таҳизонидашуда  ва ба маблағи 3 миллион доллари амрикоӣ таҷҳизот ва техникаи муосир  барои коркарду ташхис, ки бехатарии хунро таъмин мекунад, бо кӯмаки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маркази ҷумҳуриявии хун оварда шуд. Ин мошинҳо ба вилоятҳои Суғду Хатлон, минтақаи Рашт ва шаҳри Душанбе тақсим карда шуданд».

Ҳар рӯз дар Маркази ҷумҳуриявии хун зиёда аз 350 нафар хун месупоранд. То омадани ин мошинҳо хунгирии сайёр мавҷуд буд, аммо хун дар нақлиётҳои гуногун супорида мешуд.

Имрӯз боиси хурсандист, ки Маркази ҷумҳуриявии илмии хун бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нақлиёти ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ таъмин гардид.

Ин мошинҳо бо барқи мустақил таъминанд (генератор доранд),  ҳамчунин дар дохили онҳо яхдонҳои махсус барои сафар, ҷои махсус барои оббозӣ, ташноб мавҷуданд.

Худи марказ дар таъмини нармкурсиҳо ва таҷҳизот барои ҷудо намудани ҷузъҳои хун, коркарду ташхиси хун кӯмак мерасонад.

Дар соли 2011 дар ҷумҳурӣ 30 ҳазор хунсупорӣ ба амал омадааст, ки ин тақрибан 15 000 литрро ташкил медиҳад.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ зиёда аз 10 ҳазор донорони хун ҳастанд. Аз соли 2000-ум инҷониб ба донорони фаъол унвони «Донори фахрӣ» дода мешавад ва имрӯз дар кишвар зиёда аз 70 «Донори фахрӣ» кору фаъолият мекунанд, ки аз имтиёзҳои махсус бархурдор мебошанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 1
  • 28
  • 276
  • 92,872