ҲНИТ ва “Давлати Исломӣ”. Исботи амалии як будани таълимот, фаъолият ва мақсади ин ду ташкилоти экстремистӣ

ҲНИТ ва “Давлати Исломӣ”. Исботи амалии як будани таълимот, фаъолият ва мақсади ин ду ташкилоти экстремистӣ
Феврал 28
06:36 2018

Солҳои охир тамоми ҷаҳон аз ваҳшонияти гурӯҳи ифротию террористии «Давлати исломӣ» ба ҳайрат омадааст. Куштори гурӯҳии одамони бегуноҳ, зинда ба зинда сӯзондан ё таркондани инсон, бо завқ тамошо кардану наворбардории саҳнаи куштор, ба кӯдакони хурдсол омӯхтани каллабурӣ, сохтани зиндонҳо, ҷорӣ кардани ғуломдорию ғуломфурӯшӣ ва ҳазорон ҷинояти дигаре, ки «Давлати исломӣ» анҷом додааст, ҳар рӯз одамонро дар саросари дунё ба ваҳшат меорад. 
Ин саҳнаҳоро дида, ҳар шаҳрванди огоҳи Тоҷикистон беихтиёр мегӯяд, ки хайрият мардуми мо аз ин даҳшат дур аст, дар кишвари мо сулҳу озодӣ ҳукмфармост. Вақте ки ман ин саҳнаҳоро аз телевизион мебинам, садҳо бор шукр мекунам, ки дар Тоҷикистон пеши роҳи «Давлати исломӣ» сари вақт гирифта шуда, фаъолияташ манъ гардид. Ин ташкилот дар Тоҷикистон худро Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон номида буд, аммо фаъолияташ нишон медиҳад, ки фарқи ин ду гурӯҳ фақат дар ном будаасту халос. Дар асл, далелу рақамҳо исбот мекунанд, ки ҲНИТ ҳамон «Давлати исломӣ» асту «Давлати исломӣ» ҳамон ҲНИТ.
Ин ҷо мехоҳам чанд мисол, факту рақамҳои таърихӣ ва ҳақиқиро дар бораи пурра «Давлати исломӣ» будани ҲНИТ ба халқ пешкаш кунам, то дар ин масъала дигар ягон шакку шубҳа намонад. Агар охунди наҳзатӣ С. Истаравшанӣ ва ё наҳзатиҳои дигар ҳатто як факти овардаамро инкор карда тавонанд ё исбот кунанд, ки чунин набудааст, ман тайёрам узр пурсам. Аммо, ҳар чи ин ҷо мегӯям сад дарсад ҳақиқат буда, аз сари халқи тоҷик ва аз сари худи мо гузаштааст.
Соли 1989 дар масҷидҳои маркази шаҳрҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа ҳодисае рух дод, ки на танҳо мардум, балки мақомоти қудратии ИҶШС – ро низ ба ҳайрат гузошт. Вақте намози ҷумъа тамом шуд, ногаҳон садҳо нафар намозгузор аз болои мардум гузашта, ба имоми масҷид ва мӯйсафедони намозгузор ҳамла ва онҳоро бераҳмона латукӯб карданд. Вақти тафтиш муфаттишон мепурсиданд, ки чӣ хел дар як лаҳза садҳо нафар намозгузор бо калтаку оҳану арматура ва теғу корд мусаллаҳ шуда, мисли як лашкари машқдида ба ин ду масҷид ҳуҷум карданд? Дертар маълум шуд, ки ин лашкар аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буда, моҳҳои дароз барои ба даст гирифтани масҷидҳои минтақаи Хатлон нақша кашида будаанд. Теғу калтак дар бағал ва корду финка дар кисса ба хонаи Худо омадан ва ба ҷои намозу ибодат ба имому намозгузорон ҳуҷум кардан яке аз аввалин амалиётҳои ҳарбию сиёсии ҲНИТ буд. Ҳуҷуми наҳзатиён ба ин ду масҷид бо мақсади гирифтани вазифаи имомӣ ҳодисае буд, ки дар ақли ягон тоҷик, ягон мусулмон ва махсусан, ягон ҳанафӣ намеғунҷид.
