60 саволу 60 ҷавоб оид ба бемории сил

60 саволу 60 ҷавоб оид ба бемории сил
Июл 18
08:56 2017

1.Сил чӣ гуна беморӣ мебошад?

–СИЛ -бемории сироятӣ, яъне гузаранда мебошад. Боиси осеби шуш ва баъзан дигар узвҳои бадан мегардад. Сил аз қадимулайём вуҷуд дорад ва ба инсон маълум аст.

2.Сарчашма, манбаи пайдоиши сил аз куҷост?

–Сарчашмаи сироят шахси бемор мебошанд. Аз ҳама манбаи хавфноктарин беморе мебошад, ки микроб хориҷ мекунад. Ингуна беморон дар як шабонарӯз беш аз миллиард адад микроб хориҷ мекунанд ва агар микроб бо балғам хориҷ шавад, атрофиён зуд сироят меёбанд. Барангезанда, бавуҷудоварандаи бемориро микобактерия ё худ чӯбчамикроби Кох меноманд.

3.Сил бо кадом роҳҳо сироят меёбад?

— Роҳи асосии сирояти сил ҳавоӣ-чакраӣ мебошад. Микробҳои сил дар вақти гап задан, сулфидан, атса задан бо қатраҳои балғам ва оби даҳони шахси бемор ба масофаи то 1,5-2 метр ба атроф паҳн мешванд. Шахси солим аз ин ҳаво, яъне аз ҳавои олудаи микроб нафас кашида сироят меёбад, ба ифодаи дигар, бактерияҳои сил аз шахси бемори сили шадиди шуш ба одами солим ба воситаи роҳҳои нафас мегузаранд.

Роҳи дуюм –сили модарзод аст. Баъзе кӯдаконе, ки аз модари гирифтори бемори сили пошхӯрда ба дунё меоянд, дар батни модар ё ҳангоми таваллуд аз сил сироят ёфтанашон мумкин аст.

Роҳи сеюмро –сили тамосӣ гуфтаанд. Ин гуфта маънии онро дорад, ки микробҳои сил ба ин ё он ҷойи пӯсти захмдор афтида, касро ба сил мубтало сохтанашон мумкин мебошад. Аммо ин намуди сироят басо кам дучор меояд, зеро пӯст хосияти баланди бактериякушӣ дорад.

4.Аломату нишонаҳои бемории сил кадомҳоянд?

Аломату нишонаҳои бемории силро ба умумӣ ва ҷузъӣ ҷудо кардаанд. Нишонаҳои умумӣ инҳоянд:

  • сулфа;
  • бемадорӣ;
  • хастагии рӯз ба рӯз афзоянда;
  • халал ёфтани хоб;
  • беиштиҳоӣ;
  • лоғарӣ ё худ камшавии вазни бадан;
  • шабонгоҳ арақ кардан, ҳатто ҳаво сард бошад ҳам;
  • таби на он қадар баланд (то 37,9 дараҷа).

Нишонаҳои ҷузъӣ:

  • нафастангӣ;
  • сулфаи зиёда аз ду ҳафта бо хориҷкунии балғам;
  • хунтуфкунӣ;
  • дарди қафаси сина.

Инро ҳам бояд донист, ки сил бидуни ҳеч аломати хосса низ метавонад касро ба «дом»-и худ афтонад. Одатан, дар ин ҳолат нафари мавриди «ҳамла» дар ибтидо худро бемор эҳсос намекунад, аммо тадриҷан нерӯ ва қувватро аз даст медиҳад, баъдтар беиштиҳоӣ, дамкӯтоҳӣ, шабонгоҳ арақкунӣ пайдо мегардад, инчунин таби на он қадар баланд –пагоҳӣ табби муътадил, бегоҳӣ то 37-37,5 дараҷа, дар аввал сулфаи хушк, баъд бо балғам мушоҳида мешавад.

5.Дар мавриди мушоҳида намудани аломату нишонаҳои бемории сил чӣ кор бояд кард?

–Бе таъхир, ҳатман ба муассисаи тиббии наздиктарини муроҷиат бояд намуд. Баъд аз пурсуҷӯву сӯҳбат, вобаста ба шароиту имконият амал карда хоҳад шуд: дар шаҳрҳо ва марказҳои ноҳияҳо шахси бемор дарҳол аз ташхис мегузарад. Сокинони деҳот вабаста ба шароит ё дар ҷойи истиқомат ва ё дар маркази ноҳия аз ташхис хоҳанд гузашт.

6.Ба бемории сил гирифтор шудан ё нашуданро чӣ тавр дақиқ муайян мекунанд?

–Барои дақиқ муайян намудани сил шахси бемор 3 маротиба балғам месупорад. Намунаи аввали балғам дар мавриди бори якум ба муассисаи тиббӣ муроҷиат кардан, намунаи дуюм- саҳари рӯзи дигар, баъд аз шустани дасту рӯй, намунаи сеюм-дар беморхона, баъд аз гирифтани натиҷаи намунаи дуюм супорида мешавад. Балғамро дар озмоишгоҳ (лаборатория) аз санҷиши микроскопӣ мегузаронанд.

7.Барои чӣ маҳз балғам санҷида мешавад?

–Санҷиши балғам яке аз роҳҳои беҳтарин, дақиқ муайян сохтани беморӣ ва ройгон мебошад. Дар балғам дарёфт кардани бактерияҳо-микробҳои сил осон аст. Агар микобактерияҳои сил ошкор карда шаванд, ин маънои онро дорад, ки бемор дар баданаш шакли гузарандаи силро дорад.

ТАВАҶҶУҲ: ташхиси балғам ройгон/бепул мебошад!

 8.Сироят ёфтан оё маънии мубтало шудан ба бемории силро дорад ё не?

