Қурбон Ҳакимзода ва Дан Зан бунёди муассисаҳои тиббиро баррасӣ намуданд

Қурбон Ҳакимзода ва Дан Зан бунёди муассисаҳои тиббиро баррасӣ намуданд
Август 13
08:46 2019

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вохӯрии раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо намояндаи Ширкати “Neusoft Medical Corporation”- и Ҷумҳурии халқии Чин Дан Зан ва ҳамроҳонаш доир гардид.

Дар вохӯрӣ дурнамои ҳамкории вилоят бо ширкати мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷумла қайд  карда шуд, ки дар доираи ёддошти тафоҳуме, ки байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Ширкати “Neusoft Medical Corporation”- и Ҷумҳурии халқии Чин амал менамояд, дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак, Восеъ, Фархор, Шаҳритуз ва Ҷ. Балхӣ марказҳои ташхисию табобатӣ мавриди истифода қарор гирифтаву бо муосиртарин дастгоҳҳо муҷҷаҳаз гардонида шуда, ба ин марказҳо мутахассисони соҳибтахассус ҷалб карда мешаванд.

Намояндаи Ширкати “Neusoft Medical Corporation”- и Ҷумҳурии халқии Чин Дан Зан зимни баромади худ барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва дастгирии ҳамешагӣ ба раиси вилояти Хатлон изҳори сипос намуда,  иброз дошт, ки ки онҳо омодаанд ин марказҳоро дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёд намуда, барои таъмин намудани марказҳои ташхисию табобатӣ мутахассисони маҳаллиро омода намоянд.

Сипас, раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон ҷиҳати ҳамкориҳои бештар бо ширкати мазкур изҳори умедворӣ намуда,  қайд кард, ки бо дарназардошти фаъолияти муваффақонаи ширкати мазкур мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон омодааст дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати ҷудо намудани маконҳои муносиб барои сохта ва ба истифода додани марказҳои ташхисию табобатӣ мусоидат намояд.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 150
  • 264
  • 211,285