Ҷамъбасти фаъолияти Раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар соли 2017 ва вазифаҳо барои соли 2018

Ҷамъбасти фаъолияти Раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар соли 2017 ва вазифаҳо барои соли 2018
Январ 05
09:48 2018

Дар толори маҷлисгоҳи Беморхонаи клиники ба номи Б.Воҳидов мушовараи ҷамъбастии Раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар соли 2017  ва вазифаҳо барои  соли 2018, бо иштироки муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳумиддин Камолзода ва муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират Умар доир гардид, ки дар кори он менеҷерони сохтори госпиталӣ, муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳо, директорони марказҳои солимии репродуктивӣ, роҳбарони марказҳои вилоятӣ, сардухтурони марказҳои назорати давлатии санитарию эпидимиологии шаҳру ноҳияҳо, сардорони хадамотҳои назорати тиббии вилоят иштирок намуданд.
Дар баромади муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Шоназарова М.Ш  қайд гардид, ки  дар асоси Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони соҳаи тандурустӣ  баҳри устувории заминаҳои моддию техникии иншоотҳои тандурустӣ, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифати тиббӣ ва таъмини амнияти санитарии қаламрави вилоят пайваста тадбирҳои
судманд ба анҷом расонида, ба як қатор дастовардҳо ноил  гаштааст. Имрӯз бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои байналмиллӣ ва ба таври ҳашар ва дастгирии соҳибкорони ватанӣ дар 12 моҳи  соли 2017 дар  қаламрави вилояти Хатлон, 42 адад бунгоҳи саломатӣ сохта шуда. сохтмони 2 адади дигар идома дорад.
Ҳамчунин  21 марказҳои саломатии деҳот ба истифода дода шуда, сохтмони 2
адади дигар дар арафаи анҷомёбист. Дар арафаи 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарпарастии ташкилоти байналхалқии “Миссияи шарқ” барои 51 нафар шахсони
имконияташон маҳдуд, дар назди Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод Маркази тавонбахшии “Рӯҳбахш” иборат аз 6 ҳуҷраи сохта ба истифода дода шуд.

Дар ноҳияи Темурмалик аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Мақсудов Эмомалӣ осоишгоҳи “Нигора” ба таври замонавӣ сохта ба истифода дода шуда, бо таҷҳизотҳои ҳозиразамони тиббӣ таъмин гардид, ки дар расми ифтитоҳи  он Сарвазири мамлакат Коҳир Расулзода иштирок намуд.  Дар санаи  19 декабри соли 2017 дар маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Маркази тавонбахшии “Умедбахш” барои кӯдакони имконияти ҷисмонияшон маҳдуд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт,ки дар расми ифтитоҳи ин марказ Раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Почохон Зарифзода, намоянда аз Вазорати маориф ва илм, Вазорати
тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ инчунин намояндагони ташкилоти
байналмилалии Миссияи Шарқ иштирок доштанд.

Дар баромади муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолзода Мирҳумиддин қайд гардид, ки баҳри сари вақт ошкор намудани бемориҳои хафнок ва заҳролудшавӣ, оиди захираи зардобаҳои ботуллизм, пешгирӣ ва сари вақт ошкор намудани бемори ВНМО, муоинаи ҳатмии никоҳшавандагон ва фавти кудакони то синни 5-сола, фавти модарон, масъалаи таъмини хун ба беморон ва муроҷиати шаҳрвандон бояд дар мадди аввали менеҷерони сохтори госпиталӣ ва муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ қарор дошта бошад.
Дар баромади муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират Умар қайд гардид, ҳар як роҳбари муассисаҳои тиббӣ бояд масъулиятшинос, дар ташхису табобат, солимии ҷомеъа фаъол бошад ва маърифати аҳолиро баланд бардорад.

Дар охири мушовара сардори раёсати тандурустии вилояти Хатлон Маллазода С.Ҳ. бори дигар ин мушкилотро ёдовар шуда, нисбати камбудиҳои ҷойдошта ва ҳалли онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


 border=
 border=

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 198
  • 382
  • 47,531