–Не, на ҳама сироятёфтагон ба бемории сил мубтало мешаванд. Агар одам ҳавои олудаи бактерияҳои силро нафас кашад, метавонад аз сил сироят ёбад. Ин гуфта маънои онро дорад, ки бадани инсон дорои намудҳои камҳаракат ва карахти бактерияҳои бемории сил мебошад. Чунин намуди бактерияҳо бемории силро ба вуҷуд намеоранд, одами сироятёфта микробҳои касалиоварро хориҷ намекунад ва атрофиён сироят намеёбанд. Микробҳо муддати дароз дар бадан «дар ҳолати хоб» зиндагӣ карда метавонанд, вале на ҳамеша бемориро ба вуҷуд меоранд. Ин ҳолатро «сироятёбӣ» мегӯянд. Муҳаққиқони соҳа ёдрас мекунанд, ки беш аз 1/3 қисми аҳолии рӯйи Замин аз барангезандаҳои сил сироят меёбанд, вале дар тӯли ҳаёт танҳо 5-10 дар сад аз ин беморӣ ранҷу азоб мекашанд. Ба тарзи дигар ифода намоем, аз 100 нафар мумкин аст 5-10 нафар ба бемории сил мубтало шавад.

Таъкидан ёдрас менамоем, ки шахси сироятёфта ҳоло бемори сил нест. Шахси бемор касест, ки дар ӯ аломату нишонаҳои бемории сил ошкор шудаанд.

9.Як нафар бемори хориҷкунандаи микробҳои сил дар давоми сол чанд нафарро метавонад сироят намояд?

–Мувофиқи омӯзиши мутахассисон як нафар бемори хориҷкунандаи сил дар давоми сол метавонад 10-15 нафар наздикон ва ҳамнишинони худро сироят намояд.

10.Оё мешавад, ки «бактерияҳои дар ҳолати хоб буда» баъд аз чандин сол «бедор» шуда, одамро ба сил гирифтор намоянд?

–Эҳтимол дорад. Агар шахси сирояёфта сусту нотавон, масуният/иммунитети баданаш заиф гашта бошад, бактерияҳои хобрафта шояд фаъол шаванд.

11.Сироят ёфтан ё наёфтанро муайян намудан имкон дорад ё не?

–Имкон дорад. Онро озмоиши Манту мегӯянд. Ин санҷиш маҳз барои муайян намудани шахсони сироятёфта ба амал оварда мешавад. Маҳлули махсусро ба мавзеи оринҷ равон мекунанд, ки он то муддати 3 шабонарӯз дар бадан таассур/реаксияро ба вуҷуд меорад. Ин намуди санҷиш танҳо ва танҳо барои муайян кардани сироятнок будан ва ё набудани шахси тадқиқшаванда гузаронида мешавад. Агар натиҷаи санҷиш «мусбат» барояд, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар бадани инсон бактерияҳои сил вуҷуд доранд, вале дар ҳолати «хоб», ғайрифаъол мебошанд. Дар чунин мавридҳо аксаран кӯдакони сироятёфта бо мақсади пешгирии сил аз табобати махсуси кимёвӣ гузаронида мешаванд.

12.Кадом узви бадан аз ҳама бештар ба сил гирифтор мешавад?

–Аз ҳама бештар шушҳо ба бемории сил гирифтор мешаванд. Мувофиқи маълумотҳо аз шумораи умумии беморони сил 80-85 дар садро (фоизро) беморони сили шуш ташкил медиҳад. Микробҳои сил ба роҳи нафаси одами солим ворид гардида, баъд ба шуш мегузаранд. Вале пеш аз шуш гузаштан дар роҳҳои нафаскашӣ ба чандин монеаҳо дучор омада, қисман маҳв мешаванд. Микробҳои боқимонда ба бофтаҳои шуш дохил шуда, дар ҳубобчаҳои шуш афзоиш меёбанд, аз худ заҳр ҷудо мекунанд, ҳатто дар шуш шикофиҳо ба вуҷуд меоранд. Дар вақти дар шуш пайдо шудани шикофӣ бемор бо балғам микробҳои силро берун мебарорад ва атрофиёнро сироят мекунонад.

13.Оё сили шуш аломатҳои хоси худро дорад?

–Бале, дорад. Он аломатҳо инҳоянд:

  • Сулфаи беш аз 2-3 ҳафта бо хориҷкунии балғам, баъзан бо хун;
  • Дард дар қафаси сина.

14.Аз либос ва дигар ашёҳои бемори сили шадиди шуш ба сил гирифтор шудан мумкин аст ё не?

–Аз либос ва дигар ашёҳои бемори сили шадиди шуш: либосҳо, сачоқ, рӯймолча, зарфҳо, китоб сироят ёфтан мумкин аст. Хеле кам бошад ҳам, ҳангоми вохӯрӣ кардан ва бӯсидан низ эҳтимоли сироятёбӣ мавҷуд мебошад.

15.Табобати бемории сил тақрибан чанд муддат давом мекунад?

–Табобати бемории сил аз 6 то 8 моҳ давом мекунад. Муҳлати табобатро ба ду давра ҷудо кардаанд:

  • давраи аввал–давраи табоботи шиддатнок аст. Дар давраи аввал шахси гирифтори сил дар беморхонаҳои зиддисилӣ бистарӣ мешавад ва табобат мегирад. Ин давра вобаста ба ҳолати бемор аз 2 то 4 моҳ идома меёбад. Миқдор ва муддати истифодаи доруҳоро табиб муайян менамояд. Бояд ёдрас намуд, ки шахси бемор баъди гирифтани давраи якум –давраи табобати шиддатнок барои атрофиён хавфнок нест, ҷараёни хориҷшавии бактерияҳо дар ӯ қатъ мегардад.
  • давраи дуюм– давраи ёрирасон аст. Давраи дуюмро бемор дар ҷойи истиқомат зери назорати корманди тиб мегузаронад. Дар ин давра миқдори доруҳо камтар карда мешаванд, вале бемор ҳар рӯз доруҳоро истифода мебарад.

16.Давраи дуюми табобат дар ҷойи истиқомат мегузарад. Шахси бемор дар ин давра чӣ корҳоро бояд анҷом диҳад ва чӣ тавр рафтор намояд?

  • бемор бояд дарҳол ба маркази саломатӣ ва ё бунгоҳи тиббии ҷойи зист муроҷиат намуда, варақаи бемориро супорад;
  • қабули доруҳоро мувофиқи нишондод бетанаффус давом диҳад;
  • дар тамоми давраи табобат ба беморхона ва ё бунгоҳи тиббӣ ҳозир шавад;
  • ба хӯрду хӯрок, гигиенаи шахсӣ эътибор диҳад;
  • дар ҳавои тоза бештар сайру гашт намояд, агар ҳаво гарм бошад, дар айвон ва ё дар хонаи тирезааш кушода бихобад, аз нурҳои офтоби саҳар ҳарчи зиёдтар баҳра барад.

