Ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат баргузор гардид

Ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат баргузор гардид
Март 31
09:18 2020

30 марти соли равон дар Муассисаи давлатии  “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода, муовинони вазир Саида Умарзода, Азиз Одиназода, Шодихон Ҷамшед, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ  ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, роҳбарони Хадамотҳои соҳавӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, сардорони раёсатҳои тандурустии ВМКБ, Хатлон ва Суғд, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.

Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳӣ ҷаласаро оғоз бахшида, рӯзномаи маҷлисро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.

Сараввал дар бораи ҷараёни воридсозии дастурҳои (протоколҳои) клиникӣ дар амалияи муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ Давлатмурод Олимов, сардори шӯъбаи назорати давлатии фаъолияти муассисаҳои сохтори беморхонавии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баромад намуд.

Бояд гуфт, ки беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ яке аз ҳадафҳои асосии Стретегияи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 тавассути воридсозии протоколҳои клиникӣ дар амалияи муассисаҳои тандурустӣ ба шумор меравад.

Бо мақсади танзими раванди таҳия, татбиқ ва мониторинги воридсозии  дастурамалҳои амалияи клиникӣ дар асоси тибби далелнок бо фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.07.2008, №368 «Методология барои таҳия ва мутобиқ намудани дастурамалҳои клиникӣ дар асоси принсипи тибби далелнок» тасдиқ  гардид.

Ҳамзамон, бо мақсади танзими раванди таҳия ва тасдиқи протоколҳо/дастурамалҳои клиникии тиббӣ талаботҳои байналмилалии коркарди онҳо бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз соли 2013 гурӯҳи доимоамалкунандаи коршиносон оид ба ҳамоҳангии раванди таҳия ва тасдиқи дастурамалҳои миллии клиникӣ, ки ба тибби далелнок асос ёфтаанд, созмон дода шуд.

Таъкид гардид, ки аз ҷониби гурӯҳи кории доимоамалкунандаи коршиносон оид ба ҳамоҳангии раванди таҳия ва тасдиқи дастурҳои миллии клиникӣ, ки ба тибби собитшуда асос ёфтаанд (комиссияи экспертии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ҳамагӣ 1109 адад дастурҳои клиникӣ мавриди омӯзиш, таҳлил ва баҳогузорӣ қарор дода шуданд. Аз ин шумора 714 дастурҳои клиникӣ аз нав таҳия ва тасдиқ карда шуд. Ҳамин тавр, айни ҳол ба 1109 дастурҳои клиникӣ ба ҷорӣ кардан ба муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст.

Дар даврони истиқлолияти давлатӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи азнавсозӣ, таъмиру тармим ва таҷҳизонидани муассисаҳои тандурустӣ ба мамлакат як қатор таҷҳизоти муосири ташхисию табобатӣ ворид гардиданд, ки ба рафти воридсозии протоколҳо/дастурамалҳои клиникӣ таъсири мусбӣ расониданд.

Аз ҷумла бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои табобатию пешгирӣ бо таҷҳизоти тиббии муосир ва бо ин васила баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ, ба як қатор муассисаҳои табобатию пешгирии ҷумҳурӣ дар соли 2018 ба маблағи умумии зиёда аз 12 миллион сомонӣ ва дар соли 2019 ба маблағи умумии зиёда 18, 5 миллион сомонӣ таҷҳизот ва  асбобҳои тиббӣ, мебел, маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ, (дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, монитори назди кати бемор, ташхиси фаросавтӣ, автоклав, рентгени рақамӣ, рентгени сайёр, дефибрилятор, сабти барқии дил, кашиши барқии ҷарроҳӣ, мизи ҷарроҳӣ, инфузомат, перфузор, нақлиётҳои санитарӣ, дастгоҳҳои даруннигорӣ (гастроскоп, бронхоскоп, колпоскоп) ва ғ)  дастрас карда шудааст.

Қайд гардид, ки мушкилоти дигаре, ки имрӯз дар муассисаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, шаҳри Душанбе, маркази вилоятҳо ба назар мерасад, ин қабул, муоина ва машварати амбулатории беморон дар шуъбаҳои табобатии муассисаҳои сохтори беморхонавӣ ба шумор меравад. Ташрифи беморон танҳо дар дафтари қабули беморон сабт гардида, инъикоси пурраи ҳолати беморон, ҳаҷми муоина, ташхисҳо, тавсияҳо ва назорати минбаъдаи онҳо номаълум мемонад.

