Ҷаласаи 30-юми Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АКС)

Ҷаласаи 30-юми Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  (АКС)
Ноябр 08
12:12 2019

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 30-юми Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид. Ҷаласаи мазкур таҳти раёсати Раиси Шӯро, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода доир гардида, дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ,  намояндагони кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Молдова, Россия ва коршиносону шарикони байналмилалӣ  иштирок намуданд.

«Тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои муҳими рушди иқтисодиёти мамлакати мо ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷода рушди ҳамкории соҳаи тандурустӣ дар доираи ИДМ муҳим мебошад», — зикр намуд Насим Олимзода.

Раиси Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Насим Олимзода оид ба Раёсати Тоҷикистон дар Шӯро дар соли 2019 ҳисобот дода, ҳамгироии сохторҳои тандурустии мамлатҳои узви Иттиҳодро дар соли 2019 хуб арзёбӣ намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2019 таҳти сарпарастии Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 47 чорабинӣ баргузор гардид. Аз ҷумла, моҳи июли соли ҷорӣ бо ташаббуси кишвари Туркманистон дар шаҳри Ашқобод ҷаласаи ғайринавбатии ХХIX-и Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он як қатор қарорҳои муҳим оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ қабул карда шуданд.

Рӯзномаи 30- юми Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо назардошти таклифҳои аъзои Шӯро ва сохторҳои кории он тартиб дода шуда, соҳаҳои марбутаи мутақобилан муфидро барои густариши ҳамкорӣ оид ба бемориҳои сироятӣ, диабети қанд, муқовимат ба антибиотик, ҳифзи санитарии ҳудуд, онкология, психиатрия, авиатсияи шаҳрвандӣ, стоматология ва байналмилалӣ фаро гирифт.

Қобили зикр аст, ки имсол корҳо оид ба нақшаҳои муштараки давлатҳои узви ИДМ оид ба пешгирии паҳншавии сил барои солҳои 2020-2024  ва чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи «Саломатии аҳолии давлатҳои узви ИДМ барои солҳои 2020-2021» ба анҷом расонида шуд. Дар ин росто, ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Шӯрои иқтисодии ИДМ тасдиқ карда шуданд ва соли 2020 ба татбиқи онҳо корҳо оғоз хоҳанд шуд. Қабули нақшаҳои болозикр натиҷаи беш аз яксолаи ҳамкориҳои вазоратҳои тандурустии аъзои Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.

Дар ҷаласа инчунин масъалаҳои ҳамкорӣ бо Шӯрои машваратӣ оид ба меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии давлатҳои узви ИДМ дар таҳияи лоиҳаи тавсияҳо оид ба баҳодиҳии шароити кор дар ҷойҳои корӣ бо мамлакатҳои минтақаи аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ баррасӣ гардиданд.

Иштирокчиёни ҷаласа оид ба ҳамкории минбаъда дар самти мубориза бо бемориҳои сироятиву ғайрисироятӣ мубодилаи афкор карданд. Инчунин дар ҷаласа иҷрои қарорҳои қаблан қабулшуда, нақшаи чорабиниҳои асосии Шӯро барои соли 2019 баррасӣ ва нақшаҳо барои соли 2020 муайян карда шуданд.

Бояд гуфт, ки айни замон Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таҳияи  лоиҳаи “Барномаи диабети қанд барои солҳои 2021–2025”, бо дарназардошти таҷриба ва таҳлили вазъ дар ин масъала дар кишварҳои узви ИДМ шурӯъ кардааст.

Ёдовар мешавем, ки Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз соли 1992 инҷониб баргузор гардида, соли 2019 раёсати онро Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад.

Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2020 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор хоҳад шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 1
  • 130
  • 569
  • 198,203