17.Наздикони бемор дар ин давра чӣ корҳо бояд кунанд?

  • худро канор нагиранд, беморро ҳаматарафа дастгирӣ ва рӯҳбаланд намоянд;
  • тартиби хӯрдани доруҳо ва то охир табобат гирифтани беморро назорат намоянд;
  • фаҳмонанд, ӯро дилпур созанд, ки пурра шифо меёбад ва кору зиндагиро ба таври муқаррарӣ идома хоҳад дод;
  • ба қоидаҳои санитарию гигиенӣ эътибор диҳанд, аммо ин корҳоро намоишкорона накунанд, то ки ба бемор сахт нарасад, хотираш озурда нагардад, рӯҳафтода нашавад. Бемор дигар барои атрофиён хавфнок нест.
  • барои дар ҳавои тоза, боғот, хонаҳои барҳаво истироҳат кардани бемор шароит муҳайё созанд.

18.Вазифаи кормандони тиб дар ин давра аз чӣ иборат аст?

–Вазифаи муҳимми кормандони тиб дар ин давра таъмини дорувориҳо ва назорати доимии истеъмоли доруҳо аз тарафи бемор мебошад. Одатан ин вазифа ба ӯҳдаи як корманди тиб гузошта мешавад.

19.Дар давраи дуюми табобат бемори сил метавонад ба корҳои ҷисмонӣ машғул шавад?

–Ин пеш аз ҳама ба ҳолати бемор вобаста мебошад. Ба корҳои сабук машғул шудан танҳо ба фоидаи саломатӣ хоҳад буд. Бисёр хуб мешуд, ки чуқур нафас кашиданро машқ намояд. Чунин машқ ба шушҳо қувват мебахшад ва ба пурра шифо ёфтани онҳо мусоидат намояд.

20.Чаро истеъмоли ҳамаи намудҳои доруҳои зидди сил дар давраи табобат барои беморон зуруру ҳатмӣ мебошад?

–Мунтазам, то охир аз рӯйи нишондонди духтур истеъмол намудани доруҳо –роҳи ягонаи комилан шифо ёфатани бемори сил мебошад. Аз ин рӯ ҳатмӣ ва зарур дониста шудааст. Пас аз чанд муддат худро беҳтар ҳис кардани бемор ҳоло маънои онро надорад, ки ӯ пурра шифо ёфтааст. Бактерияҳо пурра нобуд нашудаанд, танҳо ҷараёни хориҷшавии микроб қатъ ёфтааст. Баръакс, агар доруҳо мувофиқи нишондоди духтур истеъмол нашаванд, беморӣ имкон дорад шиддат ёбад, дар ҳолати вайрон намудани реҷаи муолиҷа бошад, хавфи он аст, ки беморӣ табобатнопазир гардад. Агар дар қабули доруҳо танаффус шавад, беморӣ метавонад шакли давомнокро гирад, агар зуд-зуд такрор гардад, муолиҷа бенатиҷа хоҳад монд.

ТАВАҶҶУҲ: ДОРУҲОИ ЗИДДИ БЕМОРИИ СИЛ РОЙГОН МЕБОШАНД!

21.Маълум шуд, ки сироят ёфтан маънии мубтало шудан ба бемории силро надоштааст. Пас киҳо ба сил бештар гирифтор мешаванд?

–Одамоне, ки масуният/иммунитети баданашон сусту заифу нотавон аст, ғизои носолим мехӯранд, камқуввату бемадоранд, дар шароити бади иҷтимоӣ ҳаёт ба сар мебаранд ва рӯҳафтодаю маъюс мебошанд, бештар ба «дом»-и бемории сил гирифтор мегарданд. Илова бар ин, сил ба наздикону атрофиёни шахси гирифтори сили шадид, маҳбусон, заноне, ки фосилаи байни таваллудро риоя намекунанд, нафарони мубталои ВНМО (ВИЧ), майхорагону нашъамандон, муҳоҷирони меҳнатӣ, бекорон, одамони бесарпаноҳ, кӯдакони то 6-сола, ба одамоне, ки бемориҳои музмин/кӯҳна, монанди диабети қанд, захми рӯдаю меъда, саратон доранд ва дар минтақаҳои аз нигоҳи вазъи эпидемологии сил пурхавф кору зиндагӣ мекунанд, таҳдид менамояд.

22.Бактерияҳои сил дар куҷоҳо бештар «манзил» мекунанд?

–Бактерияҳои сил дар хонаҳои зисти беморони сил, манзилҳое, ки ҳавояшон вазнину камҳаракат буда, соатҳо дару тирезаҳоро намекушоянд ва ҳаворо тоза намекунанд, хонаҳое, ки офтоб намедарояд ва пуррутубат мебошанд, «манзил» мекунанд. С.П.Боткин гуфта буд, ки сил қисмати сокинони таҳхонаҳо мебошад. Бактерияҳои сил инчунин дар хобгоҳҳои серодам, нақлиётҳои мусофирбар, ҳабсхонаҳо ва умуман ҷойҳои серодам соатҳо давр мезананд. Табиист, дар чунин ҷойҳо хавфи сироят хеле ва хеле зиёд хоҳад буд.

23.Аз хонаводае, ки бемори сил ошкор шудааст, боз киҳо бояд аз муоинаи тиббӣ гузаранд?

–Ҳамаи кӯдакони то синни 14-сола ва калонсолон, ки дар як хона бо бемор зиндагӣ мекунанд, бояд аз муоинаи тиббӣ гузаранд. Зеро бинобар суст будани иммунитети бадан кӯдакон зуд сироят ёфтанашон мумкин аст. Ҳамчунин шахсоне, ки зуд-зуд сулфа ва атса мезананд, бояд ҳатман балғамро барои ташхис супоранд.

24.Барои чӣ «микобактерия» ва «чӯбачамикроби Кох» мегӯянд, инҳо чӣ маънӣ доранд?

