ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – ДАВЛАТИ ОЗОД АЗ БЕМОРИИ ФАЛАҶ

Январ 31
18:38 2012

Вазъи эпидемиологии бемории фалаҷ  аввали солҳои 90-ум хеле муташанниҷ гашта буд ва ба хурўҷи беморӣ оварда расонд, ки дар натиҷа 111 нафар ба бемории фалаҷ гирифтор шуданд. Қисмати зиёди ин беморон дар ноҳияи Қубодиён ба қайд гирифта шуда буданд.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои зиддиэпидемикӣ – беҳтар намудани иммунизатсияи кўдакон бар зидди бемории фалаҷ, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ – Рўзҳои миллии эмгузаронӣ бар зидди ин беморӣ дар муддати солҳои 1994-2001-ум ҳамагӣ 11 маротиба, ҳам баҳор ва ҳам тирамоҳ дар байни кўдакони то 5-сола, пеши роҳи паҳншавӣ ва бақайдгирии бемориро гирифт. Ҳодисаи охирин соли 1997-ум ба қайд гирифта шуд.

Чорабиниҳои зиддиэпидемикӣ бо ташкил ва гузаронидани назорати фаъоли эпидемиологӣ дар давраи баъдин ҳам давом дода шуданд.

Моҳи июни соли 2002-юм Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори давлатҳои Аврупо ва ҷумҳуриҳои собиқ шуравӣ – ҳамчун давлати озод аз бемории фалаҷ пазируфта шуд ва сертификати Ташкилоти Умумиҷаҳоии Тандурустиро сазовор гардид.

Баъди гирифтани сертификат, самти фаъолияти муассисањои тандурустӣ бо баланд бардоштани сифатнокии иммунизатсияи кўдакони  то 1 сола ва самаранокии назорати фаъоли эпидемиологӣ бо дарёфт намудани бемориҳои фалаҷмонанд равона карда шуд. Чорабинии оммавӣ танҳо соли 2007-ум дар 25 ҳудуди маъмурӣ бар зидди бемории фалаҷ гузаронда шуд. Дар муддати тўлонӣ,  беморӣ ба қайд гирифта нашуд.

Бо вуҷуди ин,  соли 2010-ум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хурўҷи бемории фалаҷ ба амал омад, ки дар натиҷаи он 457 ҳодисаи бемории фалаҷ ба қайд гирифта шуд. Ташхисҳо нишон доданд, ки беморӣ аз беруни ҷумҳурӣ ворид шудааст.

Вазорати тандурустӣ вазъи ба вуқўъ омадаро ба назар гирифта,  чорабиниҳои фаврӣ баҳри роҳ надодан ба паҳншавии куллӣ ба дигар минтақаҳоро  амалӣ намуд. Ҳафт даври Рўзҳои миллии эмгузаронӣ дар байни кўдакон ва  наврасони то 15-сола гузаронида шуд. Ин чорабинӣ соли 2011-ум  дар моҳи апрел – май, дар ду давр низ гузаронда шуд.

Дар чорабиниҳои мазкур Вазорати тандурустӣ ёрии бевоситаи созмонҳои байналмилалӣ, пеш аз ҳама Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, Хазинаи кўдакони Созмони Миллали Муттаҳид ва дигаронро эҳсос намуд. Баъди давраҳои иммунизатсияи пайдарҳам, бемории фалаҷ дигар ба қайд гирифта нашуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳамчун давлати озод аз бемории фалаҷ пазируфта шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 46
  • 314
  • 109,801