Ҷаласаи Шӯрои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашт

Июн 22
08:54 2019

20 июни соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазир Саида Умарзода ҷаласаи  Шӯрои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори Шӯро  Шодихони Ҷамшед,-муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Усмонзода Ф.,-муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Камолиддинзода И.Ҷ.,-муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мусоев Н.Н.,-муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирсайзод Ҳ.С.,-муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлатзода З.,-муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмадуллозода Н.,-муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳматуллозода Ш.,-муовини якуми раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлатзода С.,- муовини раиси  Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бобошоҳзода М.С.,-муовини якуми раиси  Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Назарзода Р.Ш.,-муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Сафарзода С.,-муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аноятшоев А.,-намояндаи Вазорати нақлиёт, Навҷувонов А.Ш.,-муовини вазири корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Холов Х.К.,-намояндаи  Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шокирзода Ш.Ш.,-муовини якуми директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аҳмадов Р.,- намояндаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солеҳзода У.,-намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Султонов И.,-намояндаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Шӯрои мазкур дар ду мавзӯъ:“Риоя намудани талаботи қонунгузории амалкунанда нисбат ба иншооти сохташавандаи маъмурию ҷамъиятӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ” ва “Оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2015, №102 «Дар бораи «Консепсияи рушди ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷаласаро ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки ҳифзи саломатии аҳолии мардуми кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки  сиёсати иҷтимоии имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Оид ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис муовини якуми раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Раҳматуллозода Ш. баромад намуда,  қайд кард, ки асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии таъминоти ҳифзи иҷтимоии маъюбон мувофиқ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон” муайян карда мешавад.

“Банди 2 моддаи 25 қонуни мазкур муқаррар намудааст, ки лоиҳакашӣ ва сохтмони шаҳрҳо, дигар маҳалҳои аҳолинишин, ташкили минтақаҳои истиқоматӣ ва истироҳатӣ, таҳияи лоиҳаҳои нави сохтмон ва азнавсозии биноҳо, иншоот ва маҷмааи онҳо бе мутобиқ гардониданашон барои дастрасӣ ва истифодабарии маъюбон иҷозат дода намешавад. Мутобиқи моддаи 4-и Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз принсипҳои асосии фаъолияти шаҳрсозӣ дар ҷумҳурӣ  ин таъмин намудани шароит барои маъюбон ҷиҳати дастрасии бемонеа ба объектҳои таъиноти иҷтимоӣ ва таъиноти дигар мебошад. Ҳуҷҷатҳои лоиҳавии бино ва иншоотҳои сохтмонӣ, ки дар онҳо масъалаҳои дастрасӣ ба танзим дароварда нашудаанд, аз ҷониби Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ бидуни тасдиқ ба ташкилотҳои лоиҳакаш барои ислоҳи камбудиҳо баргардонида мешавад. Бо мақсади роҳандозӣ намудани тадбирҳои иловагӣ дар ин самт, нақшаи чорабиниҳои муштараки Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон» оиди рушди шароити дастрасии бемамониати маъюбон ва дигар шахсони имконияти маҳдуддошта ба иншооти сохтмонӣ ба тасвиб расонида шудааст”,-қайд намуд ӯ..

Инчунин,  зикр намуд, ки тартиби ба истифода қабул намудани объекти сохтмонашон анҷомёфта, таҷдид, васеъкунӣ, аз нав таҷҳизонидани техникӣ, барқарорсозӣ ва таъмири асосии корҳонаҳо, навбатҳои ҷудогонаи онҳо, маҷмӯаҳои бакордароянда, биноҳо ва иншоот мувофиқ ба тартиби кори комиссияҳои давлатии қабул, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои онҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №429 аз 2 июли соли 2015  тасдиқ шудааст, ба танзим дароварда мешавад.

Оид ба масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, қайд кард, ки  амнияти озуқаворӣ ва ғизо яке аз масъалаҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст. Ғизои солим талаботи зарурӣ барои рушди миллӣ ва беҳбудии аҳолӣ мебошад. Бо назардошти муҳимияти масъала қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи йодноккунии намак” ва «Дар бораи ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон» ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуданд (с.2017). Дар натиҷаи амалисозии ин қонунҳо тайи 8 соли охир нишондиҳандаҳои қадпастӣ, камвазнӣ нисбати синну сол ва камхунӣ дар байни кӯдакон ва занони синну соли қобили таваллуд кам гардида, аз натиҷаи мусбии татбиқи самараноки сиёсати давлат дар соҳаи ҳифзи саломатии модару кӯдак гувоҳӣ медиҳад.

“Ғизои мактабӣ ҳамчун воситаи самаранок барои баланд бардоштани давомот дар мактабҳои ибтидоӣ эътироф шудааст. Баъди ҷанги шаҳрвандӣ сатҳи давомоти мактабҳои ибтидоӣ ҳамагӣ 70 фоизро ташкил медод ва ин нишондиҳанда тадриҷан афзоиш ёфта, айни замон ба сатҳи баланд расид, аз ҷумла ба туфайли барномаи ғизои мактабӣ, ки бо дастгирии Барномаи умумиҷаҳонии озуқа аз соли 1999 амалӣ мегардад. Ғайр аз ин, барномаи ғизои мактабӣ самаранокии худро дар беҳтар гардидани таваҷҷӯҳ ва қобилияти зеҳнии хонандагон исбот намудааст,-афзуд ӯ.

Дар охири ҷаласа бо дарназардошти муҳокимаронӣ ва пешниҳодҳо Шӯрои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дахлдор қабул намуд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 446
  • 1,263
  • 842,195