Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия ва зарурати баргузории он дар Тоҷикистон

Апрел 24
14:08 2017

Имрӯз 24 апрел дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар оид ба «Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардид. Дар кори чорабинӣ Саида Умарзода муовини якуми вазири  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирмаҳмуддин Камолзода муовини вазири  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лучия Эльми Сардори Намояндагии ХКСММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Игорь Поканевич Сардори Намояндагии ТУТ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулони ходимони як қатор идораҳои дахлдор ба соҳа ва кормандони соҳаи тиб иштирок намуданд. Маврид ба таъкид аст, ки чорабинии мазкур дар доираи оғоз гардидани “Ҳафтаи аврупоии имунизатсия”дар кишвар, ки таи рӯзҳои 24-30 апрел дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад, сурат гирифт.

Саида Умарзода муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромади хеш таъкид намуд, ки; «Ҳамасола аз 24 то 27 апрел бо ташаббуси Бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия гузаронида мешавад. Ҷумҳӯрии Тоҷикистон ташаббуси БМТ ТУТ-ро дастгири намуда аз 24 то 30 апрели соли 2017  Ҳафтаи аврупоии иммунизатсияро мегузаронад, ки чорабиниҳои он баҳри тарғибу ташвиқи иммунопрофилактика, ҳамчун усулҳои самарабахши пешгирии бемориҳои сироятӣ равона карда шудааст» .

Маврид ба таъкид аст, ки ин чорабинии муҳими соҳаи тандурустӣ ҳамасола бо ташаббуси БМТ ТУТ аз соли 2006 гузаронида мешавад. Ҳамасола мавзӯи Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия  гуногун буда соли ҷорӣ ин чорабини муҳими соҳа ба мавзӯи  «Ваксинаҳо натиҷаоваранд!» бахшида шудааст.

Игорь Поканевич Сардори Намояндагии ТУТ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромади худ зикр намуд, ки; «гузаронидани Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия барои ҷалб намудани тиққати аҳолӣ ба иммунизатсия ҳамчун яке аз усулҳои асосии пешгирикунандае, ки инсонро аз бемориҳои сирояти эмин нигоҳ медорад, маънидод мегардад. Яъне  мақсади  Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия, ин пешгири намудан, муҳофизат кардани  кӯдакон аз сироятёбӣ ба маризиҳо мебошад».

Хотиррасон менамоем, ки   иммунизатсия ҷиҳати пешгирии маризиҳои фалаҷ ва гепатети В, бемории сил, гулӯзиндонак, кабудсулфа, кузоз,гемофилии типи b,гепотити В, фалаҷ ва сирояти ротавирусӣ, сурхча, гулафшон, ва дигар демориҳои сироятӣ барои кӯдакону нафрасони навзод то ба 6 сола пешбини шудааст.

 Мақсади  Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия.

Зарурият ва ҳуқуқи ҳар як кӯдак  барои муҳофизат аз бемориҳои   сироятӣ бо додани таваҷуҳи махсус   ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ мебошад.

Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия ва зарурати гузаронида он:

—  Пешравии  бомуваффақият дар гузаронидани чорабиниҳо  оид ба  мубориза бар зидди бемориҳои сироятии бо воситаи иммунизатсия идорашаванда

—  Маълумотҳои ба даст омада нишон медиҳанд, ки устувор намудани системаи иммунизатсия ҳоло ҳам масъалаи ҳаётан муҳим ба ҳисоб меравад

—  Баланд бардоштани сатҳи дониши  аҳолӣ оид ба бемориҳои сироятии бо воситаи иммунизатсия идорашаванда;

—  Баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ оид ба фоидабахшии иммунизатсия;

—  Талаботи  лозимии  муҳофизат  бояд  95% бошад;

—  Ҳар сол тахминан 600 000 тифлон дар минтақаи аврупоии ТУТ иммунизатсияи давриро намегиранд;

–         То ҳол кўдакон аз бемориҳое мефавтанд, ки онҳоро бо воситаи иммунизатсия пешгирӣ кардан мумкин аст.

7 омили асосие, ки иммунизатсия афзалияти  Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия боқи мемонад.

1.      Иммунизатсия ҳаётро наҷот медиҳад;

2.     Иммунизатсия  ҳуқуқи асосӣ ба ҳисоб меравад, аммо на ба ҳама дастрас аст;

3.     Хуруҷи бемориҳо хатари ҷиддӣ барои саломатии аҳолӣ ба бор меоварад;

4.     Бемориҳои сироятӣ ҳоло ҳам ба фавт оварда мерасонанд;

5.     Баъзе бемориҳоро идора ва маҳв  кардан мумкин аст;

6.     Иммунизатсия аз ҷиҳати молиявӣ фоидабахш аст;

7.     Саломатии кӯдакон аз хизматрасонии системаи тандурустӣ, ки иммунизатсияи бехатар, самарабахш ва камарзишро таъмин мекунад, вобаста мебошад.

 

Аз рӯи натиҷаҳои ба дастомада  бо шарофати гузаронида иммунизастия дар ҷаҳон ҳамасола 6-милион нафар аз ҳалокшавӣ наҷот ёфта 7,5 милион кӯдакон аз маъюбӣ ва маъюбшавӣ наҷот меёбанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 274
  • 264
  • 85,867