Ҳамоиш зидди паҳншавии бемории ВНМО дар байни донишҷӯён

Май 03
15:24 2017

Ҷиҳати иҷрои «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» ва пешгирии паҳншавии бемории ВНМО/АНМО (ВИЧ/СПИД) дар байни аҳолӣ, дар ҳамкорӣ бо Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим ва Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемории ВНМО/АНМО дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора аз Донишгоҳи мазкур хабар доданд.

Ҳамоиш бо иштироки кормандони факултаи муолиҷавӣ, шуъбаи кор бо ҷавонон, кафедраи валеология ва тарбияи ҷисмонӣ, ҳамчунин бо ширкати донишҷӯёни курсҳои 1-2-юми факултети тиббӣ баргузор шуд.
Бояд зикр намуд, ки аз ҷониби кормандони Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим ва Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемории ВНМО/АНМО дар мавзӯи зикргардида маърӯзаҳо пешкаши донишҷӯён карда шуданд. Баъдан як филми кӯтоҳмуддат дар бораи сабабҳо, роҳҳои гузариш ва пешгирии бемории АНМО намоиш дода шуд.
Ҳамчунин ҳамаи донишҷӯён тариқи тестикунонии фаврӣ дар озмоишгоҳи сайёри Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемории ВНМО/АНМО аз ташхис гузаштанд ва ба онҳо маводи иттилоотӣ пешниҳод гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 1
  • 17
  • 300
  • 179,771