100 ҳазор сомонӣ ва 5 ҳазор ниқоби муҳофизатӣ -кумаки Вазорати мудофиа дар роҳи муқовимат ба COVID-19

100 ҳазор сомонӣ ва 5 ҳазор ниқоби муҳофизатӣ -кумаки Вазорати мудофиа дар роҳи муқовимат ба COVID-19
Май 14
13:27 2020

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Фонди хайриявии мубориза бар зидди бемории COVID-19 қариб 100 ҳазор сомонӣ гузаронд. Тибқи иттилои сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Ориф Нозимиён, Вазорати мазкур дар радифи дигар сохторҳои мамлакат ҷиҳати пешгирӣ аз сироят наёфтани шаҳрвандони мамлакат ба бемории COVID-19 тадбирҳои зарурӣ амалӣ менамояд.

То ин давра аз ҷониби ин соҳтори қудратӣ дар кӯчаву хиёбонҳои тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат чорабиниҳои санитариву гигиенӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудаанд. Инчунин бо мақсади сироят наёфтан аз ин беморӣ дар кӯчаву хиёбонҳо, гулгашту боғҳои фарҳангӣ беш аз 5000 ниқоби тиббӣ ба сокинони шаҳри Душанбе ва меҳмонони пойтахт тақсим гардида, раванди тақсимоти ниқобҳои тиббӣ аз ҳисоби захираи ин ниҳоди қудратӣ идома дорад.

Тадбирҳое, ки  аз ҷониби Вазири мудофиаи мамлакат Шералӣ Мирзо  ва афсарони ҳама навъҳои қӯшунҳо роҳандозӣ мегарданд, танҳо ба хотири солимии тамоми сокинони мамлакат нигаронида шудаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2020
ДСЧПҶШЯ
« ஏப்  
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 81
  • 547
  • 359,020