Ҷиҳозонидани муассисаҳои тандурустӣ бо компютерҳо

Ҷиҳозонидани муассисаҳои тандурустӣ бо  компютерҳо
Апрел 04
07:37 2018

Бо мақсади мустахкам намудани  базаи моддиву техникии муассисаҳои тандурустӣ ва баланд бардоштани савияи илмиву кории мутахассисон дар вилояти Хатлон даврҳои омӯзишӣ миёни кормандони соҳаи тиб сурат гирифта, ба якчанд  муассисаи танурустии ин минтақаи кишвар дастгоҳ ва лавозимоти муосири тиббӣ дастрас карда шуд.

Иқдоми мазкур бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳафзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки Умумиҷаҳонӣ  дар доираи «Лоиҳаи беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ» рӯи даст гирифта шудааст.

Ба иттилои дастрас агар аз ноҳияҳои таҷрибавии вилояти Хатлон 897 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ ба давраҳои омӯзишӣ оид ба  асосҳои компютерӣ фаро гирифта шуда бошанд аз 7 ноҳияҳои ғайритаҷрибавӣ иловатан 111 нафари дигар низ, аз омузиши нозукиҳои техналогияи муосир ба таври ройгон бархурдор гардидаанд. Бар замми ташкилу гузаронидани курсҳои омӯзишӣ, ҳамзамон ба муассисаҳои тиббии 5 ноҳияи таҷрибавӣ, 105 адад ноутбук, 283 адад планшет, 105 адад принтер ва 5 адад дастгоҳҳои нусхабардорӣ ба марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббии ноҳияҳои Фархору Ёвон, Данғара ва Кубодиёну Ҷ. Балхӣ, дастрас карда шуд.

Бо мақсади мустаҳкам намудани  базаи моддиву техникии муассисаҳои тандурустии 7 шаҳру навоҳии ғайритаҷрибавии минтақаи Қурғонтеппаву Кӯлоб, 23 адади дигар ноутбукҳо пайваст бо шабакаи интернетӣ тақсим гардида, 1008 нафар духтурону хамшираҳои шафкати бунгоҳу марказҳои саломатии деҳотӣ, ҳамчунин оид ба истифодаи шабакаи ягонаи идоракунии итилоотии тандурустӣ омўзонида шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 1
  • 55
  • 314
  • 109,810