1 ДЕКАБР-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ВИЧ/СПИД: Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи пешгирии ВНМО тадбирҳои зарурӣ меандешад

1 ДЕКАБР-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ВИЧ/СПИД: Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи пешгирии ВНМО  тадбирҳои зарурӣ меандешад
Декабр 02
13:45 2019

Шоми дирӯз, 1 декабр дар «Кохи Суруш»-и шаҳри  Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бо Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО -ВИЧ/СПИД)  ҳамоиш баргузор гардид.

Маврид ба зикр аст, ки 1 декабр ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи байналмилалии мубориза бо Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО -ВИЧ/СПИД)-ро таҷлил менамояд. Аввалин шахсони гирифтор ба ин беморӣ дар охири солҳои 80-уми асри гузашта дар Америка ба қайд гирифта шудаанд. Тибқи  иттилои Созмони Миллали Муттаҳид, соли  2018 шумораи гирифторони ин беморӣ  ба 37,9 миллион расидааст.

Бо мақсади иттилоотонии ҷомеа оид ба ин беморӣ ва пешгирии сироятёбӣ аз он шурӯъ аз соли 1996 ҳамаи давлатҳои узви Созмони Миллали Муттаҳид ин рӯзро бо баргузор намудани чорабиниҳои маърифатию  машваратӣ таҷлил менамоянд.

Дар ин рӯз дар Тоҷикистон низ   барномаҳои  мухталифи иттилоотию маърифатӣ, ҳамоишҳо,  машваратҳо, рекламаҳои иҷтимоӣ, барномаҳои телевизиониву радиоӣ, намоиши  аксҳо дар ин мавзӯъ ва ҳафтаи ташхиси ВНМО баргузор мегарданд.

Ҳарчанд солҳои охир  афзудани бемории  Вируси норасоии масунияти одам    ва  табобатнашаванда будани он   боиси  ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гардида бошад ҳам, бино ба гуфти олимони соҳаи тиб   он идорашаванда мебошад.

СММ зарур мешуморад, ки барои пешгирӣ ва идора намудани ин беморӣ мамлакатҳоро мебояд барномаҳои милливу давлатӣ қабул ва тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи пешгирии ВНМО  тадбирҳои зарурӣ андешида,  татбиқи барномаҳои давлатӣ дар ин самт идома доранд.

Аз ҷумла, мамлакати мо соли 2001 «Аҳдномаи пайравӣ ба фаъолиятҳоро дар самти мубориза бо вируси норасоии масунияти одам»-ро  қабул намуда, дар қатори дигар давлатҳои дунё яке аз аввалинҳо шуда, «Стратегияи миллии рушд»-ро, ки дар он мубориза бар зидди ин эпидемия дар мувофиқа бо Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола нишон дода шудааст, таҳия ва мавриди амал қарор дод.

Моҳи сентябри соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаи умумии Иҷлосияи 63-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Америка бо таҳлилу баррасии дурбинонаи вазъи мушкилоти ҷаҳонӣ суханронӣ ва пешгирии бемориҳои ВИЧ/СПИД-ро дорои аҳамияти бузург номида, ҷомеаи ҷаҳониро дар ин ҷода ба муттаҳидӣ даъват карданд.

Бо гузашти ду сол Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  мавзӯи  «Ҳадафҳои Ҳазорсола: дастовардҳои Тоҷикистон» дар Америка суханронӣ намуда, аз ҷумла гуфтанд: «Дар соҳаи тандурустӣ самтҳои асосии сиёсати давлатро беҳтар намудани муҳофизати модарону кўдакон, роҳ надодан ба интишори бемории ВИЧ/СПИД, кам намудани бемориҳои сироятӣ, боло бурдани сатҳи хадамоти тиббӣ ва мустаҳкам намудани базаи моддиву техникии он ташкил медиҳад… Ҷиҳати паҳн нашудани бемории ВИЧ/СПИД дар солҳои 2008-2009 аз ҳамаи манбаъҳо 52,3 миллион сомонӣ (ё 13,7 миллион доллар) сарф шуда, бо маблағ таъмин намудани соҳа 5,7 маротиба афзудааст…».

