Ҳадафи аслии омӯзишҳо – рушди малакаи роҳбарӣ

Апрел 25
14:11 2017

Таи рӯзҳои 24 – 27 апрели соли равон дар пойтахти кишвар –шаҳри Душанбе даври навбатии  омӯзишӣбарои кормандони соҳаи ҳифзи иљтимоии аҳолӣ идома хоҳад ёфт.  Ин дар ҳолест, ки шурӯъ аз 4 апрел Вазорати тандурустӣва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ бо мақсади татбиқи “Барномаи миллии  тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020” омӯзишҳоро барои роҳбарону кормандони муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баргузор намуда истодааст.

Хотиррасон менамоем, ки љиҳати пурсамар доир гаштани омӯзишҳо  Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ коршиносони соҳибтаҷрибаро аз  лоиҳаи  “Илми таълими тандурустӣ”-и Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣба мисли мушовирони техникӣ Кейт Елизабет Вилсон, Мария де Лордес де ла Пеза де Гадсден ва мутахассиси калони лоиҳа Сара Рут Джонассен Битман даъат намудааст.

Маврид ба зикр аст, ки таи рӯзҳои  17-20-ум ва 21-уми апрел чунин омӯзишҳо баргузор гардиданд ва тренерон омӯзишҳоро бо истифода аз таҷрибаву малака, донишҳои касбӣ ва усулҳои гуногуни баён   дар сатҳи баланд доир намуданд, ки ин боиси зуд азхудкунии мавзӯъҳои пешниҳодшуда аз ҷонби шунавандагон гардид.

Мусаллам аст, ки  сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди хизматрасонии иҷтимоӣ дар шакли будубоши рӯзона ва тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал равона гардидааст. Бо назардошти ин, сол аз сол шумораи марказҳои будубоши рӯзона барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ва пиронсолону маъюбон зиёд гардида, теъдоди онҳо дар соли 2016 ба 20  ва соли 2017 ба 30 адад расонида шуд.

Масъалаи баланд бардоштани сатҳи донишҳо ва малакаҳои роҳбарони марказҳои  хизматрасонии иҷтимоӣ барои пиронсолону маъюбон ва кӯдакони имконияташон маҳдуд як қисмати “Барномаи миллии  тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020”-ро ташкил медиҳад.

Ба нақша гирифтани омӯзиш барои роҳбарони ин марказҳо дар мавзӯи“Роҳбарӣ ва идоракунии “Тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал” бисёр бамавқеъ аст. Зеро имрӯз ҳар як роҳбар бояд усули роҳбариашро тибқи тақозои замон интихоб намуда, бо диди нав ва назари неку андешаи пок ва дар рӯҳияи ташаккули фазои солим, баробарӣ, эҳтироми коллектив ва  шахсияти ҳар як кормандон фаъолияташро ба роҳ монад.

Ба омӯзиш беш аз 60 нафар роҳбарони марказҳои будубоши рӯзона барои пиронсолону маъюбон ва кӯдакони имконияташон маҳдуд аз шаҳру ноҳияҳои љумҳурӣдаъват шудаанд ва ба онҳо вобаста ба усулҳои нави роҳбарӣва идоракунӣмавзӯҳои љолиб пешниҳод мегарданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


 border=
 border=

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 500
  • 495
  • 46,925