25 апрел – Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории вараҷа

Апрел 24
14:07 2017

Таи 10 соласт, ки санаи 25 апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории вараҷа қайд карда мешавад. Ин сана дар 60-умин ҷаласаи ассамблеяи байналмилалии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ қабул гардида, ба андешидани чораҳои самарабахш ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза бар зидди бемории вараҷа бахшида шудааст. Ҳамасола таҷлили Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории вараҷа бо номгузориҳои гуногун таҷлил карда мешавад.  Дар соли 2017  Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории вараҷа бо унвонии «Бемории вараҷаро тамоман аз байн мебарем» қайд мегардад.

 

Бемории вараҷа яке аз масъалаҳои ҳалталаб барои соҳаи тандурустии бисёре аз кишварҳо ба шумор рафта, ҳамасола дар ҷаҳон зиёда аз 400 ҳазор нафар аз ин беморӣ мефавтад.

Беш аз 90% ҳодисаҳои бемории вараҷа ба давлатҳои Африқо рост омада, аз ин беморӣ сокинони кишварҳои Осиё, Амрикои Лотинӣ, Шарқи наздик ва ҳатто Аврупо низ сироятмеёбанд.

ДарТоҷикистон вараҷа ҳамчун бемории оммавӣ дар солҳои 60-уми асри гузашта амалан аз байн бурда шуда буд, фақат манбаъҳои алоҳидаи он дар ҷануби кишвар, асосан дар ноҳияҳои сарҳадӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон боқӣ монда буду халос.

Дар авали солҳои 90-уми асри гузашта дар натиҷаи муҳоҷирати иҷборӣ ва бозгашти гурезагон ба маҳалҳои зисти муқимии худ, вараҷа боз аз сари нав хусусияти оммавӣ гирифт, ки ба ҳамаи ин нобасомониҳои сиёсӣ ва иқтисодӣдар кишвар боис гардида буд.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи Глобалии мубориза бо бемориҳои ВНМО, сил ва вараҷа инчунин  як қатор давлату ташкилотҳои сармоягузор мубориза бар зиддӣбемории вараҷа дар ҷумҳурӣ ба марҳилаи нестшавӣқарор гирифта    таи солҳои охир хеле тағйиротҳои назаррас дар паҳншавии ин беморӣ ба мушоҳида мерасад. Шиддати интиқоли ин беморӣ кам гардида, шумораи беморон аз 29794 ҳодиса, ки дар соли 1997 бақайд гирифта шуда буд, то ба 1 ҳодисаи интиқоли дар соли 2016 омада расид.

Бояд қайд кард, ки дар семоҳаи аввалӣсоли ҷорӣяк ҳодисаи интиқолии вараҷаи тропикӣ ба қайд гирифта шуд, ки сироятёбии бемор дар Давлати Габони Африқо сурат гирифта, зуҳури он дарТоҷикистон ба амал омадааст. Бемор сари вақт дарёфт гардида, ба табобати пуррафа рогирифта шудааст.

Новобаста аз комёбиҳои ба дастомада, хатари бозгашти бемории вараҷа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба ноҳияҳои наздисарҳадӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон вуҷуд дорад. Ҳатто якчанд ҳодисаи интиқолӣ аз Афғонистон ва ё дигар кишварҳои нисбат ба ин беморӣ эндемикӣ (Покистон, Ҳиндустон, Африқо ва ғ.) метавонад ба фаъолшавии манбаъҳои вараҷа дар Тоҷикистон оварда расонад.

Дар робита ба ин масъала дар ҷумҳурӣ «Нақшаи миллии стратегӣ оид ба элиминатсияи бемории вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017» ба тасвиб расидааст (Кумитаи ҳамоҳангсозии миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 18 июли соли 2014, протоколи №26), ки дар доираи амалишавии он чораҳо ҷиҳати аз байн бурдани ҳодисаҳои маҳаллии бемории вараҷа вусъат бахшида мешаванд.

Гуфтаҳои боло моро ҳушдор месозад, ки дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вараҷа ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор дошта бошем ва ба ҳадафҳои гузоштаамон ҷиҳати сазовор шудан ба мақоми кишвари аз вараҷа озод шуда ноил гардем.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Архив











 border=


 border=


 border=


 border=