Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мутахассисони силшиносро барои ғани сохтани таҷриба ба Олмон фиристоданд

Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мутахассисони силшиносро барои ғани сохтани таҷриба   ба  Олмон фиристоданд
Октябр 02
11:07 2017

24 сентябри соли равон як гурӯҳ силшиносони Тоҷикистону Ӯзбекистон барои иштирок дар омӯзиш оид ба кори таҳлилгоҳҳои зиддисилӣ ба шаҳри Гаутинги Олмон сафар карданд. Ин давраи омӯзишӣ дар таҳлилгоҳи референсии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ баргузор  гардид, ки  ҳадаф аз он  фароҳам овардани шароит ва баланд бардоштани тахассуси мутахассион дар самти бехатарии биологии таҳлилгоҳҳо мебошад. Дар ин омӯзиш, ки тӯли як ҳафта давом дошт силшиносон таҷрибаи омӯхтаашонро сайқал доданд, ки барои анҷоми фаврӣ ва дақиқи ташхиси бемории сил ва беморон мусоидат мекунад. Ҳамчунин ин кормандон роҳҳои беҳтар намудани таъмини бехатарии таҳлилгоҳҳоро низ аз худ намуданд.  Омӯзиши мазкур бо ибтикори бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон  ва дастгирии  Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID),  амалӣ гардидааст.

Ба иттилои дастрас сафари омӯзишӣ ба Олмон яке аз фаъолиятҳои мубодилаи донишу малака мебошад, ки  USAID тариқи барномаи мубориза бар зидди бемории сил дар Тоҷикистону Ӯзбекистон амалӣ мегардонад ва барои мусоидат намудан ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ оид ба бемории сил дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ равона шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 274
  • 264
  • 85,867