Ҳамкории якҷоя барои мубориза бо бемории сил

Август 20
10:01 2018

18 август рузи таваллуди олими тоҷик ва форсизабон, файласуф ва табиб Абӯалӣ ибни Сино аст, ки ҳамчун Avicenna (тақ.с. 980-1037). Avicenna ҳамчун падари тибби муосир тасвир шудааст ва ҳамин тавр, ин рӯз ҳамчун рузи корманди Тиб дар Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, ки мутахассисони соҳаи тиб бароибетаъхиркор кардан барои ҳалли мушкилоти тиббии имрӯза изҳори шукргузорӣ мекунанд.
Табобати бемории сил яке аз ин мушкилоте аст, ки алҳол яке аз марговартарин бемории сироятӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Осиёи Марказӣ ҳамчун минтақа, як қатор давлатҳоеро фаро мегирад, ки алалхусус бо бори вазнинии беморӣ рӯбарӯ мешаванд.Махсусан, кишварҳое, ки дар минтақа бо мушкилоти табобати Сили Устувор (СУ) рӯбарӯ мешаванд –яъне шакли беморие, ки ба доруҳои маъмулии табобатӣ ва табобатмуқовимат нишон медиҳад. СУ силсилаи доруҳои махсус ва барномаҳои табобатии дарозмуддатро талаб мекунад, ки давомнокиашон то 24 моҳ тул мекашад. Ғайр аз ин, доруҳое, ки барои табобати ин беморӣ заруранд, метавонанд барои ҷисми бемор заҳролуд бошанд ва боиси нороҳатӣ ва таъсирпазирии манфӣ ба монанди сардардии шадид, чархзании сар, дилбеҳузурӣ, тағйири ранги пӯст ва ҳатто карахтии шунавоӣ гарданд.
Ин душвориҳо боз ҳам мушкилтар мешаванд вақте, ки кӯдакон мубталои СУ мегарданд.Мушкилоти марбут ба муолиҷаи кӯдакон танҳо бо доруҳои заҳролудкунанда, ки барои мубориза бо бемории мазкур истифода мешаванд маҳдуд намешавад, балки бо ташхис низ. Усулҳои ташхиси муқаррарӣ, ки барои калонсолон истифода мешаванд, аксаран барои кӯдакон дастрас нестанд ва ё дуруст нестанд. Ин маънои онро дорад, ки оилаҳо ва муассисаҳои тандурустӣ бояд усулҳои алтернативиро аз оғози ошкоркунии беморӣ дарёфт кунанд ва дар тамоми давраи табобат ба муносибатҳои инфиродӣ риоя кунанд.Дар Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Вазорати тандурустӣ) ҳоло бо ташкилотҳои байналхалқии тиббии башардӯстонаи Духтурон Бидуни Марз (MSF) бо ин мушкилот кор мекунад. Аз соли 2011 инҷониб Вазорати тандурустӣ ва MSF дар барномаҳои фарогирии кӯдакон бо табобати СУ дар кӯдакондар шаҳри Душанбе ва минтақаҳои атроф ҳамкорӣ мекунанд. Ба шарофати ҳамкорӣ, MSF ва Вазорати тандурустӣ заминаеро барои беҳтар намудани нигоҳубини кӯдакони гирифтори бемории сил, тавассути татбиқи табобатҳои навтарин ва навсозиҳо ва ҷорӣ намудани намунаи усули ғамхорӣ, ки бештар бемор дар маркази диққат аст, роҳандозӣ намуданд.