Дар баробари ин, барои расидан ба ҳадафи ниҳоӣ дар ин самт бевосита аз малака ва қобилияти идоракунии дар ҳама гуна сатҳ, аз ҷумла роҳбарон/сартабибон ва муовинони роҳбарон/сартабибони муассисаҳои КАТС ва беморхонавии ҷумҳуриявӣ ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вобастагӣ дорад.

Аз ҳамин лиҳоз, танҳо назорати пурсамар ва бефосилаи дохилиидоравӣ аз ҷониби роҳбарони муассисаҳо, назорати беруниидоравӣ аз ҷониби Хадамот, инчунин, ба роҳ мондани дигар механизмҳои ҳавасмандкунии ғайримоддӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба монанди ҳавасмандкунии маънавӣ ва дастгирии рушди касбӣ вобаста ба нишондодҳои хуби фаъолият дар тамоми зинаҳои фаъолияти муассисаҳо, роҳбарият, мудирони шӯъбаҳо, табибони оилавӣ, мутахассисони соҳавӣ ва ҳамшираҳои тибби оилавӣ метавонад механизми таъсисдодашударо самаранок таъмин намояд.

Ҷиҳати бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои мавҷуда вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Вобаста ба рӯзномаи дуюми ҷаласа, яъне оид ба ҷараёни амалишавии бақайдгирии пурраи маъюбон ва ташаккули Махзани ягонаи иттилоотии маъюбон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед баромад намуд.

Зикр гардид, ки масъалаи мазкур тибқи дастуру супоришҳое, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз  26 декабри  соли 2019 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» зикр гардиданд, инчунин, ҷиҳати  иҷрои банди 14 протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019, №12 роҳандозӣ гардида, дар давраи ҳисоботӣ дар самти бақайдгирии пурраи маъюбон ва ташаккули Махзани ягонаи иттилоотии маъюбон корҳои муайяне ба анҷом расонида шудаанд.

Номбурда ҳамчунин зикр намуд, ки вобаста ба саривақт анҷом додани маъракаи бақайдгирии пурраи маъюбон ва дар ин замина таъсис додани низоми электронии баҳисобгирии шахсони маъюб ва ташаккули махзани маълумотҳо оид ба маъюбият фармоиши дахлдори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 январи соли 2020, №05 қабул гардида, ҳайатҳои гурӯҳҳои корӣ ва низомномаи тартиби бақайдгирии пурраи маъюбон тасдиқ карда шуданд.

-Қайд кардан ба маврид аст, ки чорабиниҳои марбута дар ҳамоҳангӣ бо Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронида шуда, тадбирҳои зарурӣ дар айни замон дар баъзе шаҳру ноҳияҳои дигар идома доранд. Дар маъракаи мазкур кормандони Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, раёсатҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони ҷамоати шаҳраку деҳот, аз ҷумла мудирони бунгоҳҳои саломатӣ, табибони оилавӣ, раисони маҳаллаҳо ва қитъаҳои истифодабарии манзилӣ ҷалб гардиданд,-афзуд номбурда.

Иттилоъ дода шуд, ки ба раванди амалишавии чорабиниҳои номбурда мушовирони маҳаллии лоиҳаи “Таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ” низ фаъолона иштирок намуда, баҳри таъминоти техникӣ ва моддии чорабинӣ барои гурӯҳи техникии назди  Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ ва зерсохторҳои он 25 адад нотбук, 38 адад компютер, 38 адад УПС, 5 адад сканер, 31 адад принтер, 40 адад ҷевон ва мизу курсиҳои корӣ, инчунин, 150 000 нусха варақаи бақайдгирии маъюбон таъмин карда шуданд.

Азнавбақайдгирӣ ва ташаккул додани махзани иттилоотии маъюбон таҳти назорати доимии роҳбарияти вазорат ва Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ қарор дошта, дар шаҳру ноҳияҳо таҳти роҳбарии сардорони раёсатҳои тандурустӣ ва роҳбарони шабакаи муассисаҳои КАТС ситодҳои соҳавӣ ташкил гардида, ба раванди бақайдгирии маъюбон дигар сохторҳои алоқаманди давлатӣ, аз ҷумла муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо-сарпарастони соҳа, кормандони раёсатҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк”, сардорони шӯъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва танзими расму анъана, имомхатибон, раисони маҳаллаҳо ва дигар кормандони дахлдор ҷалб гардиданд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед зикр намуд, ки азнавбақайдгирии маъюбон дар се марҳила сурат гирифта, кормандони КАТС-и шаҳру ноҳияҳо маъюбонро бо назардошти руйхати пешниҳодгардидаи раёсатҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар маҳалҳо гузаронида, варақаҳои бақайдгирии маъюбонро тартиб менамоянд. Гурӯҳи таҳлилии назди Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ варақаҳоро пас аз таҳлили ҳамаҷониба ба кормандони техникии лоиҳаи “Таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ” барои ворид намудани онҳо ба махзани иттилоотӣ пешниҳод намуда, маълумоти варақаҳои ҷамъоваригардида ба махзани ягона ворид карда мешаванд.