— Маънии «микобактерия» -микробҳои занбӯруғмонанд аст. «Чӯбчамикроби Кох» аз номи донишманди олмонӣ Роберт Кох гирифта шудааст. Ӯ соли 1882 ангезандаи силро кашф намуд ва бо ин бозёфти хеш дар илми силшиносӣ гардиши азиме ба вуҷуд овард. Кох бактерияи тозаи силро ҷудо карда, дар таҷриба нишон дод, ки он шакли чӯбчаро дорад ва дар ҳамаи ҳуҷайраҳо ҷой мегирад. Ӯ бактерияҳои силро дар маҳлулҳои махсус парвариш карда, бо роҳи таҷрибавӣ силро ба вуҷуд овард. Роберт Кох баъд аз марг сазовори ҷоизаи Нобел гашт.

25.Бактерияҳо ба бадан ворид шуда, ба ғайр аз шуш боз ба кадом узвҳо зарар мерасонад?

–Бактерияҳо ба бадан ворид гашта, метавонанд ба узвҳои гуногуни инсон, ба банду устухонҳо, сутунмӯҳра, чашм, узвҳои дарунӣ, ғадудҳо, гурда, пӯст осеб расонад. Шумораи беморони ғайришуш тақрибан аз 25 то 30 дар садро ташкил медиҳанд. Ба ғайр аз сили шадиди шуш дигар намуди силҳо, яъне сили банду буғумҳо, сутунмӯҳра ва ғайра ба атрофиён хатаре надоранд.

26.Оё силҳои ғайришуш аломату нишонаҳои хоси худро доранд?

–Бале, доранд. Аломатҳои бемории сил аз он вобата мебошанд, ки бактерияҳои сил дар куҷо ҷойгиранд ва ба кадом узв осеб расонидаанд. Масалан, агар сил дар сутунмӯҳра инкишоф ёбад, дар бемор ҳисси дарди сахти миён ва дигар шудани шакли сутунмӯҳра мушоҳида мешавад. Аммо ба замми он, аломату нишонаҳои умумӣ низ зоҳир мегарданд:

  • баландшавии ҳарорати бадан;
  • шабона арақ кардан;
  • лоғарӣ ва камиштиҳоӣ;
  • хастагӣ.

27.Микробҳои сил то кадом дараҷа тобоваранд?

–Бояд гуфт, ки микробҳои сил чандин намуд мешаванд, аз онҳо 3 намудашон барои инсон зарароваранд. Ин микробҳо бениҳоят тобоваранд –онҳоро хунукии беш аз 70 дарараҷа нобуд карда наметавонанд, дар мавриди хушконидани балғам онҳо то 3 моҳ зинда мемонанд. Вале дар мавриди ҷӯшонидани об пас аз ним соат нобуд мегарданд, ба нурҳои офтоб низ тобовар нестанд.

Микробҳои сил қобилияти зисти худро дар ҷавҳар (экстракт), ишқор, спирт, ҷойҳои торику серрутубат ва ифлос муддати дароз нигоҳ медоранд.

28.Наход бар зидди бемории сил ягон гуна дорую давое набошад, ки касро аз он ҳифзу ҳимоя намояд?

–Бар зидди бемории сил ваксина/эмгузаронии махсус мавҷуд аст, ки онро БСЖ (зидди касалии сил) меноманд. Онро соли 1919 донишмандони франсуз Калметт ва Герен пас аз 13 соли тадқиқу таҷриба кашф намуданд ва ваксинаи БСЖ номиданд. БСЖ кӯдаконро аз ду намуди бениҳоят вазнини бемории сил –сили пардаҳои сар ва сили пошхӯрдаи шадид ҳифз менамояд. Тифлон бори аввал дар рӯзҳои 3-5-уми таваллуд ба зидди сил эм гузаронида мешаванд. Мушоҳидаи муҳаққиқони соҳа нишон медиҳад, ки кӯдакони эмкардашуда ба бемории сил камтар гирифтор мешаванд, агар мабодо гирифтор шаванд ҳам, ба шаклҳои вазнини касалӣ мубтало намешаванд ва онро сабук мегузаронанд Ба тифли аз модари гирифтори бемории сил ба дунё омада низ эмгузаронӣ (БСЖ) ба амал оварда мешавад, вале то ду ҳафта аз модар ҷудо нигоҳ доштан лозим, модар метавонад бо ниқоб ба тифл шир диҳад. Маҳлули БСЖ-ро то соли 1962 ба даҳони тифли навзод мечаконданд, аз соли 1962 ба қабати пӯсти сари китф гузаронида мешавад.

29.Дар бораи шакли мутобиқгаштаи сил (ШМС) бисёр мегӯянду бисёр менависанд. Мехостем онро ба таври содатар фаҳмонед?

–Дар ҳақиқат, дар даҳсолаҳои охир дар бораи шакли мутобиқгаштаи сил бисёр мегӯянд, адабиётҳо низ фаровонанд. Аммо табиист, ки маънии ин истилоҳ ба мардуми аз тиббу табобат дур чандон мафҳум нест. Маънии ин истилоҳ чист? Мо дар боло аз микобактерияҳои сил ё худ чӯбчамикроби Кох, ки барангезанда, бавуҷудорандаи бемори сил мебошанд, ёдрас шудем. Шакли мутобиқгаштаи сил –шакли махсуси бемории сил аст, ки ана ҳамин барангезандаи сил –микобактерия ба доруҳои асосии зиддисилӣ тобовар мешавад, ба ифодаи дигар минбаъд доруҳо ба ҷараёни беморӣ бетаъсир мегарданд, аз он баъд хӯрдани ин доруҳо ба бемор фоидае намерасонанд.

30.Шояд мутобиқ шудани бадан ба доруҳо ва бетаъсир гаштани онҳо сабабҳо дошта бошад?

–Албатта, бетаъсир шудани доруҳо, одат кардани бадан бесабабу беасос нест. Ин ҷо сабабҳо бисёранд, агар он сабабҳоро омӯзем, мебинем, ки ба аксарияти онҳо маҳз худи шахсони гирифтори сил гунаҳгоранд ва ин ҳам аз амиқан дарк накардани чӣ гуна беморӣ будани сил ва оқибатҳои ногувори он сар мезанад. Чӣ тавр? Кам нестанд бемороне, ки бо эҳсос кардани каме беҳбудӣ гумон мекунанд, ки пурра шифо ёфтаанд, минбаъд ба рафти табобат бепарво мешаванд: доруҳоро дар вақташ намехӯранд, ба таври худ аз истифодаи баъзе доруҳо даст мекашанд, дар табобат танаффус мекунанд, ба як сухан, реҷаи табобатро вайрон ва то ба охир намерасонанд. Ана ҳамин сабабҳо боис мешаванд, ки одам ба шакли мутобиқгаштаи сил гирифтор шавад.

