Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории сил

Март 27
09:48 2017
24 марти соли равон дар Маркази миллии бемориҳои силу шуши ҷарроҳиҳои қафаси синаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо дастгирии барномаи USAID бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории сил ҳамоиш баргузор гардид. Фирӯз Шарипов, директори Маркази миллии бемориҳои силу шуши ҷарроҳиҳои қафаси сина иброз дошт, ки ҳоло дар марказ 280 нафар беморони гирифтори сил бистарӣ буда,  ин шумора нисбат ба солҳои қаблӣ камтар ба назар мерасад.
 Фирӯз Шарипов ҳамзамон иброз дошт, ки; «Маркази миллии бемориҳои силу шуши ҷарроҳиҳои қафаси сина бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии беморон, хешу табори онҳо ва коргарони марказ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондааст. Бо  дастгирии  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо «Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди сил» ва Лоиҳаи ХОУП ба маркази миллии бемориҳои силу шуши ҷарроҳиҳои қафаси сина дастгоҳҳои замонавӣ ворид гардиданд, ки тавассути онҳо беморон сари вақт аз ташхис гузашта, ба  табобат фаро гирифта мешаванд»

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 1
  • 105
  • 256
  • 76,375