Ана ҳамин хел, ҳанӯз дар давраи ИҶШС дар саҳнаи Тоҷикистон гурӯҳе зуҳур кард, ки зоҳиран номи исломӣ дошт, аммо барояш на масҷид муқаддас буду на намоз, балки мақсади асосии он манфиат ва қудрат буд. Бобои Мулло Ҳайдар ва Мулло Абдураҳими кӯлобӣ ҳамчун шоҳидони ҳодиса метавонанд гӯянд, ки ин ҳуҷуми аввалин ва ошкорои мусаллаҳонаи наҳзатиҳо он вақт бо чӣ даҳшате рух дода буд.
Моҳи апрели соли 1992, вақте, ки ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИТ бо нақшаи хоҷагони хориҷиаш ҷанги шаҳрвандиро сар кард, аввалин кораш гаравгонгирии мардум, кушодани зиндонҳо, шиканҷахонаҳо ва қатлгоҳҳо буд. Зиндони марказии ҲНИТ дар бинои ҳаммоми совхози «Туркманистон»-и ноҳияи Вахш ҷойгир шуда, солҳои 1991-1992 наҳзатиҳо дар он садҳо нафарро нигоҳ дошта, бе ягон муҳокима шиканҷа ва қатл мекарданд.
Аммо, коре, ки пурра як чиз будани ҲНИТ ва «Давлати исломӣ»-ро нишон медиҳад, ихтирои бемислу монанди наҳзатиён дар Тоҷикистон, яъне «бочка-зиндонҳо» ва «бочка-шиканҷаҳо» мебошад. Ин ихтирои  зиддиинсонии ҲНИТ чунин буд, ки онҳо систернаҳои оҳании об ё бензину керосинро гирифта, одамонро дар даруни онҳо нигоҳ медоштанд. Гоҳо дар як бочкаи оҳании як-ду тоннагӣ то 8-10 нафарро андохта, ба дари он қулф мезаданд. Аз чунин зиндон на танҳо гурехта намешуд, балки аксаран инсонҳо аз гармии тоқатфарсо, аз нарасидани ҳаво ва аз бӯи ғализ нафасгир шуда, ба сахтӣ ҷон медоданд. Ё дар чунин систерна-зиндонҳо зимистон аз хунукӣ шах шуда, ҳалок гаштанд. Чунин «бочка-зиндонҳо»-и ҲНИТ-ро дар ноҳияҳои Ҷиргатол ва Тоҷикобод қумандони ҲНИТ Шайхи Ёрибек, дар Нуробод Мулло Абдулло, дар Роҳатӣ «Раҳмон Гитлер» ва Мансур васеъ истифода мебурданд.
Ихтирои даҳшатноки дигари наҳзатиён ин буд, ки қумандонҳои ҲНИТ одамони бегуноҳро ба ин бочкаҳои оҳанӣ андохта, фармон медоданд, ки аз берун бочкаро бо лому оҳан сахт-сахт зананд. Одами даруни бочка аз овози баланду даҳшатноке, ки дар даруни бочка мешуд, пардаҳои гӯшаш кафида, аз ақл бегона мешуд ва ё аз ҳолати фишори зиёди психологӣ дилу рагҳояш кафида мемурд. Ин даҳшатноктарин тарзи ҷазодиҳӣ ва шиканҷаю қатл буд, ки маҳз ҲНИТ ихтироъ ва ба ҳазорон нафар раво дидааст.
Оё ягон наҳзатие ҳаст, ки гӯяд, ки ин гапҳо дурӯғанд? Албатта, не, чунки ҳамаашон нағз медонанд, ки ҳар як қумандони наҳзатӣ чандто чунин бочка-зиндон дошт. Ё наҳзатиҳо гумон доранд, ки табассумҳои маккоронаи М. Кабирӣ ин чизҳоро мепӯшонад ё мардуми тоҷик ин чизҳоро фаромӯш кардааст? Не, ҳаргиз! Барои исбот, даҳҳо нафар мардуми минтақаи Ҷиргатол, Нуробод, Тоҷикобод, Ромит ё Роҳатӣ то имрӯз ҳам аз ин шиканҷаи бемисл дар «бочка-зиндонҳо»-и ҲНИТ назди духтурҳои рӯҳшиносу асабшинос табобат мегиранд.