31.Оё аз бемори гирифтори шакли мутобиқгаштаи сил хавфи сироят ёфтан вуҷуд дорад?

–Бале, вуҷуд дорад. Шакли мутобиқгаштаи сил низ бо роҳи ҳавоӣ-чакраӣ сироят меёбад. Аломату нишонаҳои бемории ШМС низ монанд ба сили муқаррарӣ аст, ки онҳоро ёдовар шудем (нигаред ба саволи 4). Бадиаш он аст, ки аз бемори шакли мутобиқгаштаи сил шахси сироятёфта маҳз ба шакли мутобиқгаштаи бемории сил гирифтор мешавад ва лозим меояд, ки муддати дароз табобат гирад.

32.Тарзи табобати бемории ШМС чӣ гуна сурат мегирад?

–Табобати ШМС низ аз ду давра иборат аст –давраи табобати шиддатнок (фаъол) ва давраи табобати ёрирасон. Давраи табобати фаъол дар беморхонаи зиддисилӣ мегузарад, давомнокии табобат аз натиҷаи кишти балғами бемор вобаста мебошад. Маъмулан ин давра на камтар аз 8 моҳ давом меёбад, яъне то ба даст омадани 4 натиҷаи манфии кишти балғам (ҳар як натиҷаи манфии кишти балғам дар давоми 2 моҳ ба даст меояд). Давраи табобати ёрирасон дар ҷойи истиқомат мегузарад, муддати табобот на камтар аз 12 моҳ, агар ҳолати бемор вазнинтар бошад, то 18 моҳ давом мекунад. Танҳо муддати табобат ШМС нисбат ба муддати табобати сили муқаррарӣ тақрибан як баробар зиёдтар аст. Ин муддати кам нест, аз он пеш аз ҳама бемор ранҷу азоб мекашад, баъд наздикону пайвандон. Роҳи ягонаи гирифтор нашудан ба ШМС бе каму кост иҷро кардани нишондоди табибон ва то охир, пурра табобат намудани сили муқаррарӣ мебошад!

33.Маънии «кишти балғам» чист?

–Ҳамон тавр ки дар боло таъкид шуд, санҷиши балғам роҳи осон ва беҳтарини ташхиси бемори сил мебошад. Шарҳи содаи «кишти балғам» он аст, ки дар ҳар 2 моҳ аз бемор барои фаҳмидани натиҷаи табобат санҷиши балғам мегиранд, онро дар шароити озмоишгоҳ бо маводҳои махсус кишт мекунанд ва натиҷа пас аз 6-8 ҳафта тайёр мешавад Пас аз он аз таҳқиқи микроскопӣ мегузаронанд, сохт ва намуди микробҳоро муайян мекунанд. Аз натиҷаи таҳқиқ ҳолати бемор, рафти ҷараёни табоботро муайян менамоянд. «Манфӣ» дар истилоҳи тиб маънии беҳбуд ёфтанро дорад.

34.Ҳангоми табобати ШМС чӣ душвориҳо пеш меоянд, то ки бемор онро донад ва ба табобат тайёр бошад?

–Аз эҳтимол дур нест, ки аз доруҳо ҳиссиёти ногувор ба амал ояд, яъне таъсири манфии доруҳо эҳсос гардад, аз ҷумла:

  • дилбеҳузурӣ;
  • камшавии иштиҳо;
  • вайроншавии фаъолияти рӯдаҳо;
  • халал ёфтани шунавоӣ;
  • дарди буғумҳо;
  • харобии узвҳои асаб, аз ҷумла бехобӣ.

Одатан таъсири манфии доруҳо дар 2-3 ҳафтаи аввал мушоҳида мегардад, баъзан дертар низ эҳсос мешавад. Вазифаи бемор он аст, ки аз пайдо шудани чунин ҳолат дарҳол табибро огоҳ намояд, худсарона аз хӯрдани доруҳо даст накашад. Аз ҳама муҳим босабру таҳаммул бошад ва рӯҳафтода нагардад.

35.Оё ба зани гирифтори бемории сил ҳомила шудан ва таваллуд кардан мумкин аст?

–Фарзанди солим аз модари солим ба дунё меояд. Агар ташхис муайян кунад, ки зан, дар ҳақиқат, мубтало ба сил аст, ба ӯ истифодаи доруҳои пешгирикунандаи ҳомиладорӣ тавсия дода мешавад. Баъди гирифтани муҳлати пурраи табобат, пас аз ташхису тадқиқ ва бовар ҳосил намудан, ки дигар бемории сил ба ӯ хавфу хатар надорад, ҳомила шудан ва таваллуд намудан мумкин аст. Вале боз беҳтар мебуд, ки як муддати муайян аз беморӣ гузарад, бадан баъд аз касалӣ «ба худ ояд», то андозае бошад ҳам, қуввату нерӯ ёбад, зеро сил дарди сабуку зудгузар нест, муддати дароз касро нороҳату ранҷур месозад, ҷисмро лоғару беҳолу бемадор мекунад.

36.Оё ба зани ҳомилаи гирифтори сил истифодаи доруҳои зиддисилӣ мумкин аст?

–Бале мумкин аст, вале бемор бояд ҳамеша зери назорати табиби занон ва силшинос бошад.

37.Оё модари мубталои сили шуш метавонад тифли ширмаки худро дар давоми муолиҷа, ҳангоми қабули доруҳои зиддисилӣ макконад?

–Беҳтар аст, ки модар дар давраи табобати шиддатнок, яъне дар даврае, ки ҷараёни микробхориҷнамоӣ хотима наёфтааст, кӯдакро намаконад. Доруҳои зиддисилӣ ба шири модар таъсири бад надоранд. Аммо, ба ҳар ҳол, тифл бояд ҳатман зери назорати духтур бошад. Ин ҷо донистан бисёр муҳим аст, ки тифл мабодо пеш аз табобат гирифтани модар сироят наёфта бошад. Ин кор танҳо ба хотири тансиҳатии кӯдак мебошад. Зан бояд ба қоидаҳои тозагии шахсӣ риоя кунад, даҳону биниашро бо ниқоб маҳкам намояд.

