Ҷамолиддин Абдуллозода: Дар Тоҷикистон шумораи шифоёфтагон аз бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 рӯ ба афзоиш аст

Ҷамолиддин Абдуллозода: Дар Тоҷикистон шумораи шифоёфтагон аз бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 рӯ ба афзоиш аст
Май 23
12:00 2020

«Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи шифоёфтагон аз бемории сироятии коронавируси нави  COVID-19 рӯ ба афзоиш ниҳодан аст. То санаи 22 майи соли равон аз шумораи умумии гирифторони ин беморӣ, яъне аз  2551 нафар  1089 нафари онҳо шифо ёфтаанд. Ин нуқтаро имрӯз, 23 май  Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода зимни мусоҳиба бо хабарнигорони рӯзномаи “Ҷумҳурият” ва АМИТ “Ховар” иброз дошт.

Ба саволи навбатии хабарнигорон вобаста ба омили аслии дар баъзе ҳолат аз  бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 ба ҳалокат расидани табақаи миёнсол ва аз он боло  Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода гуфт:  “Дар воқеъ аз замони пайдоиши сирояти коронавируси нави COVID-19 дар сайёра бештар калонсолон ва ё сокинони аз 40-60 сола боло қурбонии ин  беморӣ шудаанд, ки  воқеан ин ҳолат боиси нороҳатии қишрҳои гуногуни ҷомеа гаштааст. Аммо, мувофиқ ба таҳқиқҳои анҷомдодашуда, на дар ҳама ҳолат ин қишр аз каронавирус ҷони худро аз даст медиҳанд,   балкӣ омили аслии фавти онҳо маризиҳои дар онҳо вуҷуддошта, аз қабили бемории диабети қанд, фишорбаландӣ ва ғ дониста мешавад”.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи суҳбат бо рӯзноманигорон вобаста ба хабару овозаҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ вуҷуддошта, ки гӯё дар муассисаҳои тандурустии мамлакат дигар ҷой барои бистари намудани беморон намонда ва  ҳамзамон дар  онҳо дорувориҳои зиддивирусӣ камчин гаштааст, таъкид намуд, ки ин ҳама гуфтаҳо асоси воқеъӣ надоранд, чун айни замон иловатан се ҳазор ҷойи холӣ дар муассисаҳои тиббӣ мавҷуд буда, тамоми беморхонаҳои мамлакат бо маводҳои тиббӣ ва зиддивирусӣ таъмин мебошанд.

Бояд гуфт, ки айни замон дар анборҳои  Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии хизматрасонии фарматсевтӣ ва молҳои тиббӣ” низ  миқдори зиёд ва зарурии маводҳои тиббӣ  захира гардида, тибқи талабот ба муассисаҳои тандурустии мамлакат дастрас гардонида мешаванд.

Суғдмеҳри Маъруфзод

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2020
ДСЧПҶШЯ
« மே  
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 36
  • 656
  • 362,744