Ҷаласаи навбатии мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Феврал 24
09:03 2017

Дар ҷаласаи навбатии мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои мубрами соҳаи тиандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Оид ба фаъолияти Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар соли 2016 муовини  сардори Хадамот Садриддин Боронов ба таври муфассал маълумот дода, зикр намуд, ки Хадамот тибқи дастуру супоришҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи нақшаи санҷишию кории Хадамот ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст.

Хадамот дар давоми соли сипаришуда 1611 адад санҷишҳои назоратӣ гузаронида, 509 адад муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мавриди таҳлил ва санҷиш қарор дода шуд, ки аз онҳо 390 ададашон муроҷиати хаттӣ буда, 119 адад муроҷиати шифоҳӣ (телефонӣ) мебошад.Тавваҷҷӯҳи бештар имрӯз ба фаъолияти табибони халқӣ равона карда шудааст. Аз соли 2010 то соли 2015 дар Маркази ҷумҳуриявии тибби халқӣ 618 нафар омўзонида шуда, дорои  сертификати мутахассис гардиданд.

Айни замон 149 нафар тибқи иҷозатнома фаъолият менамоянд. 172 нафари дигар мутахассисони тибби дорои маълумоти олӣва миёнаи тиб мебошанд, ки курсҳои тибби халқиро гузаштаанд. Хадамот се соли охир назоратро дар ин самт пурзур намуда, то ин давра 1591 нафар шахсоне, ки бо усулҳои тибби халқӣ, дуохонӣ ва амалҳои сеҳру ҷоду машғул буданд ошкор намуда фаъолияти онҳо боздошт карда шуданд. Нисбати 32 нафар табибони халқӣ мутобиқи моддаи 122 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муҷозоти маъмурӣ тариқи ҷаримабандӣ татбиқ гардида, фаъолияти онҳо боздошт карда шуд. Ҳамзамон, руйхати 717 нафар шахсоне, ки ба табобати беморон бо усули дуохонӣ ва сеҳру ҷоду даст мезаданд, мувофиқи мансубият ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои чорандешӣ ирсол карда шуд. Бо мақсади огоҳ намудани аҳолӣ оид ба оқибатҳо ва оризаҳо аз натиҷаи фаъолияти табибони халқӣ ва истифодаи усулҳои ғайристандартӣ дар воситаи ахбори омма ба таври доимӣ барномаву сӯҳбатҳо ташкил карда мешаванд.

Масъалаи дигаре, ки мавриди баррасӣ қарор гирифт маълумот дар бораи раванди сертификатсияи  мутахассисони тиббӣбуда, зарурати азнавбақайдгирии мутахассисон шарҳ дода шуд.Ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбороти сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илм Саломиддин Юсуфиро «Дар бораи татбиқи раванди додани сертификати мутахассис барои машғул шудан ба фаъолияти тиббӣ» шунида ва муҳокима намуда қайд намуд, ки татбиқи ҷараёни мазкур аз талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ», Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, №172 тасдиқ шудааст бармеояд. Ҳамзамон бо ин мақсад бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2016, №482 тартиб ва талаботи додани сертификати мутахассис барои машғул шудан ба фаълияти тиббӣ тасдиқ шуда, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Дар ин муддат 2266 нафар мутахассисони тиббии соҳа аз вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳри Душанбе ба сертификатсия фаро гирифта шуда, 1196 нафари онҳо аз сертификатсия гузаштанд.

Дар бораи то ба ҷойи кор рафта расидани хатмкардагони соли таҳсили 2013-2014-и Муассисаи давлатии таълимии  Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ  ибни Сино ва хатмкардаҳои соли таҳсили 2015-2016 коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣқайд гардид, ки шумораи хатмкардаҳои ба ҷойи кор рафтаи соли таҳсили 2013-2014, 93,4 %-ро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба солҳои 2010 ва 2011 мутаносибан 14,8% ва 11,3% зиёд  шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 241
  • 491
  • 63,020