38.Модари гирифтори сили шуш метавонад тифлону кӯдаконро навозишу меҳрубонӣ намояд?

–Модари гирифтори сили шуш, ки дар ӯ ҷараёни хориҷшавии микроб қатъ нагардидааст, хубтар аст кӯдакони то синни 7-соларо навозишу меҳрубонӣ накунад, аз худ дур нигоҳ дорад, чунки масуният/иммунитети бадани кӯдакон сусту заиф мебошад. Онҳо осон ба сил мубтало шуданашон мумкин аст. Ба кӯдаконе, ки бо бемори сил дар як хона зиндагӣ мекунанд, дар фаслҳои тирамоҳу аввали баҳор доруҳои махсуси пешгирикунандаи сил додан ба фоидаи саломатии онҳо хоҳад буд.

39.Оё ҳангоми бемории сил бо ҳамсар ҳамхоба шудан мумкин аст?

–Бале, мумкин аст. Вале танҳо баъди се-чор ҳафтаи истеъмоли бонизоми доруҳои зиддисилӣ. Барои чӣ? Зеро дар ин муддат ихроҷи микроб қатъ мегардад, хавфи паҳншавии барангезандаи сил аз баён меравад.

40.Чаро муҳоҷирони меҳнатӣ ба бемории сил гирифтор мешаванд?

–Сабаби ба бемории сил гирифтор шудани муҳоҷирони меҳнатӣ ба чанд омил вобаста аст. Пеш аз ҳама таъсири номусоиди шароити корӣ. Маълум аст, ки аксарияти муҳоҷирони меҳнатӣ дар сохтмон кор мекунанд. Сохтмон бе чангу ғубор, наму рутубат, моддаҳои химиявӣ намешавад. Зери таъсири чунин шароит, ки мумкин аст моҳҳо ва солҳо давом ёбад, ҷараёни кори шуш вайрон шуда, қобилияти муҳофизавии он ва умуман тамоми бадан паст мегардад. Дар чунин ҳолатҳо чӯбчамикроби сил ба бадан ворид гардида, дар шуш зуд инкишоф меёбад ва бемории силро ба вуҷуд меорад. Омили дигар ба хӯрду хӯроки муҳоҷирони меҳнатӣ марбут аст. Боз ҳам бинобар набудани шароити мувофиқу муносиб, истеъмоли ғизои носолим иммунитети бадан сусту заиф гашта, барои пайдо шудани бемории сил замина мешавад. Ниҳоят, маърифати тиббӣ надоштани муҳоҷирони меҳнатӣ, ба сиҳатии хеш бепарво будани онҳост.

41.Оё муҳоҷирони меҳнатии гирифтори сил депортатсия карда мешаванд?

–Аввалан, ба шахсоне, ки дар онҳо аломату нишонаҳои сил мушоҳида мешавад, сафар кардан ба кишварҳои хориҷа маслиҳат нест, агар сафар кунанд ҳам, дер ё зуд депортатсия хоҳанд шуд. Мабодо дар муҳоҷиарат ба сил гирифтор шаванд, дар сурати пардохтани харҷи табобат дар ҳамон ҷо табобат карда мешаванд, дар акси ҳол ба ҷойи истиқомати доимӣ фиристода хоҳанд шуд.

42.Беморони сил чӣ гуна ғизо бояд истеъмол кунанд?

–Дар шифоёбии беморони сил дар баробари доруҳо ғизоҳои босифат аҳамияти калон доранд. Таркиби ғизои беморон бояд аз сафеда бой бошад. Сафеда дар таркиби шир, гӯшт, тухм, моҳӣ форовон аст, бинобар ин хӯрадни ин неъматҳо ба тану ҷони бемор бисёр муфид хоҳад буд. Ҳамчунин хӯрадани чарбҳои тезҳалшавандаи дорои витамини А –равғани маска, қаймоқ, саршир ва чарбҳои растанигӣ –(аз 1/3 ҳисса) маслиҳат дониста шудааст. Дар беморони сил ҳангоми авҷи касалӣ хориҷшавии барзиёди намакҳои минералӣ–калий, калсий, фосфор, хлориди натрий ба вуҷуд меояд. Барои барқарор кардани ин намакҳо истеъмоли неъматҳои аз ин моддаҳо бой- шир, панир, ҳар гуна кашаҳо, тухм, анҷир, зардолуқоқ, мавиз, донагиҳо, маҳсулоти гӯштӣ ва моҳӣ судманд мебошанд.

43.Табобати бемории сил то кадом дараҷа аз худи бемор вобаста аст?

–Муваффақият ва натиҷаи табобат, пеш аз ҳама ва беш аз ҳама, аз худи шахси бемор, аз дарки дурусти беморӣ, аз сабру таҳаммул, рӯҳия ва иродаи ӯ вобаста мебошад. Ба замми ин, ӯ бояд донад ва иҷро кунад:

  • фармудаҳои табибро бе каму кост иҷро намояд, дар хӯрдани доруҳои таъиншуда ба ғалат ва танаффус роҳ надиҳад;
  • дар табобат танаффус накунад, табобатро пурра, то охир бигирад; бояд донад, ки бактерияҳои сил танҳо ба туфайли муолиҷаи бетанаффус нобуд ва безарар мегарданд;
  • балғамро фақат дар туфдон туф кунад;

44.Оё омилҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ба зиёд ва ё кам шудани сил таъсир мерасонанд?

–Бале, таъсир мерасонанд. Беморӣ ва фавт аз сил дар айёми ҷангҳо, бӯҳронҳои иқтисодӣ ва офатҳои табиӣ авҷ мегиранд. Масалан, дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ вазъи иқтисодӣ ва сатҳи зиндагӣ поин рафт, мардум моҳҳо, ҳатто солҳо зери асорати фашистон монданд, ҳазорони дигар дар конслагерҳо азобу ранҷ кашиданд. Бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла сил авҷ гирифт ва ҳазорон-ҳазорро ба марг расонид. Ҳамин ҳолат кам бошад ҳам, дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба амал омад. Ниҳодҳои тиббӣ бинобар мухолифатҳо фалаҷ гаштанд, дар ин давра бемории сил ва дигар бемориҳои гузаранда якбора хурӯҷ ва авҷ гирифтанд. Бо саъйю талоши Ҳукумати кишвар ва дастгирии шарикони хориҷӣ дар як муддати кӯтоҳ сатҳи паҳншавии бемориҳои сироятӣ коҳиш дода шуд.

