ҶАМЪБАСТИ ҲАФТАИ УМУМИҶАҲОНИИ ҲИМОЯИ ҒИЗОДИҲИИ КӮДАКОН

Август 27
09:45 2012

Дар чорчўбаи татбиқи Нақшаи кории Вазорати тандурустӣ оид ба амалисозии Барномаи дастгирӣ ва кўмаки синамаконии атфол дар соли 2012 аз 1 то 10 августи соли 2012 дар ҷумҳурӣ ҳафтаи умумиҷаҳонии ҳимояи ғизодиҳии кўдакон таҳти шиори «Таҷрибаи гузашта – нақшаи оянда» қайд гардид.

         Дар муассисаҳои тиббии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ конфронсҳои илмӣ – амалӣ дар мавзўъҳои «Мақсаду ҳадафҳои асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳимояи ғизодиҳии табиии кўдакон», «Шири модар ивазнашаванда аст», «Муносибати некбинона нисбати атфол» гузаронида шуданд. Дар ин конфронсҳо ҳамагӣ 822 нафар кормандони тиб, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шоирон, намояндагони кумитаи дин ва дигарон иштирок намуданд.

Инчунин, дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанди вилояти Суғд, ноҳияҳои Ҳисор, Рўдакӣ, Нуробод ва Ҷиргатол мизҳои мудаввар оид ба таҷлили ҳафтаи умумиҷаҳонии ҳимояи ғизодиҳии кўдакон баргузор гардида, дар онҳо 319 нафар кормандони тиб ва модарон иштирок намуданд.

           Дар муассисаҳои тиббӣ семинарҳо оиди синамаконӣ ва фоидаи шири модар гузаронида шуда, ҳамагӣ 2586 нафар кормандони тиб омўзонида шуданд.

          Дар маҳалҳо бо занони ҳомила, модарони кўдаки ширмакдошта сўҳбатҳо оиди афзалияти шири модар гузаронида шуда, дар ин маъракаҳо зиёда аз 87 611 нафар занон ширкат варзиданд.

          Дар вилояти Суғд, даромадгоҳи “Ҷумъабозор”-и ш. Хуҷанд рўзи 3.08.12 “Дўкони саломатӣ” дар мавзўи “Синамаконӣ” баргузор гардида, ба аҳолӣ 1000 адад дар 3 намуд маводҳои иттилоотӣ “Чӣ тавр кўдакро дуруст ғизо додан лозим аст” тақсим карда шуданд. Дар озмуни варақаҳои саломатӣ 22 муассисаҳои тиббии маркази вилоят иштирок дошта, кормандони таваллудхонаи шаҳрии ш.Хуҷанд, маркази вилоятии «Кори ҳамширагӣ», маркази вилоятии эндокринологӣ ва дар озмуни беҳтарин роҳбари гурўҳи дастгирии синамаконӣ мутахассисони н. Конибодом ва ш. Чкалов ҷои намоёнро ишғол намуданд.

         Дар н. Ваҳдат бо иштироки кормандони мағозаҳои савдои гирду атрофи Беморхонаи марказӣ (ҳамагӣ 20 нуқтаи савдо) оид ба татбиқи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ҳимояи ғизодиҳии табиии кўдакон” ва моддаи 9-и ин Қонун  оиди салоҳияти мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва иҷроиши Амри Раиси шаҳри Ваҳдат аз 9.06.2008, №50-А бо мақсади ба тартиб овардани воридкунӣ, нигоҳдорӣ ва фурўши ғизои сунъӣ ва зарари макаку пистонакҳо барои кўдакон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.

         Дар рўзҳои таҷлили ҳафтаи умумиҷаҳонии синамаконӣ гурўҳи кории Вазорати тандурустӣ дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд мониторинги рафти иҷрои чорабинии мазкурро санҷида баромада, дар маъракаҳои шаҳру ноҳияҳо (вохўриҳо бо аҳолӣ) иштирок намуданд.

         Мониторинги “Беморхонаҳои муносибати некбинона нисбати атфол” нишон дод, ки дар бисёри онҳо 10 қадамҳои бомуваффақияти дастгирии синамаконӣ риоя карда мешаванд.

         Дар гузаронидани маъракаи ҳафтаи умумиҷаҳонии синамаконӣ  Хазинаи кўдакони Созмони Миллали Муттаҳид, Ҳайати шафқат саҳмгузор буднд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 1
  • 239
  • 491
  • 63,018