Вохӯрии судманд

Вохӯрии судманд
Май 02
09:56 2019

Халқи тоҷик дар тӯли таърихи чандҳазорсолаи худ шаҳру пойтахтҳое бунёд кардааст, ки мавриди таваҷҷӯҳи ҷаҳониён будаанд. Суннатҳои шаҳрдорӣ ва санъати меъмории онҳо, ки хусусиятҳои миллӣ ва умумибашарӣ доранд, то замони мо боқӣ мондаанд. Душанбе, барҳақ, меросдори онҳост. Сокини пойтахт будан боиси ифтихор аст ва дар айни замон масъулияти бузург ҳам дорад, ки амалӣ намудани чунин дастур муҳимтарин вазифаҳои шаҳрвандиро тақозо менамояд.

Ин масъала дар вохӯрии гурӯҳи таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Мавсума Муинӣ, муовини Раиси шаҳри Душанбе бо омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино доир гашт.

Мавсума Муинӣ, муовини Раиси шаҳри Душанбе бо таъкид ба Паёмҳои Пешвои миллат чун барномаи корие барои рушди бемайлони кишвари азизамон, гуфт, ки баъд аз ҳар Паём давраи нави пешрафту гулгулшукуфоии кишвар ба амал меояд. Ба таъбири дигар, Паём ҳамчун муҳаррике мебошад, ки ҳамасола суръати чархиши механизми давлату давлатдориро меафзояд ва барои амалӣ гаштани ормонҳои чандинасраи миллӣ заминаҳои мусоид фароҳам меорад.

Муовини шаҳри Душанбе ба рушду такомули беш аз пеши пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе ишора намуда, қайд кард, ки дар таърихи ҳар халқу миллат пойтахт дар самти рушду такомули давлатдорӣ, пешрафти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии он нақши калидӣ мебозад. Дар ин раванд, шаҳри Душанбе ҳамчун маркази давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, рисолати хешро дар бобати рушди самтҳои мухталифи ҳаёти мамлакат муваффақона иҷро мекунад. Имрӯз шаҳри Душанбе аъзои Ассамблеяи байналмилалии пойтахтҳо, Ташкилоти байналмилалии бародаршаҳрҳо, Ташкилоти умумиҷаҳонии шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимияти маҳаллӣ буда, бо беш аз 15 шаҳри Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, минтақаҳои Осиё ва Африқову Амрико муносибатҳои дӯстонаву бародарона барқарор намудааст. Шаҳри Душанбе ҳамчунин дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, илму техника ва фарҳанг бо як қатор шаҳрҳои Федератсияи Россия, аз ҷумла шаҳри Москва, ҳамкориҳои судманд дорад. Ҳамаи моро зарур аст, ки барои таъмини зиндагии орому осудаи сокинон, фаъолияти босамари корхонаву муассисаҳо ва будубоши мусоиду бофароғати меҳмонон саъю кӯшиш намоем. Вай афзуд:

“Мо бояд дар пойтахт чунин фазоеро фароҳам оварем, ки ҳар як меҳмон имконияти ошноии ҳамаҷониба пайдо кардан ба арзишҳои таърихиву фарҳангии мардуми куҳанбунёдамонро дошта бошад ва муҳаббату меҳмоннавозӣ, муносибати дӯстона ва хайрхоҳонаи моро эҳсос намояд. Дар ин раванд, ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки пойтахт симо ва оинаи давлату миллат мебошад ва барои покизаву пурҷило нигоҳ доштан ва ба ҷаҳониён ба таври арзанда муаррифӣ кардани он ҳамаи сохтору мақомоти шаҳрдорӣ ва ҳар як сокини пойтахт масъулият доранд”.

Коҳиш додани омилҳои номатлуб, чун зӯроварию хушунат, пешгирии фарҳанги бегонапарастӣ, майл ба гурӯҳҳои иртиҷоиву террористӣ масъалаи дигари вохӯрӣ буд, ки дар сатҳи баланд матраҳ гардид.

Парвина Қамчибековна, муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанги донишгоҳи мазкур зимни баромад қайд намуд, ки шинохти таъриху фарҳанги хеш барои ҳар як шахси соҳибмиллату соҳибдавлат ин шинохти асли хеш аст. Муовини ректор таъсири бегонагон ба арзишҳои миллӣ, бахусус забони давлатӣ, либоси миллӣ ва ахлоқи ниёгонамон дар замони муосирро масъалаи ташвишовар хонда, гуфт, ки яке аз вазифаҳои асосии ҳар як муассисаи таълимӣ пеш аз ҳама тарбияи насли наврасу ҷавон ба шумор меравад. Дар ҳамин замина Раёсати донишгоҳ, бахусус муовинати тарбия ҷиҳати риояи талаботи дастурамали либосҳои тавсиявии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ чораҳои зиёд роҳандозӣ кардааст. Ин аст, ки донишҷӯёни донишгоҳ аз одоби шаҳрнишинӣ, корҳои ободонӣ, нагаравидан ба идеологияи бегонапарастон ва дастурамали либосҳои тавсиявии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳӣ дошта, онро риоя менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон  ба номи Абӯалӣ ибни Сино роҳи ҳалли мушкилоти фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, воридшавии ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ, хуруфотпарастӣ ва ҷинояткориро маҳз бо таблиғи тарзи ҳаёти солим ва варзиш байни донишҷӯён пайдо намудааст. Ин аст, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон  ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар озмуни ҷумҳуриявии корҳои ободонӣ оиди сохта ба истифода додани Маҷмааи варзишию фароғатӣ бо майдончаҳои бозии кӯдакон ва гулгаштҳо ғолибият ба даст оварда, сазовори “Ифтихорнома”-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Бойгонӣ

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 20
  • 242
  • 167,302