45.Чаро гирифторони ВНМО (ВИЧ) зуд ба бемории сил мубтало мешаванд?

–Сабаб он аст, ки вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) қобилияти муҳофзавии бадани инсонро, ки мухтасаран иммунитет меноманд, сусту заифу нотавон мекунад. Вақте ки иммунитети бадан суст аст, бемории сил зуд сироят меёбад ва бошиддат авҷ мегирад. Бинобар ин шахсони ба ВНМО сироятёфта ба гурӯҳи хавфи баланди гирифторшавӣ ба сил дохил мешаванд. Ин нуктаро ҳам ёдрас менамоем, ки дар чунин шахсон бемории сил метавонад ба таври ғайримаъмулӣ, яъне бе пайдошавии аломату нишонаҳои беморӣ ҷараён ёбад. Аз ҳамин ҷост, ки ба ВНМО сироятёфтагон тавсия шудааст, ки дар як сол 2 маротиба ҳатман аз муоинаи рентгенӣ/флюрографии қафаси сина гузаранд.

46.Барои он ки сироятёфтагони ВНМО камтар ба бемории сил гирифтор шаванд, чӣ гуна амал бояд кунанд?

  • Иммунитети баданро то ҳадди имкон тақвият диҳанд;
  • Бикушанд, ки ба грипп ва дигар бемориҳо, ки иммунитети баданро заиф месозанд, гирифтор нашаванд;
  • Ғизоҳои солим, сервитамин истеъмол намоянд;
  • Барои беҳтар кардани рӯзгори босамар ва дароз кардани умр аз рӯйи таъиноти мутахассисон мунтазам, то охири умр доруҳои зиддиретровирусӣ бихӯранд. Чунин доруҳо ба шахсоне, ки ба табобат эҳтиёҷ доранд ба таври ройгон дода мешаванд.

47.Дар кадом маврид мо гуфта метавонем, ки бемории сил «маҳв» шудааст?

–Агар сироятнокӣ дар байни кӯдакони синни то 14-сола камтар аз 1 фоиз бошад, яъне аз 100 ҳазор кӯдак 1000 нафар сироят ёфта бошад. Инчунин сатҳи беморшавии аҳолӣ камтар аз 20 нафар ба 100 ҳазор аҳолӣ рост ояд. Ин меъёри маҳви сил ҳисобида мешавад.

48.Омор аз чӣ шаҳодат медиҳад? Вазъи сил дар ҷаҳон дар кадом сатҳу поя аст?

–Мувофиқи маълумоти Ташкилоти Умимиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) ҳар сол дар ҷаҳон 8-9 миллион нафар ба бемории сил гирифтор мешавад. Мутобиқи нишондиҳандаҳои солҳои охир шумораи беморони сил дар ҷаҳон ба 30 млн расидааст. Ҳар сол аз ин беморӣ 1,5-2 млн нафар фавт мекунанд. Дар байни бемориҳои сирояткунанда сил чун сабаби фавт дар ҷойи аввал меистад.

  1. Чиро бояд интизор шуд, бемории сил дар солҳои наздик коҳиш меёбад ва ё авҷ мегирад?

–Аз рӯйи пешгӯйии коршиносони ТУТ дар тамоми ҷаҳон авҷ гирифтани бемории сил ба мушоҳида мерасад. Эҳтимол дорад 90 млн. нафар одамон ба бемории сил гирифтор шуда, 30 млн. нафар фавтанд. Ҳолати вазнин алалхусус дар ду қитъаи ҷаҳон –Аврупои Шарқӣ, аз ҷумла дар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷанубу шарқии Осиё дар назар дошта шудааст.

50.Оё муҳити хонавода ба шифоёбии беморони сил мадад мерасонад?

–Бале, мадад мерасонад, бениҳоят. Зикр шуд, ки табобати сил муддати тӯлониро дарбар мегирад, ин барои бемор хастакунанда, дилгиркунанда мебошад, ӯ ба дастгирӣ, ба муҳити гарми хонавода сахт эҳтиёҷ дорад. Бемор давраи дуюми табобат –давраи ёрирасонро зери назорати корманди тиб дар хона мегузаронад. Дар ин давра бисёр муҳим аст, ки аҳли хонавода худро аз бемор канор нагиранд, муҳаббату самимиятро дареғ надоранд, ӯро рӯҳбаланд намоянд, дилпур созанд, ки, албатта, шифо хоҳад ёфт;

51.Наздикон дар пешгирӣ ва табобати бемори сил чӣ саҳм гузошта метавонанд?

  • Метавонанд бемори силро ошкор ва барои муроҷиат кардан ба муассисаи тиббӣ ташвиқ намоянд ва ӯро ҳамроҳӣ кунанд;
  • Дар давраи бистарӣ буданаш аз ҳолаш тез-тез хабар гиранд, ба шифо ёфтанаш рӯҳбаланд намоянд;
  • Ҷараёни табобатро дар давраи ёрирасон назорат кунанд, то ки бемор реҷаи хӯрдани доруҳоро вайрон накунад ва ё танаффус нанамояд;
  • Ҷойи хоб, сару либос, косаву табақи хӯрокхӯрии беморро тозаву озода нигоҳ доранд. Ба хӯрду хӯрокаш аҳамияти калон диҳанд, ғизоҳои босифат тайёр кунанд, бо меваю сабзавот таъмин намоянд;
  • Дар мавриди тағйири ҳолати бемор, зиднишондоди доруҳо дарҳол корманди тибро огоҳ намоянд;
  • Рахти хоб, сару либоси беморро тез-тез офтоб кунанд, офтоб бактерияҳоро нобуд месозад.
  1. Нисбат ба беморони сил аз тарафи наздикону атрофиён чӣ гуна иштибоҳҳо рӯй доданаш мумкин аст?

–Дар баъзе оилаҳо нисбат ба беморони сил нофаҳмиҳо ба мушоҳида мерасад, аз ҷумла:

  • зоҳир накардани ғамхорӣ, бо кароҳат (дилнокашӣ) нигаристан ба бемор;
  • аз аҳли оила ҷудо намудани бемор, ҳатто, дар ҳолате ки ӯ барои атрофиён хавфнок набошад ҳам;
  • пас аз қатъи хориҷшавии микроб ҳам ниқоб пӯшидан ва ба бемор низ ниқоб пӯшондан;
  • ҷудо кардани зарфҳои алоҳида барои бемор.

