31 май -“Рӯзи байналмилалии бидуни тамоку”

31 май -“Рӯзи байналмилалии бидуни тамоку”
Май 28
14:03 2019

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари кишварҳои мутараққии олам баҳри коҳиш додани истеъмоли маҳсулоти тамоку, ки он имрӯзҳо боиси марги инсонҳои зиёде шудааст, корҳои муҳимеро ба сомон расонидааст.

Маҳдуд намудани истеъмоли тамоку ва ё даст кашидан аз  он яке масъалаҳое мебошад, ки имрӯз  ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Бо назардошти масъалаи доғ будани он, соли 2005 Конвенсияи қолабии Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ оид ба мубориза бо тамоку қабул ва ҳукми амалро гирифт.

Инчунин, бо мақсади ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли мушкилоти мазкур ва ба мардум фаҳмонидани оқибатҳои ногувори сигоркашӣ, ҳамасола дар сар то сари ҷаҳон 31 май ҳамчун “Рӯзи байналмилалии бидуни тамоку” таҷлил карда мешавад.

Бахшида ба ин сана дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо иштироки мутахассисони соҳа нишасту чорабинӣ ва ҳамоишҳои зиёде баргузор гардида, бобати дар байни мардум фаҳмонидани зарари ин маҳсулот ба саломатии инсон корҳои зиёде ба анҷом расонида мешаванд.

Бо назардошти мубрамияти масъала, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ин мушкилоти доғи ҷаҳонӣ дар канор гузошта натавонист. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломатии миллатро боигарии давлат дониста, аз рӯзҳои ба даст овардани истиқлолият ба соҳаи тандурустӣ диққати махсус зоҳир намуда истодаанд. Зарурияти пешгирӣ ва ё маҳдуд намудани истеъмоли маҳсулоти тамокуро ба инобат гирифта, 2 январи соли 2018 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» аз тарафи Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид. Ин қонун ба ҳифзи солимӣ ва пешгирии бемории аҳолӣ равона гардида, ҳамзамон истеҳсол, содироту воридот ва фурӯши маҳсулоти тамокуро дар мамлакат танзим менамояд.  Ғайр аз ин, қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 ба Конвенсияи амсилавӣ оид ба мубориза бар зидди тамоку ҳамроҳ шудааст.

Ташкилоти умумиҷаҳонии  тандурустӣ аз қабул гардидани ин қонун истиқбол намуда, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро яке аз барандагони Ҷоиза барои саҳмгузорӣ дар роҳи мубориза бо тамоку эълон намуд.

Ин ташкилоти бонуфузи  байналмилалӣ  31 майи соли 2018 дар Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо тамоку дар баробари панҷ созмон ва фарди дигар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз барандагони ҷоиза дар минтақаи аврупоии худ ном бурд.

«Раҳбари Тоҷикистон мубориза бо тамокукаширо  аз самтҳои асосии  сиёсати худ  қарор дод ва бо ташаббуси вай 2 январи имсол қонуне қабул шуд, ки кашидани тамоку дар  ҷойҳои ҷамъиятиро  манъ мекунад»,- омадааст дар баёнияи  ташкилот.

Медали Ташкилоти ҷаҳонии тандурустиро 19 июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе  ба Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндаи он Игор Поканевич супорида, ба саҳм ва нақши Президент ва Ҳукумати кишвар баҳри таъмини солимии ҷомеа баҳои баланд дод.

Мутахассисони соҳа дақиқ намудаанд, дар як дона тамоку зиёда аз 4 ҳазор намуд моддаҳои химиявӣ мавҷуд буда,  аз онҳо 250 намудашон зараровар ва 50 намуди дигарашон бавуҷудоварандаи бемории саратон мебошанд.

Бино ба гуфтаи мутахассисони соҳа, дуди тамоку ба узвҳои нафаскашӣ дохил шудаву ба онҳо таъсири манфӣ расонида, моддаҳои зараровари бофтаҳои пардаи луобии роҳҳои нафасро заиф мегардонад, ки ин боис ба пайдошавии як қатор бемориҳо мегардад. Инчунин тамокукашӣ сабаби бемориҳои илтиҳоби найчаҳои шуш, саратони шуш, илтиҳоби пардаи луобии ковокии бинӣ ва дигар бемориҳои роҳи нафас мешавад.

Бино ба гуфти мутахассисони соҳа, 62% маҳсулоти тамоку ба бемории саратон оварда мерасонад. Бо ин мақсад Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳамасола барои ҳимояи аҳолӣ аз зарари тамоку чораҳои мушаххас меандешад ва сокинони ҷаҳонро даъват мекунад, ки худашонро аз дуди тамоку эҳтиёт намоянд.

