Ҷаласаи кумитаи тадорукоти Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон баргузор гардид

Ҷаласаи кумитаи тадорукоти Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон баргузор гардид
Июл 04
16:26 2019

Душанбе, 04:07:2019 / Moh.tj /  Таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода ҷаласаи кумитаи тадорукоти Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа муовини вазир, инчунин сарпарасти соҳа Шодихон Ҷамшед, ёрдамчии вазир Дилором Содиқова, шарикони рушд, намояндагони вазорат ва кумитаҳои дахлдор,  роҳбарони  муасисаҳо ва иттиҳодияҳои маъюбон  иштирок намуданд.

Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида,  дар бораи зарурият ва муҳимияти гузаронидани форуми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои маъюбон ибрози андеша намуд.

Дар ҷаласа қайд гардид, ки маъюбон зери таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати кишвар, аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтмоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед дар ҷаласа баромад намуда, қайд кард, ки форуми мазкур бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ҳадафи он ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои тавонбахшӣ ва солимгардонии маъюбон мебошад.

Дар ҷаласаи мазкур инчунин масъалаҳои ташкилии форум мавриди баррасӣ қарор гирифта, ташкил ва гузаронидани ҷаласаҳои пленарӣ, ки мавзӯъҳои дастрасии доруворӣ ба маъюбон, таҳсилоти маъюбон, нафақаи маъюбон ва пардохти онҳо, мушкилоти маъюбон дар ҷомеа, саҳми шарикони рушд дар дастгирии маъюбон ва ғайраро дар бар мегиранд, мавриди муҳокимаронии иштирокчиён қарор гирифтанд.

Гуфта шуд, ки барои иштирок ва баромад дар ҷаласаҳои пленарӣ бояд вазорату идораҳо ва созмону ташкилотҳои дахлдор таклиф ва намояндагони худро дар наздиктарин фурсат пешниҳод намоянд.

Инчунин, дар ҷаласа қайд карда шуд, ки барои дар сатҳи зарурӣ  гузаронидани форуми мазкур саҳми шарикони рушд муҳим мебошад.

Гуфта шуд, ки дар доираи баргузории форум намоиши маҳсули дасти маъюбон  ба нақша гирифта шудааст ва барои иштирок дар ин бахш бояд  масъулини марбута аз ҳоло омодагӣ бубинанд.

Инчунин, пас аз анҷоми Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон бо иштироки нафарони имконияташон маҳдуд барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ  дар назар аст. Бинобар ин, дар ҷаласа гуфта шуд, ки чунин истеъдодҳоро аз гӯшаву канори кишвар гулчин ва барои иштирок дар ин чорабинӣ ҷалб намудан зарур аст. Зеро ин афрод бояд эҳсос кунанд, ки онҳо як ҷузъи ҷудонопазири ҷомеа буда, омода ҳастанд, ки дар ҷомеа ҳунар ва истеъдоди худро муаррифӣ намоянд.

Дар охири ҷаласа  шарикони рушд омодагии худро барои саҳм гузоштан дар баргузории чунин як форуми сатҳи баланд иброз намуданд.

Таъкид бояд намуд, ки баргузор намудани чунин як форуми сатҳи баланд барои ҳалли мушкилоти масъалаҳои маъюбӣ дар кишвар заминаи хубе фароҳам хоҳад овард.

Ёдовар мешавем, ки 18 октябри соли равон дар Кохи “Наврӯз”-и шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон баргузор мегардад.

Қобили зикр аст, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020» қабул гардид, ки он дурнамо ва нақшаи амалро нисбати ҳуқуқҳои маъюбон, дастрасӣ ба хизматҳои сифатноки вобаста ба тавонбахшӣ ва воситаҳои ёрирасон таъмин намуда, фарогирии умумиро ба хизматҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ то соли 2020 дастрас мегардонад.

Бо ташаббуси бевоситаи Роҳбари давлат дар оғози соли 2018  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид  оид ба ҳуқуқҳои маъюбонро ба имзо расонид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Бойгонӣ

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 25
  • 196
  • 165,636