Кормандони тиббии дафтари MSF дар Душанбе, ҳар бегоҳ баъд аз саҳро баргаштанҷамъ меоянд, то ки рӯзи ояндаро пеш аз ба корҳои саҳроӣ рафтан муҳокима намоянд, ва мушкилиҳои ки бо онҳо эҳтимоли рӯ ба рӯ шуданро доранд баррасӣ намоянд. Шамсия Мирагёсиева, духтуре, ки бо созмон аз соли 2012 инҷониб кор карда истодааст, мефаҳмонад, ки чӣ гуна рӯзи маъмулӣ аз Беморхонаи шаҳрии кӯдаконаи бемориҳии сил оғоз меёбад, ки дар он ҷо ҳайати командони MSF паҳлу ба паҳлу бо духтурон ва ҳамшираҳои беморхона барои баррасии натиҷаҳое, ки омаданд, муҳокима мекунанд ва фаъолиятҳои ҳаррузаро иҷро менамоянд. Аз ин ҷо, гурӯҳи мазкур аксар вақт ба беморхонаи Маркази миллии бемориҳои сил, шушҳо ва ҷароҳии қафаси сина ҳаракат мекунанд, ки дар он ҷо низ бо як даста ҳайати кормандони хизматрасони соҳаи тандурустӣ робита мекунанд, барои муайян кардани ҳолати беморон, муҳокима намудани ҳолатҳои душвор дар рафти табобат ва нақшаҳои табобатро муносибатан мувофиқа месозанд. Ниҳоят, рӯзи муқаррарӣ метавонад бароиҳайати кормандони MSF бо ҳаракат кардан ба марказҳои саломатӣ, маркази шаҳрии ҳимоя аҳолӣ аз бемориҳои сил ё гӯшаи ТНБ хотима ёбад. Ниҳоияшон маконест, ки дар он ҷо беморон метавонанд қабули доруҳояшонро дар ҳузури корманди тиббӣ ба анҷом расонанд, дар қисмате, ки табобати бевосита мушоҳида мешавад – ин стратегияест, ки бо мақсади кӯмак ба беморон ҳангоми табобат ташкил шудааст. Таҷриба ин як қисми стратегияи татбиқи нигоҳубини амбулаторӣ мебошад ва нигоҳубини амбулаторӣ аз рӯзи яккум(ACD1) дар маврид ва ҷое, ки имконпазир аст. Нигоҳубини амбулаторӣ ин шакли табобат аст, ки беморонро ба нигоҳубини хона бармеангезад.
Духтур Шимсия мегӯяд, ки нигоҳубини амбулаторӣ барои нафароне, ки дар хона табобат мегиранд манфиатҳои зиёд дорад. Ин барои беморон қуллай аст, чунки бо ин васила онҳо метавонанд ба оилаҳои худ наздик бошанд ва инчунин барои ҳифзи кӯдакон аз сироятёбӣ бо дигар шаклҳои бемории сил, ба монанди СУ роҳи хуб аст. Бо роҳбарии табобат дар хона, беморон ба намудҳои мухталифи бемории сили ба дору устувор дучор намешаванд, ки табобати онҳо мушкилтар мебошад. Нигоҳубини амбулаторӣ – ин яке аз самтҳои аввалиндараҷаи ҳамкории Вазорати тандурустӣ ва MSF мебошад, ки MSF дар татбиқи он ҳавасманд аст. Шамсия таъкид мекунад, ки ин кор танҳо дар дастаҷамъӣ имконпазир аст, дар ҳолати паҳлу бапаҳлу бо шарикон аз муассисаҳои тандурустӣ кор кардан.
Нигора Бадридинова, духтури силшиносе, ки дар шаҳри Душанбе кор мекунад, мефаҳмонад, ки “соҳаи тандурустии ҶумҳурииТоҷикистон аз навовариҳо ба монандитабобати амбулаторӣ аз рузи якум (ACD1)чӣ гуна манфиат мебарад, зеро Вазорати тандурустӣалакай ӯҳдадории худро оид ба ACD1 нишон дод, ки назорати ҳар як беморро аз оғози ҷараёни табобат то ба охирроосон мекунад. Барои ман ҳамчун духтур, барои назорат кардани муваффақиятҳои беморон дар асоси намунаи инноватсионӣ кӯмак мекунад”.
Дар доираи табобати амбулаторӣ ба нигоҳубин, Вазорати Тандурустӣ ва MSF дар айни замон иқдоми дигарро, ки муолиҷаи зери назорати бевоситаи оилавӣ (F-DOT) дар бар мегирад, пеша кардаандто, ки аъзоёни оилаи бемор боварӣ ҳосил мекунанд, ки доруҳороҳар рӯз дуруст,сари вақт ва бо риояи табобат дода мешаванд. Духтур Нигора таъкид мекунад, ки чӣ гуна хизматрасонӣ бо кӯмак расондан барои ноил шудан ба намунаи ғамхории бештар бемор дар маркази диққат, “ACD1 ва F-DOT ба ниёзҳои беморони сил ҷавобгу мебошад, зеро аз бистарӣ кардани ғайри ҳатмӣ канорагирӣ мекунад”.
