ҶАЛАСАИ КОРИИ ДУРӮЗА ОИД БА МАСЪАЛАИ СИЛ

Ноябр 25
18:18 2011

Рӯзи 24-25 ноябри соли 2011 дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» ҷаласаи кории дурӯзаи Вазорати тандурустӣ дар мавзӯи «Дурнамои идоракунии татбиқи «Барномаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳамдастӣ бо Лоиҳаи ҲОУП дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҳадаф аз гузаронидани ин ҷаласа масъалагузорӣ дар назди мақомотҳои иҷроияи маҳаллӣ ва мусоидати ин мақомот ба масъалаи амалигардонии барномаи зиддисилӣ дар ноҳияҳо ва табобати беморон аз шакли мутобиқгаштаи сил мебошад. Дар он намояндагони мақомоти маҳаллии иҷроия ва сардорони шӯъбаҳои тандурустӣ аз тамоми минтақаву ноҳияҳои кишвар ширкат намуданд.

Ҳамоишро муовини вазири тандурустии кишвар Соҳибназар Раҳмонов оғоз намуда, доир ба рафти амалигардонии Барнома дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушкилоти кор, вазифаҳои кормандони соҳаи тандурустӣ дар ин самт суханронӣ кард.

Сипас, дар назди ҳозирин директории Маркази мубориза бар зидди бемории сил Ӯктам Бобохоҷаев бо маърӯзаи таҳлилӣ баромад намуда, ташкили хадамоти зиддисилӣ дар ҷумҳурӣ, дастовардҳо ва камбудиҳои кори мутахассисони ин соҳа, мушкилот, роҳҳои ҳалли онҳо ва ҳамчунин оид ба масъалаҳои дигари дар ин самт мавҷуда изҳори назар намуд.

Оид ба мавзӯъҳои чорабиниҳо оид ба якҷоякунии муассисаҳои КАТС дар барномаи зиддисилӣ, маблағгузории барномаи зиддисилӣ ва моделҳои маблағгузорӣ, таҷрибаи амалигардонии барномаи зиддисилӣ дар Федератсияи Русия мутахассисони ватаниву хориҷӣ маърӯзаҳо карданд ва ин маърӯзаҳо аз тарафи ширкаткунандагон мавриди баҳсу муҳокимаҳо қарор гирифт. Сипас иштирокчиён ба гурӯҳҳо тақсим шуда оид ба масъалаҳои мубрами ин соҳа мубодилаи афкор намуданд.

Ҷаласаи корӣ ду рӯз давом карда, дар анҷом мувофи натиҷаҳои кори ҷаласа аз тарафи ширкаткунандагон қарори дахлдор қабул гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 240
  • 491
  • 63,019