Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба “Ҳаракати глобалии васеъкунии ғизо (SUN)

Июн 01
13:00 2018

Имрӯз  бо дархости бевоситаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон   ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба “Ҳаракати глобалии васеъкунии ғизо (SUN)” баргузор гардид. Чорабини мазкур дар меҳмонхонаи “Серена” воқеъ дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе доир карда шуд.

Ҷаласаи мазкур таҳти роҳбарии Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  сурат гирифта, дар кори он Марико Кавабата, муовини директори Намояндагии БОҶ дар Тоҷиккистон, намояндагони як қатор вазорату идораҳои кишвар,  ва дигар шасхони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар рафти кори ҷаласа ҳисоботи Котиботи миллии Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба Ҳаракати глобалии васеъкунии ғизо  (SUN) шунида шуда,  дар рафти кори он таҳти мавзуоти “Таҳияи Нақшаи амали Чорчубаи Натиҷаҳои умумии соҳаи ғизо (Нақшаи амали байнисоҳавӣ оид ба ғизо)”, “Пурра намудани норасоии моддаҳои ғизоӣ” маърӯзаҳо шунида шуд.

Дар фарҷоми ҷаласа Саида Умарзода, оид ба беҳгардонии ғизои солим барои модару кӯдак, бехатарии ғизои аҳолӣ, бурдани тарзи ҳаёти солим миёни аҳолӣ суханронӣ намуда, аз ҳамагон даъват ба амал овард ки дар ба роҳ мондани корҳои тарғиботиу ташвиқотӣ саҳми назарраси худро гузоранд.

Дар охир, раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ Саида Умарзода ба Котиботи миллии Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба Ҳаракати глобалии васеъкунии ғизо (SUN) ва дигар аъзоёни Шӯро вобаста ба беҳтар намудани фаъолият дар ин самт, супоришҳои мушаххас дод ва ба ҳамаи иштирокчиёни ҷаласа  барои иштироки фаъолонаашон арзи сипос намуд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 221
  • 233
  • 109,357