33 144 нафар кўдакон аз амалиёти хатнаи ройгон гузаронида шуданд.

33 144 нафар кўдакон аз амалиёти хатнаи ройгон гузаронида шуданд.
Сентябр 06
10:37 2018

Имрӯзҳо дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи   тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 425 ҳуҷраҳои махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ барои гузаронидани хатнаи кӯдакон ташкил  карда  шудааст. Ин дар ҳолест, ки таи  7  моҳи  соли  2018 дар кишвар  ба  33 144  нафар  кӯдакон амалиёти  хатна  ба  таври  ройгон  гузаронида  шудааст.

Ташкил гардидани ҳуҷраҳои махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ барои гузаронидани хатнаи кӯдакон ва гузаронидани амалиёти хатна ба таври ройгон, маҳз зери фаъолияти густурдаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иҷрои дастур ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бароҳ монда шудааст.

Иқдомоти мазкур бо мақсади беҳтар намудани дастрасии хизматрасонии тиббӣ ба кӯдакон, танзими заминаи ҳуқуқии татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28 августи соли 2017   рӯи даст гирифта шудааст. Дар ин доира, инчунин  фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2018   оид ба «Тартиби гузаронидани амалиёти хатнаи кӯдакон», аз 18 майи соли 2018   “Дар бораи тасдиқи ҳуҷҷатҳои бақайдгирию омории соҳавии муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гузаронидани амалиёти хатнаи кӯдакон” ва аз 2 июли соли 2018   “Дар бораи тасдиқ намудани рӯйхатҳои таҷҳизоти зарурӣ барои ҳуҷраҳои хатнаи кӯдакон” ба тасвиб расида, айни ҳол амалӣ шуда истодаанд.

Бояд зикр кард, ки дар шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи   тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 425 ҳуҷраҳои махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ барои гузаронидани хатнаи кӯдакон ташкил  карда  шуда,  дар  7  моҳи  соли  2018  ба  33 144  нафар  кӯдакон

амалиёти  хатна  ба  таври  ройгон  гузаронида  шудааст.  Аз ҷумла, дар вилояти Хатлон 203 ҳуҷра ташкил шуда, 12368 нафар кӯдакон, дар вилояти Суғд дар 69 ҳуҷра ба 10344 нафар кӯдакон, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар 120 ҳуҷра ба 7576 нафар кӯдакон, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 18 ҳуҷра ба 706 нафар кӯдакон ва дар шаҳри Душанбе дар 15 ҳуҷра ба 2150 нафар кӯдакон амалиёти хатна гузаронида шудааст.

Ҳамзамон, дар Марказҳои саломатии шаҳрии шаҳри Душанбе ва шӯъбаи ҷарроҳии кӯдаконаи Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” аз ҳисоби ҳуҷраҳои захмбандии тоза ҳуҷраи махсус барои гузаронидани амалиёти хатна ташкил карда шуда, бо миқдори кофии доруҳои бедардкунанда ва коагулятори (корди) барқӣ барои гузаронидани хатна ва таҷҳизоти зарурии тиббӣ таъмин карда шуданд. Ҳамаи ҳуҷраҳо бо ҷарроҳони кӯдакона таъмин карда шудаанд.  Инчунин, бо мақсади фароҳам сохтани фазои мусоиди рӯҳиву равонӣ барои кӯдакон долони ҳуҷраҳо бо телевизор, бозичаҳо ва расмҳои гуногун оро дода шудаанд.

Дар сатҳҳои беморхонагӣ ва шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии (марказҳои саломатии шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва деҳотӣ) шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон ва Суғд,  ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ, ҳуҷраҳо бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ барои гузаронидани амалиёти хатнаи кӯдакон таъмин карда шуда, дар онҳо ҷарроҳони кӯдакона фаъолият доранд. Гуфта мешавад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи боз ҳам беҳтару хубтар бароҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ бахусус дар сатҳи баланд бароҳ мондани амалиёти хатна дар муассисаҳои тиббӣ фаъолияти густурдаеро бароҳ мондааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 109
  • 301
  • 101,716