«Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия» баргузор гардид

«Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия» баргузор гардид
Май 10
11:32 2019

Дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» доир ба «Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия»  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид, ки дар он Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Марте Эверард, роҳбари муваққатии Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лучиано Калестинӣ, роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Азизов Зафарҷон, директори генералии Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика»  ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Чорабинии мазкурро муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода ҳусни оғоз бахшида,  аз ҷумла иброз намуд, ки дар ҷумҳурӣ сиёсати ягонаи давлатӣ  ба монанди Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» қабул гардиданд, ки онҳо барои такмили системаи иммунопрофилактика дар қаламрави ҷумҳурӣ ва беҳтар намудани саломатии кўдакон равона шудаанд.

– Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қатори дигар давлатҳои минтақаи Аврупо Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия гузаронда мешавад. Ин чорабинии муҳими соҳаи тандурустӣ, бо ташаббуси Бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ аз соли 2006 то ин ҷониб ҳамасола баргузор  гардида истодааст.

Мақсади асосии он  баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ оид ба моҳияти иммунизатсия дар самти нигоҳдории солимии аҳолӣ равона карда шудааст. Инчунин, Ҳафтаи аврупои иммунизатсия сабаб барои қадрдонӣ намудани кори қаҳрамонони иммунизатсия-яъне шахсони оддие, ки бо воситаҳои гуногун саҳми худро дар муҳофизати ҳаёти инсонҳо бо ёрии ваксинаҳо мегузоранд. Қаҳрамонҳои иммунизатсия-ин олимоне, ки ваксинаҳои бехатар ва самаранокро ихтироъ мекунанд; ин таҳиякунандагони сиёсате, ки дастрасии одилонаро ба иммунизатсия барои ҳар як кўдак таъмин мекунанд; ин кормандони соҳаи тандурустие, ки иммунизатсия мекунанд; ин волидайне, ки иммунизатсияро барои кўдакони худ интихоб мекунанд; ин шахсоне ҳастанд, ки маълумоти дақиқро оид ба ваксинаҳо дар асоси маълумотҳои воқеӣ пайдо ва тақсим мекунанд. Мавзўи имсолаи ҲАИ ва Ҳафтаи умумиҷаҳонии иммунизатсия ин – «Ваксинаҳо амал мекунанд» мебошад,-зимни баромади хеш қайд намуд Саида Умарзода.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1991 Конвенсияи ҳуқуқҳои кўдакро имзо намуд ва аз соли 1993 оид ба ҳифзи саломатии кўдакон ўҳдадорӣ гирифт. Он узви баробарҳуқуқи  Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ гардида, бо дастгирии ташкилотҳои байналхалқӣ, ба монанди Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи кўдакони Созмони Милали Муттаҳид, Агентии Рушди Байналмиллалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва дигар донорҳо ба татбиқи нақшаю стратегияҳо оид ба пасткунӣ ва ё маҳв намудани бемориҳои  сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда  оғоз намуд.

Иммунизатсия – ин сармоягузорӣ ба солимӣ ва некўаҳволии кўдакон дар давоми ҳаёташон мебошад. Бо шарофати ваксинаҳо аксари кўдакон ва калонсолон дар минтақаи Аврупоии ТУТ бар зидди бемориҳои сурхча, гулафшон, гулўзиндонак, кабудсулфа, кузоз ва фалаҷ таъсирнопазир мебошанд. Илова бар ин, теъдоди шахсоне, ки бар зидди сирояти пневмококкӣ, вируси папилломаи одам ва вируси гепатити «В»  иммунизатсия шудаанд, зиёд шуда истодааст, то ки бемориҳои вазнине, ки онҳо метавонанд ба вуҷуд оранд, пешгирӣ карда шаванд.

Бо сатҳи фарогирии иммунизатсия дар минтақаи Аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ба ҳисоби миёна дар сатҳи 90% – дар соли 2017 нисбат ба солҳои пеш  кўдакон бо вояи дуюми ваксинаи сурхча ва гулафшон фаро гирифта шудаанд. Аммо, сарфи назар аз дастовардҳо аллакай дар коҳиш додани хатари паҳншавии бемориҳои ба воситаи иммунизатсия идорашаванда ба даст овардашуда то ҳол аксари кўдакон аз муҳофизате, ки ваксинаҳо таъмин мекунанд, баҳра намебаранд.

Кўшишҳои иловагӣ лозиманд, то ки фазои холие, ки дар иммунизатсия мавҷуд аст, пур карда шавад ва ягон кас бе фарогирии иммунизатсия боқӣ намонад. Нархи дасткашӣ аз иммунизатсия айён аст. Дар соли 2018 дар минтақаи Аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ зиёда аз 82 000 одамон гирифтори бемории сурхча гаштаанд, ки аз ин теъдод 72 нафарашон аз оризаҳои вобаста ба беморӣ фавтидаанд. Фазоҳои холӣ дар фарогирии иммунизатсия дарвозаҳоро барои бемориҳои сироятӣ боз мекунад ва имконияти паҳншавии онҳоро байни шахсони иммунизатсиянашуда фароҳам меоранд.

Ҳамасола Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси Бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустиро дастгирӣ намуда, дар давоми Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия чорабиниҳоро баҳри тарғиботи иммунизатсия дар байни аҳолии кишвар  ҳамчун яке аз роҳҳои самараноки пешгирии бемориҳои сироятӣ амалӣ гардонида истодааст.

Дар доираи иҷроиши нақшаи чорабиниҳо як қатор чорабиниҳои муҳим баҳри баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии кормандони тиб оид ба масъалаҳои иммунизатсия ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, тақсим намудани брошураҳои тарғиботӣ дар байни аҳолӣ  ташкил ва гузаронида мешаванд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳолии мамлакатро барои дастгирии ин ташаббус ва иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Тоҷикистон  даъват менамояд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Бойгонӣ

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 1
  • 19
  • 242
  • 167,301