14 ноябр-Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо диабети қанд: пурхӯрӣ ё истеъмоли нодурусти хӯрок метавонад сабаби пайдоиши ин беморӣ шавад

14 ноябр-Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо диабети қанд: пурхӯрӣ ё истеъмоли нодурусти хӯрок метавонад сабаби пайдоиши ин беморӣ шавад
Ноябр 14
16:21 2018

Ҳамасола 14 ноябр Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо диабети қанд таҷлил карда мешавад. Ин рӯз соли 1991 аз сабаби зиёд гаштани шумораи гирифторони ин беморӣ аз ҷониби Федератсияи байналмилалии диабет (International Diabetes Federation, IDF) ва Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ (World Health Organization) эълон гардида буд.

Бино ба гуфтаи мутахассисони соҳаи тиб, ин беморӣ солҳои охир бештар дар байни ҷавонон ба назар мерасад ва дар ҳолати густариш қарор дорад.

Тибқи маълумоти Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ, соли 2008 дар ҷаҳон аз бемории қанд 347 миллион нафар азият мекашиданд. Соли 2012 қариб 1,5 миллион нафар аз ин беморӣ фавтиданд, ки беш аз 80% онҳо сокинони кишварҳои камдаромад ва даромадашон миёна мебошанд.

Сабаби гирифторӣ ба ин бемориро аксар мутахассисон дар фарбеҳии зиёд, аз меъёр зиёд будани холестерин ва равған дар таркиби хун медонанд. Диабети қанд бемории хатарнок буда, дар ин беморӣ гармонҳо бо номи инсулин ё тавлид намешаванд ва ё ба таври зарурӣ фаъолият намекунанд. Инсулин барои табдили қанди таркиби хун ва ғизоҳо ба энергия хизмат мекунад. Дар шахсони гирифтори ин беморӣ бо далели он ки инсулин камбудӣ дорад ва хуб амал намекунад, қанд (глюкоза) то сатҳи хатарнокӣ дар хун боло меравад.

Тавре дар суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи муолиҷавии Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии эндокринологӣ Амриддин Абдураҳмонов иброз дошт, бемории диабети қанд ба ду гурӯҳ- навъи якум ва дуюм ҷудо мешавад.

Ҳамчунин мавсуф иброз дошт, ки бемории диабети қанди навъи якумро ба инсулин  вобаста мегӯянд,  чунки бетаҳуҷайраи ғадуди меъдаи ин гуна беморон инсулинро ҳосил намекунад ё миқдори ҳосилашон кам аст. Аз ин лиҳоз онҳо ба инсулин вобаста мебошанд.  Ба ин гурӯҳ  шахсони аз 0 то 35-сола дохил мешаванд.

Бемории диабети қанди навъи дуюмро    аз инсулин новобаста меноманд,  чунки бетаҳуҷайраи ғадуди зери меъдаи ин гуна беморон инсулинро ҳосил мекунад.  Аммо дар ин гуна беморон инсулин  вазифаи худро иҷро карда наметавонад, аз ин лиҳоз миқдори қанд дар хун зиёд мешавад. Ба ин гурӯҳ шахсони аз 35-40-сола боло дохил мешаванд.

Инчунин А. Абдураҳмонов зикр намуд, ки омилҳои пайдоиши ин беморӣ метавонанд  ирсӣ,  фарбеҳӣ,   фишорбаландӣ,  ғадуди зери меъда,  бемориҳои эндокринологӣ ва  ғадуди болои меъда бошанд.  Инчунин   хушк шудани даҳон, пешобронии зиёд, нозук шудан ва афтидани дандонҳо, дер шифоёбии захмҳо аломатҳои дигари ин беморӣ мебошанд. Бояд дар хотир дошт, ки бемории диабети қанди навъи ду метавонад бе аломат пайдо шавад. Аз ҳамин сабаб шахсоне, ки аз 40-сола болоянд,  новобаста аз он ки солиманд,   бояд аз санҷиши қанди хун  як маротиба гузаранд, то сари вақт оризаҳои ин беморӣ пешгирӣ карда шаванд.

Ба гуфтаи мутахассис, солҳои охир ин беморӣ дар байни ҷавонон бештар дида мешавад. Сабаби паҳн гаштани бемории қанд   на танҳо ирсият, балки ҳолати равонии инсон ва истеъмоли хӯрокҳои гуногун низ мебошад. Бояд гуфт, ки   пурхӯрӣ ё истеъмоли нодурусти хӯрок  ба пайдоиши бемории қанд метавонад сабаб шавад. Дар назди Маркази ҷумҳуриявии эндокренологӣ мактаби диабетикӣ барои хурдсолон ва калонсолон фаъол мебошад. Чунин мактабҳо дар назди марказҳои саломатии мамлакат низ мавҷуданд. Дар ин мактабҳо тарзи дурусти истеъмоли ғизо ва паст кардани омилҳои хатарнок омӯзонида мешаванд.

Бино ба иттилои А.Абдураҳмонов, айни замон дар Тоҷикистон    44 ҳазор   нафар беморони диабети қанд ба қайд гирифта шудаанд. Шумораи кӯдакони ба ин беморӣ гирифтори   аз 0 то 25-сола  1000 нафарро ташкил медиҳад.

Бояд гуфт, ки ин беморон барои муътадил нигоҳ доштани сатҳи қанди хун  бояд ҳамарӯза инсулин қабул кунанд. Барои табобати ин беморӣ дар ҷумҳурӣ таъмини ройгон бо инсулин ба роҳ монда шудааст. Беморон метавонанд инсулинро аз Маркази ҷумҳуриявии эндокринологӣ ва марказҳои саломатии маҳалли истиқомат дастрас намоянд.

Ибодат ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2020
ДСЧПҶШЯ
« ஏப்  
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 250
  • 1,134
  • 329,137