«Дар ҷавонӣ хидмати модар-падар кун!» — таҳти ин унвон дар Душанбе маҳфили адабӣ доир гардид

«Дар ҷавонӣ хидмати модар-падар кун!» — таҳти ин унвон дар Душанбе маҳфили адабӣ доир гардид
Октябр 01
15:28 2019

Имрӯз бо ташаббуси  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  дар Театри давлатии академӣ – драмавии ба номи А. Лоҳутӣ бахшида ба  Рӯзи байналмилалии куҳансолон  таҳти унвони  «Дар ҷавонӣ  хидмати модар- падар кун!»  маҳфили  фарҳангӣ баргузор гардид.

Маҳфили  мазкурро  муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ифтитоҳ намуда, ба иштирокдорони он  номаи шодбошии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро расонд.

М.Муинӣ  зикр кард, ки  мояи  ифтихор аст, ки Ҳукумати  мамлакат  ва махсусан Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазъи зиндагии пиронсолону барҷомондагон, нафақахӯрон ва дигар қишрҳои ниёзманди ҷомеа таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд. Дар ин робита дар мамлакат даҳҳо фармону қарор ва амру дастурҳои дахлдор  оид ба беҳгардонии шароити зисти ин қишри ҷомеа ба тасвиб расидаанд.

«Ҳамасола дар ҷумҳурӣ ва бахусус пойтахти  мамлакат — шаҳри Душанбе Рӯзи куҳансолон  ва дигар санаҳои ифтихории марбут ба ин табақаи соҳибэҳтироми ҷомеа ба таври васеъ таҷлил мегарданд.    Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе низ нисбат ба ин табақаи ҷомеа эҳтироми хосса зоҳир намуда, дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои онҳо корҳои шоиста анҷом медиҳад. Бо ибтикори роҳбарияти  мақомоти шаҳр  дар пойтахт  Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе ташкил карда шудааст, ки дар он шахсони бесаробону барҷомонда,  ниёзманд таҳти ҳимояти давлат ба нигоҳубин ва хизматрасониҳои алоҳида фаро гирифта шудаанд»,- таъкид намуд муовини Раиси шаҳр.

Дар  ҷамъомад ҳамчунин гуфта шуд, ки дар ин рӯз бо мақсади ҳифз ва пуштибонӣ аз ҳуқуқу озодиҳои шахсони  пиронсол дар шаҳри Душанбе аз ҷониби ташкилоту идораҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ конференсияву вохӯрӣ, ҷамъомаду суҳбатҳои гуногун бахшида ба нақш ва саҳми табақаи номбурда дар пешбурди ҷомеа баргузор  карда  мешаванд.

Дар ҳамоиш   барои фаъолияти пурсамар дар самти кор бо куҳансолон як зумра кормандони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мукофоту  туҳфаҳои хотиравӣ қадр гардиданд.

Сипас  бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти ибратомӯзи ин табақаи ҷомеа намоиши театрӣ  пешниҳод гардид.

Инчунин барномаи фароғатӣ — дастагули мусиқӣ иборат аз созу навои устодони санъат ва эҷодкорони ҷавони шаҳри Душанбе   пешниҳоди   иштирокдорон гардонида шуд.

Дар Чойхонаи машҳури пойтахт — «Роҳат» барои иштирокдорони  ин ҳамоиш дастурхони идона ороста шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2020
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 80
  • 662
  • 461,449