Қаҳва метавонад умри инсонро дароз кунад

Қаҳва метавонад умри инсонро дароз кунад
Ноябр 25
13:18 2019

Олимон ба чунин хулоса омадаанд, ки қаҳва аз сабаби миқдори зиёди антиоксидантҳои дар дохилаш дошта метавонад ба дарозумрии инсон мусоидат кунад. Дар ин бора «Medikforum» хабар медиҳад.

Тӯли 12 сол коршиносон таъсири қаҳваи табиӣ ба баданро омӯхта, муайян кардаанд, ки дӯстдорони ин нӯшокӣ дар давраи муайяншуда  камтар фавтидаанд.

Олимони соҳаи тиб ин гуна таъсири қаҳваро ба мавҷудияти антиоксидантҳо, ки равандҳои оксидитивӣ ва вайроншавии ҳуҷайраҳоро заиф мегардонанд, рабт доданд. Оксидизатсия яке аз ангезандаҳои бемориҳои пиршавӣ, рушди саратон ва дилу рагҳо мебошад.

Ҳамзамон антиоксидантҳо дар мубориза бо ин равандҳои патологӣ кумак мерасонанд. Онҳо бо илтиҳоб «мубориза мебаранд» ва радикалҳои озодро, ки дар организм ҳангоми мубодилаи моддаҳо ба амал меоянд, безарар мегардонанд.

Олимон на камтар аз ҳазор антиоксидантҳоро дар донаҳои қаҳва кашф кардаанд. Бар замми ин ҳангоми бирён намудани донаи қаҳва садҳо аксиданти  нав ташаккул меёбад.

Ба ақидаи коршиносон, барои коҳиш додани хатари марги бармаҳал инсон бояд дар як рӯз тақрибан чор пиёла қаҳва нӯшад, аммо субҳгоҳон истеъмол намудани қаҳваро тавсия намедиҳанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2020
ДСЧПҶШЯ
« மே  
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 370
  • 656
  • 363,078