Масъалаи пешгирии сироятёбӣ аз ВНМО дар «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2020» дарҷ гардида, ғайр аз ин,    вобаста ба он дар мамлакат барномаҳои соҳавии давлатӣ қабул ва татбиқ гардидаанд.

Қабул ва татбиқи «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба Вируси норасоии масунияти одам барои солҳои 2011-2015» нишон дод, ки сатҳи гирифторӣ, идоракунӣ ва ба табобати доимӣ фаро гирифтани шахсони мубталои ин беморӣ беҳтар гардидааст.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар доираи иҷрои барномаи мазкур, ки  маблағи он ба 141 миллиону 927 ҳазору  799 доллари амрикоӣ баробар буд ва норасоии он 30,6% -ро ташкил медод, дар самти пешгирии ин сироят корҳои зиёд ба анҷом расонида шуда, дар коҳиш додани сарбории эпидемияи Вируси норасоии масунияти одам ва беҳтар гардидани ҳолати эпидемикии ин сироят дар  мамлакат заминаи мусоид фароҳам овард.

Дар ин давра заминаи моддию техники муассисаҳои соҳаи тандурустӣ беҳтар гардида, тамоми имкониятҳо баҳри дарёфту муайянсозӣ, пешниҳоди табобатҳои махсус ва назорату расонидани кӯмакҳои палиативӣ ба беморону сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам фароҳам оварда шуданд.

Соли 2017 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасои масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020» қабул намуд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода моҳи августи соли равон дар маҷлиси навбатии Ҳукумати мамлакат оид ба ҷараёни иҷрои Барномаи мазкур гузориш дода, гуфт: «Бо мақсади паст намудани шиддати паҳншавии сирояти вируси норасоии масунияти одам дар ҷумҳурӣ ва расондани хизматрасониҳои тиббию иҷтимоӣ ба ниёзмандон ин барномаи миллӣ қабул гардидааст».

Ба иттилои Вазир, ҳадафи асосии Барнома дастрасии баробари аҳолӣ ба хизматрасониҳои босифат оид ба пешгирӣ, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ вобаста ба сирояти вируси норасоии масунияти одам мебошад.

Барномаи мазкур аз 6 самти афзалиятноки фаъолият, аз ҷумла, пешгирии ВНМО, тесткунонӣ оид ба  ВНМО ва ҳамбастагӣ бо тартиби пешниҳоди кӯмак, табобат ва расонидани ёрӣ  вобаста ба сирояти ВНМО, бехатарии хун ва назорати сироятҳо, мустаҳкам намудани низоми тандурустӣ ва шароити мусоид иборат мебошад.

Тавре мудири шуъбаи назорати диспансерии Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зӯҳро Нурляминова дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» гуфт:  «Вируси норасоии масунияти одам бемории сироятии музмин буда, танҳо аз одам ба одам мегузарад».

Ба иттилои мавсуф, ВНМО системаи иммунитети шахсро  заиф карда, онро барои  солим нигоҳ доштани организм мураккаб месозад. «Вақте ВНМО рушд меёбад, он метавонад ба Бемории пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ/СПИД) оварда расонад», — мегӯяд номбурда.

Бино ба таҳлилҳои мутахасисони соҳаи тиб, ВНМО тавассути хун,  алоқаи ҷинсии ҳифзнашуда, сӯзандоруҳои тамизнашуда, инчунин  аз модари сироятёфта  ба навзод ҳангоми таваллуд, истифодаи асбобҳои тиббии тамизнашуда ва  ширмакконӣ мегузарад.

«Бояд донист,  ки  ВНМО  тавассути оби даҳон, арақи бадан, бо роҳи дастфишурӣ ва дигар алоқаҳои рӯзмарра, баоғӯшгирӣ, сулфа, атсазанӣ, тавассути нешзании ҳашарот ва газидани ҳайвонот, ашёи маишӣ, оббозии якҷоя дар ҳавзи шиноварӣ,  ҳаммом, ошхона ва истеъмоли якҷояи хӯрок сироят намекунад», — афзуд Зӯҳро Нурляминова.

