ҶДММ “Сифат фарма” расман ба фаъолият оғоз кард

ҶДММ “Сифат фарма”  расман ба фаъолият оғоз кард
Сентябр 26
12:38 2017

Имрӯз  дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе,  маросими расмии фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Сифат фарма” сурат гирифт. Дар расми ифтитоҳи фаъолияти расмии ҶДММ “Сифат фарма” Саида  Умарзода,  муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шепчук Валерий, муовини вазири тандурустии Ҷумҳурии Белоруссия, намояндагони соҳаҳои тандурустиву дорусозии Ҳиндустону Эрон, Тоҷикистону Белоруссия иштирок намуданд.

Дар расми ифтитоҳи  ҶДММ “Сифат фарма” муайян гардид, ки ширкати мазкур бо мақсади таъмини аҳолӣ бо дорувории хушсифат ва ба стандартҳои байналмиллалӣ ҷавобгӯ, инчунин аз ҷиҳати иқтисодӣ дастрас ба сокинон таъсис ёфтааст.

Саида Умарзода зимни суханронии хеш дар ифтитоҳи расмии нахустин нуқтаи фурӯши дорувории ҶДММ “Сифат фарма” зикр намуд, ки; “бо сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи сиҳатии ҷомеа, ҳамасола дар кишвар даҳҳо марказҳои саломативу бунгоҳҳои тиббӣ ва иншооти дар умум соҳаи тандурустӣ бунёду мавриди истифода қарор мегиранд. Чунин иқдом ва ғамхории Ҳукумати ҷумҳурӣ боис гардидааст, ки   соҳаи тандурустии кишвар ба дастовардҳои назарраси илмиву амалӣ комёб гардад”.

Ҳамзамон Саида  Умарзода иброз дошт, ки чун солҳои қаблӣ соли 2017 низ дар ҷумҳурӣ иншооти зиёди марбут ба соҳаи тандурустӣ мавриди истифода қарор гирифтанд, ки фаъолияти расмии ҶДММ “Сифат фарма” дар самти таъмини аҳолӣ бо дорувории хушсифат  саҳми бориз гузошта, дар пешрафти соҳаи дорусозиву дорифурӯшии ҷомеаи кишвар нақши назаррасеро касб хоҳад кард.

Хотиррасон менамоем,  ки ҶДММ “Сифат фарма” бо мақсади дастраси аҳолии Тоҷикистон намудани дорувории ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқаткунанда бо вазоратҳои тандурустиву соҳаҳои дорусозии кишварҳои Белоруссия, Ҳиндустон ва Эрон шартномаи ҳамкорӣ баста, нақша дорад дар оянда сафи  шариконро бештар намояд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 1
  • 234
  • 314
  • 180,302