Ҳафтаи умумиҷаҳонии истифодаи дурусти доруҳои зиддимикробӣ дар соли 2016

Ноябр 17
16:23 2016

Даъват ба кормандони соҳаи тандурустӣ ва  аҳли ҷомеъа:

 «муҳофизони» доруҳои зиддимикробӣ бошед!

Имрўз мутобиқат ба доруҳои зиддимикробӣ ба як хатари калоне мубаддал  гаштааст, ки  тамоми кураи заминро фаро гирифтааст ва ин хатар рeз аз рeз рӯ ба афзоиш дорад. Аз  14 то 20 ноябри 2016 дар тамоми ҷаҳон  дуюмин ҳафтаи умумиҳонии истифодабарии дурусти доруҳои зиддимикробӣ  ҷашн  гирифта мешавад. Кормандони соҳаи тандурустӣ дар ин самт метавонанд саҳми бузурге дошта бошанд.

 Муқовимат бо сирояти дохилибеморхонагӣ бо сабаби устувории микробҳо ба дуруҳои зиддимикробӣ душвортар мегардад.
Дар гузориши ТУТ, таҳти унвони«Паҳншавии сироятҳое, ки   ба ёрии санитарию тиббӣалоқамандӣдорад» зикр мегардад, ки дар Аврупо сироятҳои дар муассисаҳои тандурустӣ пайдошуда сабаби 16 миллион рӯзи иловагии бистарӣ гардидан, 37000 сабаби фавт, ки маҳз аз ин сироятҳо сар задааст ва 110,000 фавти иловагӣдар як сол мегардад. Дар натиҷа зарари молиявӣсолона, аз ҷумла танҳо хароҷоти бевосита дошта, тақрибан 7 миллиард евро ҳисоб карда мешавад.

       Бо сабаби истифодаи номатлуб ва аз ҳад зиёд,  ташкили пасти чораҳо оид ба пешгирӣва назорат устувории доруҳои зиддимикробӣ рушд ёфта истодааст. Бо мақсади кам кардани устувории доруҳои зиддимикробӣ ва маҳдуд кардани паҳншавӣ ва истифодаи нодурусти онҳо бояд дар ҳама сатҳҳои ҷомеа тадбирҳо андешида  шаванд вадар баробари ин таъсири дурусти антибиотикњо аз ҷониби кормандони соҳаи тандурустӣ ҳифз карда шавад.
 Панҷамали асосии кормандони соҳаи тандурустӣ

Дар   минтақаи, аврупоӣ кормандони соҳаи тандурустӣ– ба монанди табибон,  ҳамшираҳои тиб, шахсоне,  ки дорои ҳуқуқи додани дорухат ба антибиотикҳо доранд, дандонпизишкон, кормандони дорусоз ва дигар мутахассисони соҳаи тиб, ки  метавонанд барои  пешгирӣ ва назорати паҳн шудани устувории доруҳои зиддимикробӣ ёрии худро расонанд, дар иxро кардани тавсияҳои ТУТ бояд 5 пешниҳоди муфтдро дар назар дошта бошанд:

1.   Огоҳонидани  паҳншавии сироятҳо, истифодаи бехатари  таҷрибаи гигиенаи  дастҳо, ва ҳамеша боварӣаз он, ки дастҳои шумо, асбобҳо ва таҷҳизотҳои гирду атроф тозаанд.

2.   Агар шумо лозим донед, ки бемор  бояд бо доруҳои зиддимикробӣ ба табобат фаро гирифта шавад, уро қаблан  аз муоинаи тиббӣ гузаронида, муайян кунед, ки  кадом доруҳои зиддимикробӣ  таъин карда шаванд.

3.    Доруҳои зиддимикробиро мутобиқи тавсияҳои протоколҳои клиникӣ таъин намоед.

4.   Доруҳои зиддимикробиро  дуруст ва ба миқдори муайян таъин намуда, ба давомнокии табобат диққати махсус диҳед.

5.   Назорат намоед, ки   беморони шумо сари вақт  тибқи тақвими  ҷадвали эмгузаронӣ эмдору гиранд.

Илова бар ин, мутахассисони соҳаи тандурустӣбояд оиди сироятҳое, ки ба  микроорганизмҳо устуворанд хабар диҳанд. Онҳо ҳамчунин бояд ба беморони худ чӣтавр доруҳои зиддимикробиро дуруст истифода баранд ва зарари онҳоро ҳангоми  истифодабарии нодуруст фаҳмонанд.  Онҳо бояд оиди пешгирии бемориҳои сироятӣ бо беморон суҳбат намоянд, барои мисол, дар робита бо эмкунӣ, шустани дастон, алоrаи xинсии бехатар ва зарурати пушонидани бинӣ ва даҳон ҳангоми атса задан.