Барои сари вақт огоҳ шудан аз ин беморӣ ва пешнирии сирояткунӣ ба наздикон ҳар як шахс бояд ҳадди ақалл дар як сол як маротиба аз ташхис гузарад.

«Хушбахтона, имрӯз  барои қавӣ нигоҳ доштани системаи иммунитети бадани одамоне, ки ба ин беморӣ гирифторанд, дар мамлакат маводи дорувории босифат мавҷуданд. Бо оғози саривақтии истифодаи доруҳо ва ҷиддӣ риоя намудани он ВНМО имрӯз идорашаванда аст»,- афзуд мутахассиси соҳа.

Тибқи маълумоте, ки дар натиҷаи гузаронидани Назорати дидбонии эпидемиологӣ ба даст омадааст, эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Тоҷикистон дар байни гурўҳҳои махсусан осебпазири аҳолӣ ва занони ҳомила дар марҳилаи ҷамъшаванда (паҳншавии вируси норасоии масунияти одам дар байни нашъамандони тазриқӣ — 12,9 фоиз ва дар байни занони ҳомилаи шаҳрҳо — 0,1 фоиз) қарор дорад.

Тибқи муқаррароти Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон  давлат кафолат медиҳад, ки тамоми ҳуқуқ ва озодиҳои одамони аз вируси норасоии масунияти одам сироятёфтаю мубталои бемории пайдошудаи норасоии масуният ва аъзои оилаи онҳо, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя карда шаванд.

Зимнан, як сол пеш, моҳи декабри соли 2018 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмур ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намуд, ки ба ҳифзи солимии аҳолӣ ва пешгирии сирояткунӣ аз ВНМО нигаронида шуда буд.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода зимни шарҳи масъалаи  мазкур, аз ҷумла чунин зикр кард:  «Ин лоиҳа бо мақсади пурзӯр намудани ҷавобгарии кормандони тиб барои иҷрои номатлуби вазифаи касбиашон, вайрон кардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва санитарию зиддиэпидемикӣ аз тарафи табибони хусусӣ, кормандони кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо ва дигар корхонаҳои хизматрасонӣ, ки сабаби мубталои сирояти вируси норасоии масунияти одам гардидани одамон ё марги инсон шудаанд, инчунин пурзӯр намудани ҷавобгарии шахсоне, ки ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ворид намудан, истеҳсол ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат, қалбакӣ (сохта) ва ба талаботи стандартҳои муқарраршуда ҷавобгӯй набуда, инчунин дорувории муҳлати истифодааш гузашта машғуланд, пешниҳод карда шудааст».

Ғайр аз ин,  тибқи муқаррароти моддаи 125-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне, ки бо роҳҳои гуногун нафари дигарро ба бемори ВИЧ/СПИД гирифтор мекунанд, ба муҳлати аз 2 то 10 сол аз озодӣ маҳрум карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки назорати эпидемиологии паҳншавии сирояти вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти риоя ва афзалияти ҳуқуқи инсон, пинҳонӣ будани ташхис, риояи усулҳои махфӣ ва анҷом додани он амалӣ гардида, ба шахсони аз вируси норасоии масунияти одам сироятёфтаю мубталои бемории пайдошудаи норасоии масуният ва аъзои оилаи онҳо кумаки ройгони босифат ва аз ҷиҳати илмӣ асосноки тахассусии тиббӣ ва иҷтимоию равоншиносӣ расонида мешавад.

«Имрӯзҳо тамоми дорувориҳои зидди ретровирусӣ дар Тоҷикистон дастрасанд ва онҳо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ройгон тақсим карда мешаванд. Ғайр аз ин, тамоми хизматрасониҳои тиббӣ ба  шахсони бо ВНМО зиндагикунанда  ройгон ба роҳ монда шудааст»,- илова намуд З.Нурляминова.

Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 2
  • 307
  • 565
  • 207,230