Ҳайати мушовара масъалаи сифати дорувориро баррасӣ намуд

Ҳайати мушовара масъалаи сифати дорувориро баррасӣ намуд
Декабр 21
14:53 2018

Имрӯз, 21 декабри соли равон дар толори Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббӣ-шаҳраки Шифобахш” ҷаласаи мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ва муовинони он, сардорони Раёсатҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, роҳбарият ва намояндагони муассисаҳои зертобеи вазорат, инчунин сардорони Раёсатҳои тандурустии вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва шаҳри Душанбе ширкат намуданд.
Дар бораи то ба ҷойи кор ҳозир шудани хатмкунандагони солҳои таҳсили 2015-2016-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва хатмкунандагони солҳои таҳсили 2017-2018-и Коллеҷҳои давлатии тиббии ҷумҳурӣ Раҷабзода С. Р.-сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фармасевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар баромад намуд.
Дар ҷаласаи мазкур қайд гардид, ки дар соҳаи тандурустӣ айни ҳол дар ҷумҳурӣ баъзе аз мутахассисони баландихтисос ва духтурони миёнаи тиб намерасанд ва ин мушкил бояд аз тарафи нафароне, ки тавассути квотаҳо таҳсил менамоянд, ҳал карда шавад. Инчунин гуфта шуд, ки тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз 70 квотаи дигар ба ВМКБ ҷудо карда мешавад, ки ин дар таъмини кадрҳо дар соҳаи тибби вилоят мусоидат хоҳад кард.
Вобаста ба масъалаи назорати сифати маводи доруворӣ ва пешгирӣ намудани воридоти маводи қалбакӣ ва ба стандартҳо ҷавобгу набуда, Давлатов М., сардори Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сухан ронда, гуфт, ки айни ҳол дар ҷумҳурӣ зиёда аз 2440 муассисаи фармасевтӣ амал мекунад:
-Таъмини аҳолӣ бо маводи дорувории безарару хушсифат яке аз самтҳои асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳуриро дар соҳаи тандурустӣ ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, баҳри солимии ҷомеа ва таъмини дорувории босифат саъю кӯшиш менамояд,-илова намуд ӯ.
Инчунин дар ҷаласа қайд карда шуд, ки дар 11 моҳи соли ҷорӣ ба кишвар зиёда аз 52 млн доллари ИМА маводи доруворӣ ворид гаштааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22% зиёд мебошад.
Дар ҳамин давра 658 намуди маводи доруворӣ аз қайди давлатӣ гузаштааст. Дар давоми 11 моҳи соли равон аз тарафи муассисаҳои фармасевтӣ зиёда аз 6255 номгӯи маводи дорувории муҳлати истифодаашон гузашта барои несту нобуд кардан ба Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супорида шуданд.
Давоми 11 моҳи соли равон аз тарафи шуъбаҳои Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сарраёсат ва раёсатҳо 509 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода шуда, зиёда аз 1млн 100 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ гардида, ин маблағҳо ба буҷаи давлат гузаронида шуданд.
Дар бораи рафти иҷрои механизми таъйин ва пардохти кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат (интихобан дар 10 шаҳру ноҳияҳо) Қурбонов Қ. Қ., сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуд.
Номбурда зимни суханронии хеш иброз намуд, ки масъалаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, хусусан дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ яке аз афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор рафта, ҳамеша таҳти назорати бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад:
-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама баромадҳояшон ҷиҳати дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, хусусан маъюбон, ветеранҳои ҷангу меҳнат, кӯдакони ятиму бесаробон ва оилаҳои камбизоат таъкид менамоянд. Татбиқи қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии оилаҳои камбизоат низ аз ҳамин дастуру супоришҳо сарчашма мегиранд. Бинобар ин, аз соли 2011 инҷониб дар ҷумҳурӣ ҷиҳати дастгирии оилаҳои камбизоат механизми таҷрибавӣ оид ба таъмин ва пардохти кӯмакпулии иҷтимоии аҳолии камбизоат ҷорӣ шуда, имрӯз дар чил шаҳру ноҳияҳои кишвар амалӣ шуда истодааст. То санаи 1 декабри соли 2018 дар чил шаҳру ноҳияи мазкур ба феҳристи ягонаи махзанизми иттиллотии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар зиёда аз 98 ҳазор ариза ворид гардида, аз он 87 ҳазору шашсад нафар оилаҳои камбизоат ҳуқуқи гирифтани кӯмакпулиро доранд. Қариб 39 млн сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои дар суратҳисоби агентибуда барои пардохт пешниҳод гардидааст, ки тибқи иттилои расмии “Амонатбонк” то кунун 30 млн сомонӣ дастраси оилаҳои камбизоат гардидааст,-афзуд Қурбонов Қ. Қ., сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 300
  • 535
  • 224,114