Ҷанги дохилии Тоҷикистон, ки ҲНИТ онро ташкил кард, аз тарафи ин ташкилот кушта шудани 150 ҳазор нафар аҳолии кишвар кофист, ки сатҳи ҷинояткории аъзои ҲНИТ дар назди халқи тоҷик баҳо дода шавад. Агар аҳолии Тоҷикистонро дар соли 1993 ба назар гирем, ин шумора беш аз 3 дарсади тамоми аҳолии Тоҷикистонро ташкил медод.
Тарзи фаъолият, мақсади асосии «Давлати исломӣ» ва ҲНИТ низ як чиз аст: ба даст гирифтани қудрат ва ташкил кардани давлати асримиёнагии исломӣ. Ҳақ ба ҷониби олими тоҷик Рустами Азиз аст, ки соле пеш китобҳои асосгузори ҲНИТ С. А. Нуриро хонда, иқтибосҳои зиёд оварда, нишон додааст, ки мақсади асосии ҲНИТ ҳам сохтани давлати исломӣ мебошад.
Масалан, моҳи январи соли 1993, вақте минтақаи Рашти Тоҷикистон муваққатан зери назорати ҲНИТ афтод, онҳо дар ин ҷо зуд давлати хурде бо номи «Ҷумҳурии исломии Ғарм» (ҶИҒ) ташкил намуда, дар он қоидаҳои исломиро аз фаҳмиши ифротии наҳзатӣ ҷорӣ карданд. Аз тарафи ҲНИТ узви раёсати олии ҳизб Саъдиддини Рустам, ки  ҳоло  дар зиндон аст, «президент»-и ин «Давлати исломӣ» ва қумандони хунхори ҲНИТ Ризвон Садиров «вазири мудофиаи ҶИҒ» эълон шуданд. Диққат кунед, ки аввалин фармонҳои ин давлати худхондаи ҲНИТ чи хел буданд: «аз хона набаромадани занон», «аз чор ангушт кам набудани риши мардон», «ба мактаб нарафтани духтарон», «аз ҳар хона ба лашкари наҳзат додани ду муҷоҳид», «ба ихтиёри ҷангандаҳои ҲНИТ супоридани захираҳои озуқавории мардум, аз ҷумла орд, асал, чорво, картошка, себ ва ғайра», «манъ будани мусиқӣ дар тӯйҳо» ва ғайра буданд. Агар ин фармонҳои «Давлати исломӣ»-и ҲНИТ – ро бо амрҳои халифаи «Давлати исломӣ» муқоиса кунем, ҳеҷ фарқе дида намешавад.
Яъне, бо ба даст омадани фурсат, наҳзатиҳо дар Ғарм як режими зулму ситаму ғорати мардумро бо номи «Давлати исломӣ» ба роҳ монданд. Хушбахтона, ин сохтори сиёҳи наҳзатиён дер тӯл накашиду баҳори ҳамон сол аз тарафи неруҳои давлатӣ пароканда шуд. Роҳбаронаш бошанд, ба Афғонистон гурехта, фаъолияти золимонаро он ҷо дар сари гурезаҳои тоҷик давом доданд.
Ногуфта намонад, ки ин «Давлати исломӣ»-и ҲНИТ аломатҳои дигари ДОИШ, аз ҷумла ташкили ба ном «судҳои исломӣ» ё «самосуд» ва бегуноҳ ба куфру бидъату қатл ҳукм кардани одамонро низ васеъ истифода мекард. Қозии ин давлати ҲНИТ – Мулло Абдуғаффори «Танка» дар тамоми «парвандаҳо» фақат як ҳукм медод – ҳукми қатл. Зеро сатҳи фаҳмиш ва идеологияи террористии ӯ фақат ҳамин қадар буд. Дар солҳои фаъолияти «судҳои исломӣ»-и ҲНИТ дар минтақаи Рашт, водии Язғулом ва дар ҳудуди Афғонистон бо ҳукми ин қозиҳои наҳзатӣ садҳо каси бегуноҳ кушта шуд. Пас аз Абдуғаффори «Танка» вазифаи қозигии ҲНИТ-ро дар Афғонистон Мавлавӣ Муҳаммадҷони Файзмуҳаммади Панҷӣ давом дод, ки ҳукмҳои ӯ боз ҷоҳилонатару шадидтар буданд.
