Ҷаласаи корӣ оид ба фаъолияти Лоиҳаи “Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ”

 Хабарҳо
Апрел 12
07:04 2019

11 апрели соли ҷорӣ дар Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика доир ба иҷрои нақша-чорабиниҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва филиали ГОПА мбХ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷагирӣ аз  фаъолияти Лоиҳаи “Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ” ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур  муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шодихон Ҷамшед, директори филиали ГОПА мбХ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Елена Максименко,  сардори Раёсати  ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорат Қудратулло Қурбонов, намояндагони якчанд ташкилоти ҷамъиятӣ ва раёсатҳои зерсохтори Вазорат  иштирок намуданд.

Қудратулло Қудратов, сардори Раёсати  ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ чорабинии мазкурро ҳусни оғоз бахшида, сухани ифтитоҳиро ба Шодихон Ҷамшед дод.

Муовини  вазири тандурустӣ ва ҳифзи ифтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед зимни баромади хеш дар робита ба мақом ва манзалати зан дар кишвар сухан ронда, қайд намуд, ки барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон қонун ва барномаҳои алоҳида қабул гардидаанд, ки яке аз онҳо “Қонун дар бораи баробарҳуқуқии занону мардон” мебошад.

Ӯ ҳамчунин дар бораи фаъолияти Лоиҳаи “Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ” ибрози андеша намуда, амалӣ гардидани онро яке аз роҳҳои муҳим баҳри бартараф намудани табъиз ва хушунат дар оила ва ҷомеа номид.

Инчунин дар ҷаласаи мазкур Директори филиали ГОПА мбХ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Елена Максименко низ суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки фаъолияти онҳо дар Тоҷикистон бо тамоми вазорат ва ниҳодҳои марбута, аз ҷумла бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле хуб ба роҳ монда шудааст.

Номбурда иброз намуд, ки бояд дар бораи мавзӯи хушунати хонаводагӣ ҳарчи бештар гуфт, то мардум аз ин падидаи номатлуб огоҳ шуда, барои бартараф намудани он талош варзанд.

Дар идомаи ҷаласа рӯнамоии ташкилотҳои ҷамъиятии ”Ғамхорӣ”, “Маҳбуба” ва “Дилафрӯз” доир гашт, ки масъулини онҳо дар бораи фаъолияти ниҳодҳои худ ба ҳозирин маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Ҳамчунин Елена Максименко, Директори филиали ГОПА мбХ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба фаъолияти Лоиҳаи “Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ” дар Тоҷикистон ба иштирокчиёни ҷаласа маълумот пешниҳод намуд.

Қобили зикр аст, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди беморхонаҳо 12 ҳуҷраи махсуси  кӯмак ба хушунатдидагони хонаводагӣ ташкил карда шуда, тариқи онҳо ба эҳтиёҷмандон дар доираи муҳлати муқарраргирдида хизмати ройгон расонида мешавад.

 

 

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 265
  • 212
  • 142,689