 Ҳамаи табақаҳои ҷомеа бояд нақши худро иҷро кунанд. 
На танҳо кормандони соҳаи тандурустӣ, балки  сиёсатмадорон ва аъзоёни ҷамъиятҳо, намояндагони ҷомеа бояд оиди зиёдшавии таҷдиди устувориидоруҳои зиддимикробӣ дар байни аҳолӣ сӯҳбатҳо гузаронанд. ТУТ/Аврупо ва созмони беҳдошти тандурустии ҷамъиятии  Бритониёи Кабир  сомонаи веб – ширкатҳоро оид ба « Муҳофизони антибиотикҳо» ва ташабускории онҳо дар соли 2014 оғоз намуд. Аз  ин вақт  зиёда аз 34 000  нафар дастгирии худро изҳор намуданд ва «Муҳофизони антибиотикҳо» шуданд.
 Дар давоми ҳафтаи Умумиҷаҳонии истифодаи дурусти доруҳои зиддимикробӣ, ки  соли 2016 гузаронида мешавад ТУТ/Аврупо кулли сокинони минтақаи Аврупоро даъват менамояд, ки ба веб-сомонаи "Муҳофизони антибиотикњо" (Antibiotic Guardian) назар афкананд кӯшиш кунанд, ки  доруҳои зиддимикробиро оrилона истифода баранд ва барои наҷот додани  дорувориҳои муҳим ёрӣ расонанд, то дорувориҳои зарурӣ  аз истеҳсолот гирифта нашаванд. Айни ҳол бошад сомонаи нав бо забони русӣ таҳия гардидааст, ки ТУТ/Аврупо кишварҳои русзабонро даъват менамояд, ки дар ин ташабус иштирок кунанд.

Ҳафтаи Умумиҷаҳонии дуруст истифода бурдани доруҳои зиддимикробӣ дар соли 2016 (Тоҷикистон)