Яке аз ҳукмҳои машҳури қозии ҲНИТ Мулло Абдуғаффор дар соли 1994 ҳалол эълон кардани кашидани банг ва тиҷорати маводи мухаддир барои ҷангандагони наҳзатӣ буд. Дар асоси ҳамин фатвои наҳзат қариб ҳамаи фармондеҳону ҷангандаҳои ҲНИТ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба харидуфурӯши маводи мухаддир машғул шуда, як қисми пули ҲНИТ аз ин тариқ таъмин мешуд. Ин ҳақиқатро ҳамаи наҳзатиҳо ва ғайринаҳзатиҳо хуб медонанд. Ё ҳама дар ёд доранд, ки дар Афғонистон байни қумандонҳои наҳзат ва қочоқбарони афғон ба сабаби сари вақт надодани «пули бор» чӣ хел задухӯрдҳои мусаллаҳона мешуд.
Ин фатвои наҳзат ҳам як бори дигар ягонагии ҲНИТ бо «Давлати исломӣ»-ро яқин нишон медиҳад. Зеро халифаи худхондаи ДОИШ Абубакри Бағдодӣ ҳам расман фатво додааст, ки «Банг барои муҷоҳид ҳалол аст, зеро ғурури муҷоҳидро зиёд мекунад»! Фатвое, ки бар хилофи тамоми таълимоти дини мубини ислом аст.
Қозии наҳзат Мулло Абдуғаффор ҳатто нисбат ба ҳар гуреза ё муҳоҷири тоҷик, ки фиреби наҳзатиҳоро фаҳмида, он солҳо аз Афғонистон ба Тоҷикистон баргаштанӣ мешуд, «дору-л-исломро тарк карда ба дор-ул-куфр меравад» гуфта, ҳукми қатлашро медод. Ин муллои мутаассиб, ки ба бераҳмии худ машҳур буд, баҳори соли 1994, шояд аввали моҳҳои май буд, чунин ҳукмро ҳатто нисбат ба пири мо, олими бузургу машҳури исломии тоҷик раҳматӣ Мавлавӣ Муҳаммадии Қумсангирӣ ҳам содир карда буд. Чунки мавлавӣ, ки аввал ба Афғонистон гузашта буд, бо дидани ҳақиқатҳо «ҷиҳод»-и ҲНИТ-ро нодуруст эълон карда, сулҳро дастгирӣ кард ва бо муридонаш аз Афғонистон ба Тоҷикистон баргаштанӣ шуд.
Мавлавӣ Муҳаммадӣ 90 сол умр дида, то охири умр ба ҳама таъкид мекарданд, ки аз наҳзатиҳо ҳазар кунед, онҳо аз мо нестанд, онҳо аз мазҳаби мо нестанд. Ҳазорон нафар муҳоҷири урдугоҳҳои Боғи Ширкат ва Кампи Сахӣ шоҳиди ҳамин ҳодиса ва садҳо ҷинояти дигари судҳо, қозиҳо ва қумандонҳои наҳзатӣ дар Афғонистон мебошанд. Аммо, дар ин масъала ДОИШ аз ҲНИТ як бартарӣ дорад. ДОИШ рӯирост эълон кардааст, ки «хилофати исломӣ» месозад ва қонунҳои ҷоҳилии асримиёнагиро ҷорӣ мекунад. Аммо ҲНИТ корашро бо фиребу дурӯягӣ пеш мебарад. Он дар ҳуҷҷатҳои расмӣ худашро «ҷонибдори давлати демократӣ» меномад, аммо дар маҷлисҳои махфӣ ва дар ҳисобот ба хоҷагони хориҷӣ, ки сабти онҳо ҳаст, мақсади ҳақиқии худро ташкили давлати исломӣ меномад.
Дар дигар мамлакати дунё барои ин хел ҷиноятҳои бемислу монанд ягон гурӯҳи террористиро намебахшанд. Масалан, дар ҳамон Аврупо ҳаштод сол шуда бошад ҳам, то имрӯз ҷиноятҳои фашизми гитлериро набахшидаанд ва намебахшанд. Ҷиноятҳои яқиншуда ва зикршудаи наҳзатиҳо аз он чи камӣ дорад? Агар фашистон одамонро дар камераҳои газ кушта буданд, наҳзатиҳо одамонро дар бочкаҳои оҳанӣ буғӣ карда куштаанд. Ё ба фатвои наҳзатиҳо ва хоҷагони онҳо куштани тоҷикон гуноҳ ҳисоб намешавад?
