5 соли амали “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020” ҷамъбаст гардид

5 соли амали “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020” ҷамъбаст гардид
Декабр 16
11:36 2015

15 декабри соли 2015, дар Маҷмааи давлатии “Душанбе Плаза” Шарҳи якҷояи соли панҷум ва миёнамӯҳлати татбиқи “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020” (САММИТ – 5), ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2010, №368 тасдиқ гардидааст, бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Намояндагони Маҷлиси Намояндагони МО Ҷумҳуриии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони сохторҳои тандурустии шаҳру вилоятҳо ва муассисаҳои ҷумҳуриявии кишвар, профессорону устодони соҳаи тиб, намояндагони Ташкилоти Умумиҷаҳонии тандурустӣ, намояндагони дигар вазорату идораҳо, ҳамкорон оид ба рушд ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ доир гардид. Муовини сарвазири кишвар Марҳабо Ҷабборӣ ҷамъомадагонро бо ҷамъбасти бобарори 5 соли фаъолияти Стратегияи номбурда табрику таҳният гуфта, мзҳори боварӣ намуд, ки вазифаҳои дарпешгузоштаи он бо назардошти рафъи камбудиву норасоиҳо бо муваффақияти тамом идома хоҳад ёфт. “Соҳаи ҳифзи солимӣ ва иҷтимоии аҳолӣ – яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти давлат ба шумор рафта, он дар даҳсолаи охир ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст, ки ин аз сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар вобаста ба масъалаҳои тандурустӣ шаҳодат медиҳад” – илова намуд Марҳабо Ҷабборӣ.

Дар ин ҳамоиш дастрвардҳои умумӣ ва мушкилотҳои татбиқи “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020” дар солҳо 2010-1015 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зимни суханронӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимзода изҳор дошт, ки “Мо имрӯз дар ин толор бо мақсади таҳлил ва муҳокимаи натиҷаҳои соли панҷум ва миёнамӯҳлати татбиқи Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 дар чорчӯбаи нақшаи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти супоришу дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои ҳифзи солимии аҳолии Тоҷикистон ҷамъ омадем. Бояд қайд кард, ки бо раҳнамоӣ ва ҳидояти бевоситаи Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар панҷ соли татбиқи стратегия дастовардҳои зиёде дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ба назар расидааст.

Яке аз дастовардҳои муҳим дар соҳаи такмили сиёсати давлат оиди тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – ин таҳия ва қабули худи Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 ба ҳисоб меравад, ки комилан ба дастовардҳои давраи гузашта такя намуда, вазифаҳои рушди соҳаро дар даҳ соли оянда муайян мекунад. Тавре медонед, ҳуҷҷати мазкур 2 августи соли 2010 бо қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 368 тасдиқ гардида, дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ марҳилаи нави ислоҳот – мукаммалсозӣ, яъне модернизатсияи тамоми самтҳои мухталифи ҳифзи солимии аҳолиро оғоз намуд. Стратегияи мазкур ба ҳалли самарабахши проблемаҳои мубрами соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нигаронида шудааст. Мақсади асосии Стратегия аз таҳкими саломатии аҳолии кишвар ва фароҳам овардани муҳити солими зист иборат мебошад”.

Дастовардҳои умумӣ ва мушкилоти татбиқи Стратегия дар солҳои 2010 – 2015 дар баромади муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Лола Бобоҳоҷиева ба таври муфассал пешкаши ҳамагон гардонида шуд. Саҳми шариконро оид ба рушд дар татбиқи ин Стратегия Сатиш Мишра, офитсери техникии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои маъюбон ва барқарорсозӣ дар суханронии худ зикр намуд.

Дар охир Резолютсияи Саммит – 5 ҳамчун роҳнамоии асосии фаъолияти манбаъдаи “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020” дар муҳокима ва пешниҳодоти иштирокчиёни ҳамоиш якдилона қабул карда шуд.

Барои доираи васеи рузноманигорон нишасти матбуотӣ доир гардид, ки аҳли қалам тавонистанд ба саволҳои гуногуни худ ҷавобҳои мушаххас пайдо кунанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 274
  • 264
  • 85,867