Дар   минтақаи Аврупо чорабиниҳои Умумиҷаҳонии ҳафтаи дуруст истифодабарии доруҳои зиддимикробӣ  давомдиҳанда ва густариши чорабиниҳои Аврупоии рӯзи дониш оиди доруҳои зиддимикробӣмебошад - як иќдоми Аврупие, ки  ҳамоҳангсозии он аз тарафи   Маркази пешгирӣва назорати бемориҳои сироятии европоӣамалӣмешавад(ECDC).  Аз соли 2012-ум то ин ҷониб  ТУТ/Аврупо  ин иқдомро дар давлатҳое, ки узви Иттиҳоди Аврупо нестанд ташвиқот  бурда истодааст.
   Маълумот дар бораи чорабиниҳо дар мамлакат
 Дар Тоҷикистон низ мисли кишварҳои дигар бисёре аз антибиотикҳоро берун аз муассисаҳои табобатию профилактикӣ барои табобати бемориҳо, ба монанди сирояти бемориҳои  рўда, бемориҳои роҳҳои  нафас,  системаи пешоб ва ғайра истифода мебаранд. Истифодаи бисёре аз онҳо аз тарафи кормандони миёнаи тибби марказҳои КАТС ва тибби оилавӣ таъин карда мешвад. Дар бисёр аз минтақаҳои ҷумҳурӣ беморон бе машварат ва таъин намудани антибиотикҳо аз тарафи кормандони тиб мустақилона худ давомнокӣ ва вояи антибиотиҳоро муаян намуда, харидорӣ менамоянд.
 Дар баъзе  минтақаҳои ҷумҳурӣ  мушкилии  устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ ҷой дорад, ки  аз нарасидани  мутахассисони баландихтисос  (бактериологҳо ва эпидемиологҳо)  вобастагӣ дорад.
Устувории микроорганизмҳо ба доруҳои зиддимикробӣ  ва таҳдиди эҳтимолӣна танҳо барои ҷумҳурии мо, балки барои тамоми ҷаҳон,  чӣтавре, ки  соҳаи тиҷорат, муҳоҷират, туризм ҷаҳонӣ гашта,  таҳдиди паҳншавии штамбҳои бактерияҳои ба доруҳои зиддимикробӣ устуворбударо аз одамон, маҳсулоти хӯрокворӣ ва ҳайвонот зиёд мегардонад.  Устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ дар бактерияҳои манбаҳои гуногун ҷой доранд, ки байни якдигар алоқаманданд ва ё ба ҳамдигар омехта мешаванд, аз ҷумла дар ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ, маҳсулоти хӯрокворӣва одамон.
Танҳо дар се соли охир барои тасдиқ  ба озмоишгоҳи бактериологии ХДНСЭ аз минтақаҳо 1569 намунаҳо  ворид карда шудааст.
 Ҷудо гардидааст;  Shigellae-171 (10,9%), E.Coli-745 (47,5%), Proteus-337 (21,4%), Klebsiella-117 (7,5%), Salmonella paratyphi A-5 (0.3 %), Salmonella paratyphi B-6 (0,3%), typhi Salmonella ва дигар-92 (5,9%), Enterobacter-23 (1,4%). Citrobacter-25 (1,6%), Shigella Sonneei-5 (0,3%), Shigella Flexneri-4 (0.28).
Ҳамаи намунаҳо барои ҳассосият ба доруҳои зиддимикробӣ аз озмоишгоҳ гузаштанад. Намунаи Shigella тасдиқ бо левомисетин, гентамисин, сипрофлаксасину фуразолидон ҳасос ва   ба амписиллин, бисептол устувор мебошад.
Намунањои Proteus,Klebsiella, Salmonella, Enterobacter, Citrobacter,Citrobacterњасосияти суст ба  полимиксину, гентамисину, хлорамфениколу  ва ба дору[ои    ампициллин, бисептол, ципрофлоксацин, фуразолидону, тетрациклин, доксоцикллин ва цефолитинустувор буданд.
 Барои пешгирии паҳншавии устувории доруҳо чӣ бояд кард: Тадбирҳои пешгирии сироят ва назорати сироят нақши муҳим мебозанд, махсусан дар беморхонаҳо ба паст кардани пањншавии бактерияњои устувор мусоидат намуда,  метавонад ба кам кардани шумораи сироятҳо сабаб шуда,   ба ин васила ба  коҳиш додани зарурати rабули доруҳои зиддимикробӣ  кӯмак кунад.
Назорати сироятҳо  дар муассисаҳои КАТС  ҳатмист. Инчунин  пешгирии сироятҳо дар байни гуруҳҳои махсуси аҳолӣ, масалан, дар хонаҳои пиронсолон ва марказҳои рўзона барои нигоҳубини кўдакон, зарурати талаботи доруҳои зиддимикробиро паст менамояд.
Барои  баҳодиҳии дуруст ва назорат бурдан ба  рушди мушкилоти устуворӣ ва  андешидани  чораҳои пешгирикунанда, албатта  доштани маълумот оиди устуворӣ роли асосиро мебозад.
 Кам кардани саҳми истифодаи доруҳои зиддимикробӣ ба суръати рушди устувори онҳо монеъ мешавад.
 Кам кардани  паҳншавии устуворӣ  дар амал,  бо роҳи беҳтар кардани гигиена, ворид  намудани мавзуи устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ ва мавзуҳои  марбута ба барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олӣ, коллеҷҳо, муассисаҳои миёнаи махсус, муассисаҳои баъдидипломӣ барои мутахассисони соҳаи тандурустӣ, ветеринарӣ, саноати хӯрокворӣва кишоварзӣ. Ворид намудани мавзӯъҳои устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ дар барномаҳои таълимии мактаббачагон. Инчунин гузаронидани баҳодиҳии сатҳи огаҳии аҳолӣ бо истифодаи таҳқиқоти рафторӣдар гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣва касбӣ.
 Муносибати нав дар бораи устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ

Устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ то сатҳи хатар дар тамоми ҷаҳон афзуда истодааст, аз ҷумла дар саросари Аврупо. Маълумотҳои нав дар бораи устуворӣба доруҳои зиддимикробӣ  дар кишварҳои Аврупо дар дуюмин маърузаи ҳарсолаи шабакаи оид назорати дидбонии эпидемиологӣ барои устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ дар Осиеи Марказӣва  Аврупои шарқӣ (CAESAR) ва маълумотҳои мазкур 18 ноябр дастрас мешаванд, ки барои кишварҳо маълумотҳои заруриро оиди масоҳати мушкилотҳо ва талошҳои асосиеро, ки барои мубориза бо устуворӣ равона шудаанд таъмин менамояд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 1
  • 80
  • 291
  • 75,544