Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи мубориза бар зидди коррупсия

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи мубориза бар зидди коррупсия
Декабр 10
09:24 2018

            Санаи 8 декабри соли равон бо иштироки Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони соҳаи тандурустӣ дар Маркази миллии тиббии Тоҷикистон -“Шифобахш” бахшида ба Рӯзи мубориза бар зидди коррупсия ҷамъомад доир гардид.

М. Камолзода бо сухани ифтитоҳӣ ҷамъомадро ҳусни оғоз бахшида, ҳузури ҳозиринро хайрамақдам гуфт. Мавсуф зимни суханронии худ  иброз дошт: “Чӣ хеле ки мову шумо огаҳ ҳастем,  аз соли 2003 то инҷониб бо ташаббуси Маҷмааи кулли СММ ҳамасола 9 декабр ҳамчун Рӯзи мубориза бо коррупсия дар саросари ҷаҳон қайд карда мешавад. Қобили қайд аст, ки аз ҷониби СММ 31 октябри соли 2003  Конвенсияи СММ зидди коррупсия қабул гардида, 9 декабри соли 2003 зиёда аз 100 давлати дунё онро пазируфтанд. Муҳимияти ин ҳуҷҷати СММ-ро ба назар гирифта, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ соли 2006 зери ин Конвенсия имзо гузошт”.

Ӯ инчунин қайд кард, ки бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баҳри пешгирии хавфу хатари амалҳои коррупсионӣ ду стратегия-“Стратегия бар зидди коррупсия барои солҳои 2008-2012” ва “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20013-2020” қабул гардид.

Ҳамзамон қайд карда шуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар дар қатори дигар сохторҳои марбутаи Тоҷикистон оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва иҷроиши “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20013-2020” дар вазорат комиссияи махсус амал мекунад, ки дар байни кормандони соҳаи тандурустӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, аз хавфи амлҳои коррупсионӣ пешгирӣ менамояд.

Дар чорабинии мазкур Нигора Муқимӣ, сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва баромад намуда, барои гузаронидани чунин чорабинии васеъ ва муҳим ба роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ва ба кулли кормандони Маркази миллии тиббӣ-“Шифобахш” изҳори миннатдорӣ баён намуд. Номбурда зимни суханронии хеш аз таърихи коррупсия ёдовар шуда  гуфт: “Коррупсия яке аз падидаҳои номатлубест, ки барои таъмини ҳаёти осоишта ва рушди  иқтисодиёти кишвар монеаҳои зиёдеро ба бор меорад. Аз ин рӯ, бо мақсади пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия бо фармони Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки вазифаҳои асосии он назорати давлатии молиявӣ, пешгирӣ, барҳам додан ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мебошад”.

Нигора Муқимӣ кормандони соҳаи тандурустиро ба кору фаъолияти софдилона ва содиқона даъват намуда, иброз дошт, ки хилъати сафедеро, ки ба бар доранд, ҳеҷ гоҳ доғдор накунанд.

Сипас муовини сардори Маркази  миллии тиббӣ-“Шифобахш”  оид ба кадр сухан ронда, қайд намуд, ки  дар ҳақиқат, коррупсия зуҳуроти номатлуби ҷамъиятӣ буда, муқовимати дастҷамъонаро талаб менамояд.

Дар интиҳо Мирҳамуддин  Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар зикр намуд, ки Президенти кишвар муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 22 декабри соли 2016 қайд намуда буданд, ки пешгирии амалҳои коррупсионӣ на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

-Итминони комил дорам, ки ҳар яки мо дар паҳлуи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рост истода, зидди амалҳои номатлуби коррупсионӣ мубориза мебарем,-афзуд ӯ.

Дар ин рӯз ҳамчунин вохурии кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо устодону донишҷӯёни Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ доир гашт. Дар  вохурии мазкур устодон ва донишҷӯёни Коллеҷи мазкур дар мавзӯъҳои гуногун баромад намуданд. Аз ҷумла, омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ Аминов Бахтиёр дар мавзӯи “Заминаҳои пайдоиши ҷаҳонбинии коррупсионӣ дар дунёи қадим”,  омӯзгор Хоҷаев Сафаралӣ дар бораи “Тарбияи ҳуқуқӣ-воситаи самараноки фаъолияти зиддикоррупсионӣ”, омӯзгор Ғуломов Сафаралӣ  дар бораи “Коррупсия- монеаи рушди иқтисоди миллӣ” ва омӯзгор  Абдулмалик Солеҳов дар мавзӯи “Коррупсия ва ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ” баромад намуданд.

Инчунин дар вохурии мазкур аз ҷониби донишҷӯёни Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ  саҳначаҳо оид ба коррупсия ва оқибатҳои он  ба ҳозирин  намоиш дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 238
  • 314
  • 180,306