Ҳарчанд ҳанӯз дар марҳилаҳои аввали татбиқ аст, аллакай исбот шудаистодааст, ки ин хизматрасонии самаранок аст. Гулнора модари ду кӯдаки то синни 10-сола мебошад, ки ҳардуяшон табобат бароиbбемории СУ мегиранд.Ӯ таъсири назарраси ин усулро барои оила чунин мебинад, “Дар марҳилаҳои аввали давраи ташхис, маноиди ташвишҳоям нисбати бистарӣ кардани фарзандоям дар беморхона гуфта будам.. Шавҳариман дар хона набуд дар он вақт, ӯ барои дарёфти маблағ барои зиндагӣ ба муҳоҷират рафта буд. Дар хона касе набуд, ки дигар аъзоёни оиларо нигоҳубин кунанд ва корҳои хонаро анҷом диҳад”. Барои оилаҳои ба монанди оилаи Гулнора, барномаи амбулаторӣ маънои онро дорад, ки духтурон ва ҳамшираҳои тиббӣ метавонанд намуди ғамхорӣеро таъмин кунанд, ки ба оилаҳои ниёзманд мувофиқанд. “Ташвишҳои моро шунида, дастаи тиббӣ модели F-DOT -ро пешниҳод карданд ва пурсиданд, ки оё ман, аз уҳдааш баромада метавонам. Ман хеле хушҳол шудам. Ба мо дигар зарур набуд, ки ҳар рӯз ду-се километр роҳро тай карда ба гӯшаи ДОТ равем балки дар хона бо фарзандон мондан хеле хуб буд”.
Барои Гулнора, фарқияти табобат на танҳо маънои онро дорад, ки вай метавонад дар хона бимонад ва оилаашро нигоҳубин кунад. “Ман дар омӯзише, ки аз ҷониби дастаи MSF ва кормандони муассисаҳои тандурустӣ оид ба доруҳо ва чӣ тавр онҳоро идора кардан гузаронда шуд,иштирок кардам. Мо фарқ кардани доруҳоро аз рӯи номҳояшон омӯхтем ва инчунин кадом дору ба кадом кӯдак дода мешаванд. Ба ҷои интизор шудан … шумо худатон метавонед амал кунед”.
Духтур Нигора ҳамчунин инчунин моҳим будани кори гурӯҳиро қайд кард, ки ҳангоми иҷроиши чунин дастур муҳим аст, ки “ACD1 комилан имконпазир аст, вақте ки кор муштарак аст, гурӯҳ аз рӯи нақшаи дурустамал мекунад, инчунин дастгирӣ ва захираҳо низ дастрас бошанд”.
Барои кишварҳое, ки бори вазнинии бемории СУ рӯ ба рӯ мешаванд, ин шарикӣ муҳим аст. Барои ба миён омадани чунин ҳамкорие,ки дар байни Вазорати тандурустӣ ва MSF вуҷуд дорад, боварӣ бояд бошад. Бо вуҷуди ин, духтур Шамсия ҳамчунин қайд мекунад, ки “эътимод дар як рӯз ба вуҷуд намеояд ва ин на танҳо саҳми духтурон аст барои ба вуҷуд овардани чунин эътимод, балки саҳми ҳама ҳамшираҳои мо, логистони мо аст, ва ин муносибати ҳамаҷонибаи мо нисбати табобат мебошад”. Натиҷа, ӯ хулоса мекунад, ки ин шарикии бомуваффақият аст, ки қобилияти татбиқ намудани муносибатҳои навини табобату ғамхориро дорост.
Мо аз тағйироту пешрафтҳое,ки дар ҷаҳон ҳастанд қафо нестем, балкимо қисме аз онҳо ҳастем.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2020
ДСЧПҶШЯ
« ஏப்  
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 6
  • 1,134
  • 328,893