Ҳамоиши иттилоотӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Дар мубориза бар зидди бемории сил муттаҳид мешавем!”

Ҳамоиши иттилоотӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Дар мубориза бар зидди бемории сил муттаҳид мешавем!”
Апрел 14
07:37 2018

13-уми апрели соли равон бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи USAID дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев чорабинии иттилоотӣ-фарҳангие таҳти унвони “Дар мубориза бар зидди бемории сил муттањид мешавем” баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории ин намоиш баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардуми кишвар аз бемории сил ва роҳҳои гузаришу пешгирӣ ва табобати он арзёбӣ шуд. Дар чорабинии мазкур кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарон ва кормандони намояндагиҳои дипломативу ғайриҳукуматии кишварҳои хориҷӣ, табибону рӯзноманигорон аз саросари ҷумҳурӣ ва сокинони пойтахт иштирок намуданд.

Ҳамоишро муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳаммудин Камолзода ифтитоҳ намуда, аз иштироки васеи намояндагони воломақоми хориҷӣ, табибони силшиноси мамлакат ва сокинони пойтахт изҳори сипосу қаноатмандӣ намуд. Зикр гардид, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои коҳиши сирояти шаҳрвандон ба бемории сил ва табобати ройгону саривақтии гирифторони ин беморӣ мунтазам чораву тадбирҳои мушаххас меандешад. Ҳамзамон, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳаммудин Камолзода аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки тамоми донишу таҷрибаи худро истифода намуда, дар ҳамдастӣ бо якдигар бар зидди бемории сил дар кишвар мубориза баранд.

Дар ҷараёни чорабинӣ ҳамчунин намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, Парлумони Британияи Кабир, роҳбари Дафтари Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон ва дигарон баромаду суханронӣ намуданд. Аз ҷумла, узви Палатаи лордҳои Британияи Кабир, баронесса Элисон Мери Сюти, ки ҳамзамон раиси гурӯҳи британии парлумонӣ оид ба бемории сил мебошад, зимни суханрониаш аз талошу тадбирҳои роҳбарияти мамлакат ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории сил ситоиш намуда, изҳори умед кард, ки сатҳи бемории мазкур дар Тоҷикистон дар ояндаи наздик башиддат коҳиш хоҳад ёфт. Инчунин, баронесса Элисон Мери Сюти, ки бори нахуст ба Тоҷикистон ташриф овардааст, аз Тоҷикистону меҳмоннавозии тоҷикона тавсиф намуда, афзуд, ки воқеан ин кишвар яке аз беҳтарин маконҳои диданиву сайёҳии ҷаҳон аст.

Дар идомаи ҳамоиш табибон, ҳамшираҳои шафқат, табибони оилавӣ, фаъолони маҳаллӣ ва ихтиёриёне, ки дар баланд бардоштани сатҳи табобату пешгирии бемории сил дар кишвар ва  маълумотнокии аҳолӣ оиди ин беморӣ саҳми назарраш гузоштаанд, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) бо диплому ифтихорнома ва сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Мавриди зикр аст, ки ҳамзамон ғолибони озмуни маводҳои иттилоотиву таҳлилӣ зери унвони “Сил табобатшаванда аст!” муайян гардида, аз тарафи баргузоркунандагони чорабинӣ бо диплому ноутбук ва телефони мобилӣ қадрдонӣ гардиданд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки чорабиниро ҳунармандону санъаткорон бо ҳунару сурудаҳои хеш рангин намуда, хотири иштирокдоронро болида гардониданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


 border=
 border=

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 198
  • 382
  • 47,531