Зикр гардид, ки то ин давра маълумоти 116398 нафар маъюбон ба махзани ягонаи электронӣ ворид карда шудаанд, ки ин зиёда аз 77 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки варақаҳои бақайдгирии маъюбоне, ки дар суроғаи нишондодашудаи ҷои зисташон зиндагӣ намекунанд ва ҷои зисти онҳо маълум нест, маъюбони дар хориҷи кишвар ва берун аз ноҳия қарордошта, инчунин, варақаҳои бақайдгирии маъюбони ба нафақаи синнусолӣ баромада, маъюбиашон қатъ гардида, онҳое, ки нафақаи маъюбӣ намегиранд, дар Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ нигоҳ дошта шудаанд ва пас аз таҳлилҳои ҳамаҷониба ба махзан ворид карда мешаванд.

Таъкид карда шуд, ки натиҷагирӣ аз раванди бақайдгирии пурраи маъюбон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бисёр камбудиву норасогиҳои маъмурӣ, методию саҳлангориҳои сохторҳои дахлдори ҳам соҳаҳои тандурустӣ ва ҳам сохторҳои таъминкунандаи нафақаро ошкор намуд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки табибони тибби оилавӣ ҳангоми тартиб додани варақаи бақайдгирии маъюбон маълумотҳоро, аз ҷумла ташхиси беморӣ, соли таваллуд, гурӯҳи маъюбӣ, санаи муқаррар намудани маъюбӣ ва ғайраро дар варақаҳо ворид накардаанд. Мебоист дар марказ чунин маълумотҳо аз рӯи картаи тиббӣ ё дигар ҳуҷҷатҳои тиббӣ ворид карда мешуданд. Аз ин хулоса бароварда мешавад, ки табибони тибби оилавӣ оид ба як қисм маъюбони минтақаи хизматрасонии худ маълумоти кофӣ надоранд ё ин, ки маъюб дар қайди диспансерӣ намеистад ва ё картаи тиббии маъюбон дар марказҳо вуҷуд надоранд.

-Аз ин лиҳоз, ба мақсад мувофиқ мешуморем, ки тамоми муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар якҷоягӣ бо сохторҳои Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ ҳисоботҳои худ ва руйхати маъюбонеро, ки дар суроғаи нишондодашудаи ҷои зисташон зиндагӣ намекунанд ва ҷои зисти онҳо маълум нест, маъюбони дар хориҷи кишвар ва берун аз ноҳия қарордошта, инчунин, маъюбони ба нафақаи синусолӣ баромада, нафароне, ки маъюбиашон қатъ гардидааст, онҳое, ки нафақаи маъюбӣ намегиранд ва маъюбони фавтидаро то 1 апрели соли равон омода намоянд,-иброз намуд Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳамзамон, дар ҷаласа вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода таваҷҷуҳи  ҳозиринро ҷиҳати дар ҳолати омодабош қарор доштани муассисаҳои тандурустӣ дар ҳолати эҳтимолии ошкор гардидани сирояти коронавирус дар мамлакат ҷалб намуд. Зикр гардид, ки новобаста ба он ки то имрӯз дар мамлакат сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, муассисаҳои тандурустии мамлакат бояд дар ҳолати омодабош қарор дошта бошанд.

Дар фарҷоми ҷаласа Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид роҳ надодан ба ҳолатҳои коррупсионӣ ҳангоми додани варақаи корношоямӣ, иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №600 «Дар бораи хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои тиббии давлатӣ», роҳ надодан ба истифодаи доруҳои мӯҳлаташон гузашта, беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла кӯмаки аввалияи тиббӣ, таъмиру тармими биноҳо, масъалаҳои муоинаи никоҳшавандагон, одоби муоширати кормандони тиб, аз ҷумла табибон бо беморон, ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон, пешгирии ВНМО-аз ҷумла гузариш аз модар ба кӯдак, риояи бехатарӣ аз сӯхтор, назорати кортҳои маъюбон, беҳтар намудани кӯмаки ройгони фаврии тиббӣ ва ғайра ба тамоми масъулон-роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар супоришҳои қатъӣ доданд.

Оид ба мавзӯъҳои баррасишуда қарори ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2020
ДСЧПҶШЯ
« ஏப்  
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 373
  • 715
  • 361,486