ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ

Сентябр 01
09:47 2012

Дирӯз дар толори маҷлисҳои Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи ВТ баргузор гардид.

Рӯзномаи ҷаласаи хайати мушовара аз  масъалаҳои зерин иборат буд:

  1. Оиди рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.08.12. № 600 «Дар бораи тартиби хизматрасониҳои тиббӣ- санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи тандурустӣ»
  2. Дар бораи сифати хизматрасондар соҳаи хадамоти озмоишгоҳӣ, новобаста аз шакли моликият»
  3. Оиди рафти рафти иҷрои Қарори Ҷумҳурии Тоҷикиистон аз 19.07.12 №369 «Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармоиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.06.12 таҳти № 1301»

Ҷаласаро вазири тандурустии кишвар Нусратулло Салимов ифтитоҳ намуд. Сипас мувофиқи масъалаи якум сардори раёсати иқтисод ва банақшагирии буҷаи Вазорати тандурустӣ Сайидалӣ Ҳафизов баромад намуда, оиди роҳҳои татбиқ намудани қарори № 600 мушкилоти татбиқи ин  қарор дар муассисаҳои тандурустии кишвар маълумот дод. Номбурда, аз ҷумла қайд намуд, ки «Санҷишҳо асосан далелҳои даромади маблағҳои нақдӣ, банақшагирии дурусти маблағҳо, ҳуҷҷатгузории хазинавӣ ва муҳосибавӣ, қабули беморон дар шўъбаҳои ташхисию табобатӣ, гузаронидани таҳлилҳо (хронометраж) ва мақсаднок хароҷот намудани маблағҳоро дарбар гирифт.

Санҷишҳо муайян намуданд, ки муассисаҳои табобатию профилактикии ҷумҳуриявӣ, ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар асоси иҷозатномаҳои Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиби хизматрасониҳои тиббию санитарӣба шаҳрвандонони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣба ташхис фаро гирифта мешаванд, дар марҳилаи аввал ба намудҳои озмоишию ташхисӣ, хизматрасониҳои тиббии ёрирасон ва баъзе шўъбаҳои табобатӣ иҷозат дода шудааст, ки айни ҳол тибқи тартиби мазкур фаъолият намуда истодаанд. То имрўз, тибки тартиби мазкур 191 муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ, аз ҷумла, муассисаҳои ҷумҳуриявӣ 17 адад, шаҳри Душанбе 30 адад, вилояти Суғд 59 адад, вилояти Хатлон 57 адад, ВМКБ 9 адад ва шаҳру ноҳияҳои тобеи  ҷумҳурӣ 15 адад ба хизматрасонии музднок иҷозат дода шудааст, ки айни ҳол фаъолият доранд».

Оид ба масъалаи дуюм сардори шўъбаи назорати давлатии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ Давлатмурод Олимов мавзўи «Сифати хизматрасонӣ дар соҳаи хадамоти озмоишгоҳӣ, новобаста аз шакли моликият» маърӯза карда, қайд кард, ки аз ҷониби Хадамот вобаста ба камбудиҳои ошкоргардида чорабиниҳои лозимӣ андешида шудааст:

– ба унвонии ҳамаи озмоишгоҳҳо Амрномаҳои Хадамот барои бартараф намудани камбудӣ ва норасогиҳо ирсол карда шуд;

– 76 номгўйи реактив ва реагентҳое, ки мўҳлати истифодаашон сипарӣ гашта буд, бозпас гирифта шуда, нобуд сохта шуданд (Пажуҳишгоҳи Гастроэнтерология, БКШК №2, Таваллудхонаи №2, МСШ №3, Беморхонаи Роҳи оҳан, БКШ №3, МҶЭ, БМН Файзобод, Маркази муоинаи профилактикии шаҳрӣ);

– барои дар сатҳи зарурӣ иҷро нагардидани ўҳдадориҳои вазифавиашон 6 табибони таҳлилгар (мудири озмоишгоҳ) ва 6 кормандони миёнаи тиби таҳлилгар ба муҷозоти маъмурӣ тариқи ҷаримабандӣ кашида шуданд;

– фаъолияти 6 озмоишгоҳ аз сабаби мавҷуд набудани шароити лозимӣ, сифати пасти таҳлилҳои озмоишӣ, риоя накардани бехатарии клиникӣ боздошт карда шуд.

Оид ба масъалаи саввум сардори шӯъбаи кадрҳои Вазорати тандурустӣ Шаҳло Ашӯрова баромад карда, ҳозиринро бо рафти иҷрои Қарори Ҷумҳурии Тоҷикиистон аз 19.07.12 №369 «Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармоиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.06.12 таҳти № 1301 шинос намуд.

Дар охир ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба масъалаҳои масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул кард.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


 border=
 border=

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 204
  • 382
  • 47,537