Аммо бузургии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он буд, ки ба хотири сулҳу ваҳдат, ба хотири тинҷию оромии Тоҷикистон ин гурӯҳро ба авфи умум дохил карданд. Ҷинояткорони наҳзатӣ аз ин истифода карда, 16 сол дар фазои сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон фаъолият намуданд. Ҳарчанд ҷиноятҳои онҳо барои халқи тоҷик ва барои идораҳои қудратии Тоҷикистон пурра маълум буд, ба хотири сулҳу салоҳ ва сухани ҷавонмардонаи Пешвои миллат касе он парвандаҳоро намебардошт ва ба онҳо кор надошт. Дар ин давра наҳзатиҳо соҳиби қасрҳои бошукӯҳ, бозору тиҷоратҳои калон, се-чортоӣ зан, боғу роғ ва мошинҳои қиматбаҳо шуда, гаштанд. Лекин, афсус, фитрати нопоку носипос боз ҳам ба кор даромаду наҳзатиҳо ба ҷойи донистани қадри сулҳу ваҳдат, додани ҷавоби сазовор ба гузашту бахшиши ҷавонмардонаи Сарвари давлат, боз нақшаи табаддулоти давлатӣ кашиданд.
Ниҳоят, моҳи сентябри соли 2015 ин ташкилоти экстремистию террористӣ бо дастури бевоситаи хоҷагони худ ва ба воситаи дастпарвари худ генерал Ҳ. Назарзода нақшаи табаддулоти давлатиро амалӣ карданӣ шуд. Албатта ин кӯшиши онҳо сари вақт саркӯб шуду Тоҷикистони мо аз ин хатари аҷнабӣ наҷот ёфт. Аммо ин амали ҲНИТ ба таври қатъӣ маълум кард, ки ин гурӯҳ дигар ислоҳ намешавад.
Ҳамин тавр, «Давлати исломӣ» ва ҲНИТ дар асл як ташкилот буда, тарроҳу сармоягузор ва хоҷагонашон як аст. Мақсад, идеология ва тарзи корашон ҳам як чиз аст. Инро ба назар гирифта, дигар фарқе надорад, ки мо ««Давлати исломӣ»» гӯем, «Ал-қоида» гӯем, «Толибон» гӯем, «Боку Ҳаром» гӯем ё «ҲНИТ» гӯем. Номҳо гуногунанд, аммо фаъолият ва моҳият як аст. Ё, дигар фарқ надорад, ки Бен Лодан гӯем, Мулло Умар гӯем, Абубакри Бағдодӣ гӯем ё Муҳиддин Кабирӣ гӯем. Номҳо фарқ мекунанд, ҷойҳо фарқ мекунанд, формаҳо фарқ мекунанд, аммо вазифаҳо як аст.
Маҳз ҳамин умумият ва ҳақиқатро ба назар гирифта, моҳҳои охир созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва кишварҳои қудратманди олам ҲНИТ-ро ҳам дар қатори «Ал-қоида»-ю «Толибон»-у ««Давлати исломӣ» ба рӯйхати ягонаи ташкилотҳои экстремистию террористӣ дохил карда, фаъолияти онро дар ҳудуди худашон манъ карданд. Аз ҷумла, Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар он кишварҳои Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистон дохил мешаванд ва ҳамчунин, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки ташкилоти қудратманди минтақа мебошанд, ҲНИТ-ро якдилона ташкилоти экстремистию террористӣ эълон карданд. Политсияи байналмилалӣ ё Интерпол бошад, номи роҳбарони гурезаи ҲНИТ-ро дар садри рӯйхати ҷинояткорони байналмилалӣ ва террористони хатарноки ҷаҳонӣ ҷой дода, ҳукми боздошти онҳоро дар тамоми олам додааст. Ин қарори қатъии созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои бонуфузи ҷаҳон бори дигар моҳияти экстремистӣ ва террористии ҲНИТ-ро исбот карда, ҳамон «Давлати исломӣ» будани ҲНИТ-ро нишон медиҳад.

Иззатулло САЪДУЛЛО , 
номзади илмҳои таърих, аъзои собиқи ҲНИТ,

роҳбари ташкилоти ибтидоии ҲНИТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар солҳои 1999 то 2009 ва як гурӯҳ шоҳидони бевоситаи ин ҳодисаҳо

Бознашр аз din.tj

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 297
  • 314
  • 92,255