943 дархост барои ташхиси ройгон

943 дархост барои ташхиси ройгон
Апрел 01
14:11 2020

Озмоишгоҳи миллии референсӣ аз 1 то 21 марти соли равон ба тамоми шаҳрвандони мамлакат тахшис барои муайян кардани қанд, хун барои уфунат ва се намуд кандидозро ба роҳ монд.

Дар доираи иқдоми мазкур ба Озмоишгоҳи миллии референсӣ 943 дархост аз ҷониби шаҳрвандони мамлакат барои гузаштани ташхисҳои зикргардида ба тариқи ройгон пешниҳод гардид.

Ҳамин тавр, дар асоси 943 дархсот ба шаҳрвандони мамлакат  678 ташхис барои муайян кардани қанд, 560 ташхис барои гепатити В, 180 ташхис барои уфунат ва 10 ташхис барои кандидоз бо тариқи ройгон гузаронида шуд.

“Озмоишгоҳи референсӣ”, ки дорои тамоми дастгоҳҳои муосир ва шароитҳои ташхисӣ мебошад, фаъолияти хубу босамари он  барои ташхиси саривақтӣ ва  табобати дурусту босифат мусоидат хоҳад кард.

Дар озмоишгоҳи мазкур тамоми шароити корӣ фароҳам оварда шуда,  таҷҳизоти муосири он имконият медиҳад, ки ташхисҳои ниҳоят дақиқ бо сифати баланд, ҷавобгӯй ба талаботи байналмилалӣ ва сарфи ками нерӯи инсонӣ ба мизоҷон пешниҳод гардад. Ҳамзамон, вазифаи Озмоишгоҳи миллии референсӣ аз гузаронидани баҳодиҳиҳии сифати тамоми озмоишҳои клиникӣ, биокимиёвӣ, иммунологӣ, бактериологӣ ва вирусологӣ иборат  мебошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2020
ДСЧПҶШЯ
« ஏப்  
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 253
  • 1,134
  • 329,140