Тибқи таҳлилҳои коршиносон, дар Тоҷикистон  97, 8 фоизи мардум иқрор мешаванд, ки тамоку ва носкашӣ одати зарарнок аст, 92, 5 фоизи дигар сиёсати зиддитамокукашии давлатро дастгирӣ менамоянд ва умуман 90,3 фоиз мехоҳанд аз тамокукашӣ даст кашанд.

Бино ба иттилои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, дар ҷаҳон дар як сол 8 млн нафар аз ҳисоби зарари тамоку мемиранд. То имрӯз 209 млн нафар ё 29% фоиз шаҳрвандони курраи замин истеъмолкунандагони маҳсулоти тамоку ба шумор мераванд. Дар ҷаҳон 6% занон ва 35% мардон ба истеъмоли маҳсулоти тамоку машғул мебошанд.

Бо дастгирии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар байни мактаббаччагони Тоҷикистон пурсиш гузаронида шуд, ки дар он 3313 нафар наврасон иштирок намуданд. Дар натиҷа 0, 8%-и онҳо тасдиқ намуданд, ки сигор мекашанд. Бояд гуфт, ки имрӯз дар Тоҷикистон 4, 8% шаҳрвандон ба истеъмоли маҳсулоти тамоку машғул мебошанд.

Умуман паҳншавии истеъмоли тамоку дар ҳудуди Тоҷикистон 5%-ро ташкил дода, дар миқёси ҷаҳон  ин рақам 21 %-ро дар бар мегирад.

Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»,  кашидани ҳамаи навъи тамоку, аз ҷумла чилим, нос, инчунин сигорҳои электронӣ дар дохили муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муассисаҳои фарҳангӣ, варзишӣ, таълимӣ, биноҳои маъмурӣ, коргоҳҳои давлатӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ, дохили муассисаҳои хӯроки умумӣ (тарабхона, ошхона, қаҳвахона, чойхона ва ғайра), дар истироҳатгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, дохили нақлиёти ҷамъиятӣ, истгоҳҳо, дар ҳудуди вокзалҳои роҳи оҳан, фурудгоҳҳо, майдончаҳои кӯдакон, дар даромадгоҳҳои хонаҳои бисёрошёна, лифтҳо, гузаргоҳҳои зеризаминӣ ва дигар биноҳои ҷамъиятӣ қатъиян манъ мебошад. Кашидани тамоку танҳо дар ҷойҳои махсусе, ки барои тамокукашӣ ҷудо карда шудаанд, мумкин мебошад. Бинорбар ин корфармоҳоро лозим аст, ки дар коргоҳ ва муассисаҳо  барои тамокукашӣ ҷойҳои махсус ҷудо намоянд.

Мавриди зикри хос аст, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон охири моҳи майи соли 2018 бо мақсади дар амал татбиқ намудани талаботи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» бинои вазорат ва ҳамаи муассисаву беморхонаҳои тобеи худро «Бинои озод аз тамоку» эълон кард.

Бо чунин иқдом вазорати мазкур  аввалин мақомоти давлатие дар кишвар ба шумор меравад, ки чунин тадбир андешид. Айни замон дар тамоми беморхонаҳои тобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон навиштаҷоти «Бинои озод аз тамоку» насб гардида, ҷойҳои махсуси тамокукашӣ  муҳайё карда шудаанд.

Инчунин, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон варақаҳои махсуси иттилоотӣ дар мавриди зарари тамоку ба саломатии инсон,  тартиб ва талаботи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» таҳия гардида, дар миёни мардум паҳн карда шудааст.

Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи супориши вазир Насим Олимзода бобати пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ дар мавриди зарари тамоку ба саломатии инсон корҳои назаррасеро ба сомон расонидааст.

Маркази матбуоти вазорати мазкур баҳри огоҳонидани аҳолӣ аз оқибатҳои ногувори сигоркашӣ дар ҳамкорӣ бо ҳама намуд ВАО-телевизион, радио ва матбуот, танҳо давоми соли 2018 бештар аз 80 хабару гузориш ва барномаву мақолаҳоро дар масъалаи зарари тамоку ба саломатии инсон  пахш ва нашр намудааст.

Маҳз бо назардошти муҳимияти масъала, бо ташаббуси Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар телевизионҳои кишвар якчанд барномаҳои алоҳида дар масъалаи зарари тамоку ба саломатии инсон ва оқибатҳои ногувори он таҳия гардида, дар онҳо мутахассисони марбутаи соҳа, инчунин донишҷӯёну фаъолони ҷомеа иштирок ва баромад намудаанд.

Дар оянда низ Маркази матбуоти вазорат дар ҳамкорӣ бо ВАО кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар мавзӯи зарари тамоку ба саломатии инсон корҳои фаҳмондадиҳиро дар миёни аҳолӣ боз ҳам пурзӯр намуда, баҳри татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» саҳмгузор бошад.

 ХУСРАВ ШОҲСАИДОВ

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Бойгонӣ

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 52
  • 196
  • 165,663