53.Иштибоҳҳои наздикон нисбат ба беморони сил, ба ифодаи дигар поймол кардани ҳуқуқи онҳо ба чӣ оқибатҳо оварданаш мумкин аст?

  • дар беморон мумкин аст тағйири ҳолати рӯҳӣ ба вуҷуд ояд ва ба ғамбеморӣ/депрессия гирифтор шаванд;
  • хоҳиши табобат намудан коҳиш ёбад;
  • имкон дорад умеду боварӣ ба шифоёбӣ ба яъсу ноумедӣ табдил ёбад;
  • депрессия, яъсу ноумедӣ боиси суст шудани масуният/иммунитети бадан мегардад, ҷисм ба беморӣ муқовимат карда наметавонад.

54.Мушоҳида кардаем, аз хонадоне, ки кадом вақте падар ё модар ба бемории сил гирифтор будаанд, арӯс намегиранд ва намедиҳанд. Оё ин дуруст аст?

–Мутаассифона, чунин ҳолатҳо мушоҳида мегарданд, онро ба забони илм тамғагузорӣ меноманд. Ин амал аз надоштани маърифати тиббӣ, аз надонистани бемории сил ибтидо мегирад. Дар ҳама адабиётҳо хоно ва равшан навишта шудааст, ки дар мавриди пурра табобат намудани сил он дигар ба атрофиён хавфнок нест. Бояд донист ва дар хотир дошт: СИЛ АВЛОДӢ НЕСТ!

55.Кадом фикру андешаҳо дар бораи бемории сил ғалат буданашон мумкин аст?

Агар гумон карда шавад, ки:

  • сил бемории авлодӣ аст;
  • сил табобатнашаванда аст;
  • барои табобати сил маблағи зиёд сарф мешавад;
  • бемории силро бо тибби мардумӣ мулолиҷа намудан мумкин аст;
  • пас аз беҳтар шудани ҳолат хӯрдани доруҳоро қатъ намоӣ ва ё танаффус кунӣ.

56.Паҳншавии бемории силро пешгирӣ кардан мумкин аст ё не?

–Бале, пешгирӣ кардан мумкин аст, аз ҷумла бо роҳҳои зерин:

  • дар мавриди мушоҳида намудани аввалин нишонаҳо дарҳол ба муассисаи тиббӣ муроҷиат кардан;
  • дар давраи хориҷкунии микробҳо ниқоб пӯшидан;
  • ҳангоми сулфидан, атса задан ва гуфтугӯ кардан даҳонро бо рӯймолча ва ё пушти даст пӯшонидан;
  • балғамро дар рӯйи ҳавлӣ, кӯчаҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар байни мардум туф накардан;
  • балғамро дар зарфи махсус туф кардан. Онро на ба рӯйи замин, балки ба ҳоҷатхона партофтан; зарфро ҷӯшонидан, то ки микробҳо нобуд шаванд;
  • мунтазам тоза кардан ҳавои хона, ҳар гоҳе тирезаҳоро кушодан, бо латтаи намнок пок кардани хона;
  • пурра ва то охир табобат гирифтан;
  • пеш гирифтани шеваи солими зиндагӣ;
  • баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббӣ.

57.Бартариҳои сари вақт муроҷиат кардан дар чист?

  • бемории сил дар марҳилаи аввал ва шаклҳои сабук ошкор мегардад;
  • табобат осон ва камхарҷ мешавад;
  • фарзандон ва дигар наздикон аз сироятёбӣ эмин хоҳанд монд;
  • роҳи осон ва камхарҷи пешгирии паҳншавии беморӣ дар байни аҳолӣ мебошад;
  1. Оё силро бо роҳи ҷарроҳӣ табобат кардан мумкин аст?

–Бале, табобат кардан мумкин аст. Ёдрас шудем, ки бар асари бактерияҳои сил дар шуш шикофиҳо пайдо мешаванд, ҳатто то пусидан мерасанд. Ҷарроҳӣ баъд аз табобат ва барҳам хӯрдани фаъолнокии беморӣ мумкин аст. Табиби ҷарроҳ шикофиҳо ва ҷойҳои пусидаи шушро бурида мегирад. Инҷо як хусусияти шушро зикр кардан бамаврид менамояд. Шуши инсон аз ҳиссаҳо, ҳиссаҳо аз қисматҳо иборат мебошанд. Агар як тарафи он бурида шавад, тарафи дигар вазифаашро бе душворӣ иҷро карда метавонад.

59.Тарзи ҳаёти солим ба пешгирии бемории сил мусоидат менамояд?

–Тарзи ҳаёти солим на танҳо аз бемории сил, балки аз аксар беморҳои дигар касро ҳифзу ҳимоя менамояд. Шахсе, ки ба тартибу низоми истеъмоли ғизо ва сифати он аҳамият диҳад; варзишро як ҷузъи зиндагии хеш донад, фаъолу серҳаракат бошад, баданро обутоб диҳад; аз мушкилиҳои зиндагӣ рӯҳафтодаву маъюс нагардад; шаробхӯру майзадаву нашъаманд набошад, аз сигору нос дурӣ ҷӯяд; гигиенаи шахсиро ҷиддан риоя намояд, ба тозагии бадану сару либос, хонаву дар аҳамият диҳад; дар зиндагӣ ҳадафу мақсади муайян дошта бошад; сатҳи дониш, аз ҷумла маърифати тиббии худро такмил диҳад, бе ҳеч шакку шубҳа худро аз бемории сил эмин нигоҳ дошта метавонад.

60.Оё ҳайвонҳо ба сил гирифтор мешаванд?

–Бале, мешаванд. Аз тадқиқотҳои донишмандон бармеояд, ки беш аз 50 хел ҳайвоноти ширхӯр ва 80 хел паррандаҳо ба сил гирифтор шуданашон мумкин аст. Барои одам зиёдтар аз ҳама сили гову буз хавфнок мебошад.

Фармон Ҷӯрақулов

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Архив











 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


 border=
 border=

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 285
  • 616
  • 32,437